Тарҷума аз русӣ
1.Михаил Лермонтов
Кӯдаке пурваҷд пас аз дидори аввалин бо баҳр
эҳсосоташро ба модаркалон иброз медорад.
ба он сӯ нигар, мебинӣ ту он киштиро?
(осмони сафедфом обҳои бетаровати халиҷ)
ту метавонӣ ба ман бигӯӣ чаро ӯ тарки соҳили диёр кард
чист, ки ӯро ба бегона соҳилҳо овардааст?
ту танҳо тасаввур кун бекаронии уқёнусро,
намрезаҳои яхин тахтафарши раванда аз зери поро
ман медонам он чи онҳоро ба таҳрик овардааст
бештар аз барорест
на вагарна ӯро ҳаргиз рӯ бар ҷудоӣ намеовард
на паҳнои дури дудолуди ин соҳил
на ин офтоби
дерғуруби шимол
2. Александр Пушкин
Ҷавонӣ меравад, умедҳо мерезанд,
таскин меояд бо ёдҳо аз ишқи аввал.
ман ҳарчи бештару бештар
ба ёд меорам он соатро
соати аввалин наздикии моро
бараҳнагии назаррабои туро
чи қадар тӯлонӣ онҳо пеши чашмони ман буданд
аз моварои ҳастии фақирона
аз канори хастагии фишоровар
аз байни васвасаҳои дигари эҳсосот
вақт мешӯяд хотиротро
тасвирҳо гум мешаванд
оҳанги мутантани овоз аз ёд меравад
рағбатҳо заиф мешаванд
аммо ишқ ҳатто дигар шуда бо ту мемонад
дар умқи рахнаи чинҳо
дар задани дардноки набзи дил дар дили шабҳо
дар хобҳои талх ба ҳасрати лаҳзаҳои пурэъҷоз
3. Федор Тютчев
Сайру гашти баҳорӣ дар яке аз боғҳои император;
бо гузашти солҳо дарди маҳбубаи фавтида ҳарчи сӯзандатар аст.
инак боз шоми бегоҳ аз ин гулгашт мегузарам
офтоб ғуруб кард сардии яхин бо бодҳо бар рӯ мезанад
ту мебинӣ: ҳама мисли он рӯз аст
ки мо бо ҳам будем
ториктару ториктар мешавд ҳаво
фурӯзон мешаванд чароғакҳо аз дур
ту мебинӣ: ин ҷаҳони мову ту буд як вақтҳо
ва мо онро ба таври худ дӯст медоштем
пагоҳ солгарди вафоти туст
рӯзи ғаму ниёишҳо
ту мебинӣ рӯҳҳои ҷабрдидаи мо
боз бо ҳам сайр дар ин боғ доранд
4. Осип Манделштам
Маҳрум аз даромадҳои хонаводагӣ, бидуни таҷрибаи буржуазии
рӯзгузаронӣ, инсони соҳибзеҳн тадриҷан аз ақл бегона мешавад.
ман дигар нерӯе надорам ба ёд орам
чи миқдор ин оҳанг дар ман садо медиҳад
чӣ қадар бознашуданӣ ва тоқатфарсост
шабеҳи чирроси носери хунини пашшахомӯшакҳо
ман садои гӯгирдро мебарорам то бубинам
дар канор шаби гарон нафас мекашад вазнин
онро наметавон ҷунбонд
наметавон тела дод
ва ҳаво дармефитад ва хафа мекунад
мисли матои пашмӣ рӯи маро пӯшонида
оҳ чӣ гуна накҳати ғафси варо пора бояд кард
ки бишнавӣ
шунидани таровиши мӯйрагҳо
дар алафҳои хушкидаи хуни гулранг
дар ин пахмоқи хоболуди
каҳдони фазо
5. Борис Пастернак
Субҳ ҳангоми бозгашт аз назди маъшуқа
шоир бори дигар хурсандона мутаассири шаби гузашта мешавад.
чи бӯрони шадид
бар сари мо расид он шаб
чунин метофт ки тирезаҳо
то ним ба барф андова шудаанд
ту шаъмро афрӯхтӣ дар рӯи миз
ва сутунаки оташини он
ба шифт меандохт
сояҳои аҷибро
мисли идомаи
ангуштҳои дарози ту
шабеҳи ҷунбиши
мӯйҳои парешонат
ту метавонӣ
чунон таъсирбахш бадар орӣ либосатро
ду кӯбиши сабуки кафшҳо
бар фарш
ва инак ту маро мепечонӣ бо худ
ҳамчу барфи тоза
дар ҳолате ки бодғар ҳар чи бештар алвонҷ медиҳад
оташи шамъро дар рӯи миз
6. Аноним*
Навшоире ношинос мекӯшад мавзӯъ ва лаҳни худро биёбад, ва ба
таъсири навиштагони бешумори гузаштаву имрӯзӣ рӯ ба рӯ меояд.
