Лирикаи хомӯши занона

Ин ҳама лирикаи хомӯши занона
ором аст то муддате,
то тавонӣ ба ногоҳ дарафтӣ,
биҷаҳию ба замин пахш кунӣ.
Ана, ӯ нохунҳои дарозашро тез мекунад,
лабонашро ранг мемолад ба ранги балвогарона
ва мӯйи ҷингилаашро ҷанговарона мебофад
бо хати абрӯи шикаста.
Ашку фарёдҳо, нолишҳо, шикваҳо, —
дуои тақдири талх;
қофияҳои бечора-овораву лангон
қатор шудаанд дар майдон.

 Баҳори ӯ як умр бо ваъда аст,
Тирамоҳ бо барги пажмурда.
Оҳанг пирӯзона, ғурур видоъӣ
ва қулте рӯҳбаландӣ.
Ин ҳусни баён, ин девонагӣ,
Мағали отифаҳо; вақт шуд!
Оҳ, чи хатарнок аст чунин асабоният
Бо сояи хираи бозӣ.

Эрос-ҳатто ӯ тарсидаву пинҳон шудааст,
ба ҷойи худ нусхаи худро
мефиристад барои додани ҷазо
ба ин инҷиқи майдакор:
қаллоб ва разил.
Мепурсӣ, аз куҷост ин торикии ҷаҳон
дар ту, кӣ гунаҳкор?
Ин ҳама-лирикаи орои зан аст,
ин ҳама ҷаҳаннам.