Мурғобии себфурӯш
— Хонум, Шумо мехоҳед қисса бикунам, ки ҳамаи ин чӣ тавр в акай дар ман оғоз ёфт? Хуб, ки бошад, дастгоҳи сабти овозро фаъол бикунед. Агар ман сигор бикашам, Шумо муқобил нестед? Хуб, ки бошад, гуруснагии тобистон ва баъдан ҳамингунагии тирамоҳи соли навадусеро тасаввур бикунед. Моҳи октябр. Рустои Лопатников, дар яке аз шаҳрҳои наздики Маскав. Дар ҳуҷра, дар назди тирезаи кушодаи рӯ ба боғ марди айнакдор нишаста, канда-канда сигор мекашад. Рӯйи миз аз китоб пур. Ӯ номзади илмҳои филологӣ, устоди донишакади омӯзгорӣ аст. Дар мавриди эҷодиёти Иван Бунин силсиламаърӯза омода месозад. Хеле хиратабъ аст. Бепулӣ ба ҷон расондааст ӯро. Вай дар понздаҳ соли охир имсол бори авал натавонист, ки бо аҳли оилааш ба ҷануб равад ва маҷбур шуд рухсатиашро дар деҳа, дар хонаи хушдоманаш гузаронад. Хушдоманаш одами хуб аст, сарфи назар аз он, ки домодаш ҳеч гуна даромаде намеорад, шуғли ӯро эҳтиром мегузорад ва дар обчакориаш оромона ба кор андармон аст. Ҳамсари номзади илм дар шаҳр кор мекунад. Ӯ ҳам ба пешаи шавҳараш эҳтиром қоил аст, аммо косаи сабраш дар ҳоли лабрез шудан қарор дорад. Филолог аз ин бохабар аст. Онро ҳам медонад, ки бо ҳеч як маърӯза, ҳатто агар олӣ ҳам бошад, наметавон вазъи молиявии оиларо беҳбуд бахшид. Ӯ ба тарафи тиреза мегардад, то пасмондаи сигорашро ба берун ҳаво диҳад ва дар миёни дарахтон ҳамсояи хушдоманаш, марди бузургҷусаи мармузи мисли ҳама милитсионерҳои бознишаста хушҳоли мулаққаб ба Мурғобиро мебинад. «Рафтем, менӯшем» — бо дасташ ишора мекунад ҳамсоя. Дар руҳи зиёии номзади илм нафарат ба ҳама гуна навъи «рафтан ба назди мардум» бо хоҳиши тунди ба ҳамааш туф кардану серӣ нӯшидан мубориза мебарад. Билохира, ӯ аз панҷара берун меояду бо милтисионери шӯх мепайвандад ва онҳо бо ронандаи борбардор (кран) — Степанич, ки ӯ низ дар Лопатников рухсатиашро мегузаронад, дар таги дарахтҳо менишинанд. Дар қитъаи замини Мурғобӣ, зери дарахти олуболу ҷой мегиранд. Нишасти самимӣ сурат гирифт, маълум шуд, ки милитсионер хеле қиссагӯи ҷолиб буда, дар захирааш боз даҳҳо рухдодҳои аҷиб дорад. Степанич бо забонаш чиқ-чиқкунон овоз баровард:
— Бале, туро сабт бояд кард.
Филолог бо ризоият сар ҷунбонд, ки кори хуб мешавад, агар чунин шавад.
Баъди холӣ кардани ду шиша масъалаи идома додани нӯшонӯш кунадаланг гузошта шуд. Номзад дарк кард, ки дар ҳолати нобоб афтодааст. Навбати инъом ба ӯ расид, аммо дар ҷайбаш як пайсаи пучак ҳам надошт. Аз хушдоманаш пурсад? Худро ба дор кашад, беҳтар аст. Сурху сафед шуда, дар мавриди «дафъаи дигар» ба андеша рафт. Борбардор ба сарвақташ расид.
— Чаро бояд интизор шавем-а? Ҳозир себ мефурӯшем ва масъала ҳал.
Зиёӣ аз чунин пешниҳод ба ваҷд омад. Замини ҳавлии хушдоманаш аз себи рехтаи навъи антонӣ пур буд.