сар ҳанӯз гирифтори алангаҳост чӣ тавонистаам бубинам то ҳол
тобистон дар саҳрои даравнашуда гулҳои табиӣ
шабпаракҳои назарногир
тирамоҳ баргҳои бо шавқ парвозӣ ба ҷониби марг
ҷангале ки тортанакхонаҳоро ба рӯят мезанад
ва ман чӣ иттилое дорам аз зимистони оянда
ба ҷуз ин ки маънои алоҳида надорад
аз умеди ҳеҷ гоҳ гумнашаванда гӯш андохтан ба ҳама
оҳанги баҳории ба мушкил тафриқашаванда
аз бари чӣ чизе гузаштам бемушоҳида
чашмҳои худро афканда ба зери пое, ки гузаштаи худро пахш кардааст
бо кӯшиши маъюсонае, ки бо ҳамин қадамҳо ҳифз кунам
овозеро, ки тайи солҳо нест шудан дорад
7.Суруди балкан
Дар қаҳвахонаи Вилнюс нишаста шоираи булғор Достена
Ангеловаро интизорам ва шеърҳояшро аз рӯи тарҷумаи
таҳтуллафзи омодакардаи худи ӯ тарҷума мекунам.
мисли ин ки
мувофиқати якчанд вожаи
шояд тасодуфӣ
(оре воқеан тасодуфӣ)
ва тиреза парда дорад аз борон
ва аз баргҳои зардгашта
(арғушти онҳо чи аҷаб
шӯрангез аст)
чунинанд одатан
луқмаҳои мусиқӣ
(тасвирҳои савтӣ
оҳангҳуруфҳои ҷисмӣ)
ин садоқатор
акнун (чаро?)
ба пуррагӣ кофист
чун комилан таъмин мекунад
ба оҳанг
таслимшавии бечуну чаро
ва
ту акнун метавонӣ
бовар кунонӣ маро ба ҳар чиз
ин мори печон
ки мехазад
дар симбанди (қарқи) кушоди тиреза —
ман ҳозирам
хоҳише бо ҳирс дошта бошам
зонуҳои сиёҳи ӯро
аммо ту аз ёд бурдӣ ба ман бигӯӣ
чӣ гуна муносибат кунам
бо ин зуҳуроти сард
8. Авторимейк
Ман худам бо ҷаҳди барҳам додани бӯҳрони эҷодӣ
шеърҳои пешини худро аз нав бознавис мекунам.
шояд бори ҳазорум аз ҳамон як пайроҳа гузашта
(офтоб боз ҳам баландтар меистод ҳарчанд аллакай шаб
шуда буд)
банохост ба машомам расид ин бӯи намноки батн
бӯи тани навҷавон
(ҳайратангез пок аст то ҳанӯз барфи обнашудаи зери дарахтон
сардӣ мевазад аз он)
ва ман эҳсос кардам, ки дасту по хӯрдам
аслан ман чӣ мехостам бигӯям?
ва чӣ бояд гуфт дар шеър ба инсоне, ки
гузаштаву ҳозирааш шабеҳи ман аст
сатрҳои дурушту ногуворе: бидуни ҳарфҳои авомонаву
роҳатбахш
(ба забон овардани ҳарфҳо бидуни дарки аҳамияти
даҳшатноки онҳо)
вақте ба тамом торик шуд
ман то рӯдбор омадам
воқеан шояд беҳуда
он ҳанӯз рӯпӯш аз ях дошт
9. Гавриил Державин
Пас аз сактаи дил;
бими марг мӯҳлате дур мешавад.
амвоҷи орому бебозгашти вақт
маро шуста мебарад
ва якҷоя бо ман дар он маҳлул мешаванд
хотироти забони халқи ман худоён ва қаҳрамонони ӯ
чӣ миқдор хоҳад буд боқимондаи он ҳангоми рехтан ба
уқёнуси абадият?
сабтҳои шевашиносони омада
китобҳои фарсудаистода дар китобхонаҳо
маҷмӯаи садоқатораҳои сурудҳои ҷигарсӯз?
* Ношинос.