— Албатта, мефурӯшем, — изҳор дошт номзад. Степанич барои овардани халтаю сатили махсус, ки поёнаш тӯри фулӯзӣ дошт, давида ба хонааш рафт. Чунин сатил барои зери об мондану шустани себҳо аз ҳар гуна ифлосӣ созгор буд. Баъд аз ним соат мошини тамғаи «Запорожетс»-и Степанич се фурӯшандаи хушҳолу чаҳор халта себи «Антони»-ро ба Маскав мебурд. Масофа ҳамагӣ якуним километрро ташкил медод. Дар бинои собиқи маҷмааи санъатӣ қуттиҳои кабудӣ, турбча, себ, анвои тут, олу, вобаста ба мавсим сарозер болои ҳам чида шуда буданд. Беш аз сӣ зани солрафта ҳамеша саргарми савдо ҳастанд. «Запорожетс» бо ду сентнер себи Антонӣ мисли корпоротсияи «Боинг» ба ҷамъомади авиамоделҳо ба он ҷо ҳозир шуд.
Мурғобӣ бо Степанич дар як лаҳза на танҳо усули савдои ин ҷо, балки сиёсати нархгузориро низ шикастанд. Агар бибизанҳо барои як килло себ дусаду панҷоҳ рубл (соли 93) мепурсиданд, Степаничу милитсионер бошанд, як килло себро бо нархи саду бист ва ҳатто сад рубл мефурӯхтанд. Филологи ногувор ҳушёршуда дар ақибгоҳ, дар назди бағоҷи кушодаи мошин ғамзада меистод. Худро дар ин ҷо бад ҳис мекард, барои ӯ ҳатто ба сифати харидор будан ҳам нохушоянд буд, аммо ҳоло... ва фирор кардан ҳам мумкин набуд. Он гоҳ, ки пирзанҳои рақиб ба ғур-ғур кардан оғоз намуданд, худро хеле ноҳинҷор ҳис кард. Бештари ҳарфи маломати онҳо ба ронандаи борбардор рабт дошт, аммо номзад баъзеи онҳоро ба хеш кашид. Сетепанич ва Мурғобӣ бошанд, харидори навбатиро гусел намуда, танҳо қоҳқоҳзанон механдиданд. Халтаҳо пайи ҳам холӣ мешуданд. Соати озодӣ фаро мерасид. Вақте ки боз бист киллограми охир боқӣ монда буд, аз як гӯшаи бино ду ҷавони сардаму бадқаҳр, ки мӯйи сарашон қайчихӯрда буду либоси якхела ба бар доштанд, ҳозир шуданд. Дили номзад ба пораи ях табдил ёфт. Бо мушкилии зиёд тасмим гирифт фирор намояд ва ҳамзамон ҳасрат хӯрд, ки ба чунин қарор омад. Ҷавонҳо бидуни иштибоҳ, рост ба назди мошини «Запорожетс» омаданд. Таваққуф намуданд, сақич хоида, ба чапу рост, ба Степаничу Мурғобӣ бад-бад нигаристанд. Собиқ милитсионер дар ду даст сатили тагаш тӯрдошта ором меистод. Борбардор асабонӣ менамуд.
— Аз ҳар кадомат сад дуллорӣ,— гуфт яке аз ҷавонҳо.
— Барои чӣ? — бепарво пурсид Мурғобӣ.
Маълум гардид, ки ҷавонҳо «барои ҷой» ҳақ талаб мекунанд. Милитсионер ҳатто ба фаҳмаш намерафт, ки чаро бояд маблағ пардохт намояд. «Себҳо аз мананд, ҷой бошад, умумист». Кампирҳо бо шавқ саҳнаи драмавиро тамошо мекарданд. Ҷавони дуюм дасташро аз ҷайбаш берун овард ва садое баланд шуду дар зери шуои офтоб теғи корд ҷило дод. Онро ба тарафи шиками Степанич равон кард. Ӯ «ҳозир-ҳозир» гӯён ба қафо рафту ба халтаи нимхолӣ бархӯрда, ба пушт афтоду пойҳояш ба пеш ҳаво хӯрданд. Дақиқан пошнаи ботинкаи вазнинаш ба устухони пойи ҷавони кордбадаст расид. Ӯ бо овози хиррӣ ҳақорат дода, дардолуд зонуяшро молиш дод.
Милитсионери собиқ ингор ба қароре омад, ки ин оғози амалиёти низомӣ алайҳи ғоратгарон аст ва ташаббус нишон дод. Ба сари ҷавони якум бо сатил зарбаи ҷонкоҳ фуровард. Дақиқтараш бо таги сатил. Таги сатил дарида, ба сари авбош ворид шуд ва пӯсти рӯйи ӯро даронд. Авбош дардолуд садо бароварда, рӯ ба фирор овард, аммо чун пеши худро намедид, ба симчӯб бархӯрда афтод ва аз нав боло шуду рамида, худро ба канор зад. Дақиқан манзараи филмҳои Голивуд эҷод шуд. Ношуди пояш маҷрӯҳшуда дардашро аз ёд бароварда, ҳолати рафиқи бадбахташро назора мекард. Мурғобӣ, ки дар ҷараёни кор буд, зуд аз замин по бардошту ба тарафи ӯ, ки сарипо менишаст, рафту тамоми қувваашро барои тоб додани дасти корддори ӯ равона кард. Чизе ғарч-ғарч овоз баровард. Авбошҳо, ҳар кадоме ба таври худ, фиғон бардошта, аз бозор ба ҳар тараф гурехтанд. Номзад бегоҳи ҳамон рӯз аз бало ҳазар гӯён китобҳои худро ба ҷузвдонаш гузошту роҳи шаҳрро пеш гирифт. Чанде нагузашта хушдомани азизаш бемор шуд ва ӯро чанд муддат дар бемористон хобондан лозим омад. Ҳамаи алоқа бо лопатниковиҳо аз миён рафт. Ҳамзамон вазъи молиявии оилаи филолог боз ҳам бадтар гардид. Ду халта картошкаи аз деҳа овардашуда то расидани моҳи декабр тамом шуданд ва рӯзе фаро расид, ки филолог маҷбур шуд барои дарёфти ризқу рӯзӣ аз нав ба Лопатников равад. Ҳамон рӯз ӯ тасмим гирифт, ки навиштани тақриз роҷеъ ба як рисоларо ба охир расонад, аммо ҳамсараш дар ин маврид ҳарфе шунидан нахост ва бори аввал барои ӯ дар мавриди бепулӣ саҳнаи хотирмон ба намоиш гузошт. Олим дар метрову автобус аз ранҷишу ғазаб ба худ меларзид. Дар истгоҳи охир берун омада, ба роҳи мошингард баромад ва барфи тираи роҳи мошинградро зери по намуда буд, ки ҳамон лаҳза «мерседес»-и ногаҳон пайдошуда ба ӯ бархӯрд. «Мерседес» буданашро лаҳзае дарк кард, ки ба пушт мехобид ва ба қираи чашм ба пеши болопӯши муҳаррики он менигарист. Кушода шудани дарҳои мошинро шунида, филолог худро канор гирифтанӣ шуд ва Худоро зора мекард, ки дар мошин изе боқӣ намонда бошад.
— Оҳо, илм! — болои сари худ овози хушҳолона ва дар айни замон шиносро шунид. Ӯ соҳиби овозро дарҳол нашинохт. Ҳатто баъди он, ки ӯро аз ҷой баланд карда, либосҳояшро такидаву тоза намуданд, ба фаҳмаш нарафт, ки ин марди ба тан палтои сиёҳи дароз пӯшидаву ба гардан шарфи сафед овезоннамуда кист.
— Нашинохтӣ?
Ҳамин лаҳза номзад вайро шинохт. Ӯ собиқ милитсионер, бо лақаби Мурғобӣ буд.
— Ба ту чӣ шуд? — палто, гарданбанди сафед ва «Мерседес»-ро дар назар дошта, пурсид филолог.
— Осеб-ку надидӣ? Рафтем, қисса мекунам, — Мурғобӣ ба ронандаи горилламонандаш рӯй оварда, фармон дод:
— «Ба Аврора!».
— «Аврора», яъне куҷо?
— Ин клуби шабонаи ман аст. Дигар савол надеҳ, ба зудӣ ҳамаашро хоҳӣ донист.
«Мерседес» зуд онҳоро ба ҷойи даркорӣ расонд.
— Либосҳои болоятро барор. Ҳоло ин ҷо холист. Саҳари рӯз аст.
Либосдор хамёзакашон, аммо бо илтифоту каме таъзимкунон ҷули филологро аз дасташ гирифт.
— Ана, ҳо дар он ҷо ду мизи хуби саққобозӣ дорам, — ба тарафи чапи либосовез ишора карда, гуфт Мурғобӣ. — Аммо дар онҳо маъмулан дар поёни шаб хоб мераванд. Ана он ҷо дстгоҳҳои бозӣ қарор доранд. Дар толори дигар қиморбозӣ мекунанд.
— Рулетка доред? — аз чӣ бошад, ки пурсид меҳмон.
— Албатта, аммо барои онро чарх додан то расидани шом интизор бояд шуд. Ҳама корбарон дар хобанд. Мо ба ин тараф меравем. Он ҷо ман макони монанд ба тарабхона дорам.
Хомӯшӣ, дар панҷараҳо пардаҳои бунафшаранг, шамъдонҳо. Мурғобӣ бо салобати хос ба тарафи мизи дароз мерафт ва роҳравон ба пешхидмати ногаҳон пайдошуда мефаҳмонд, ки тасмим дорад «дӯсти қадимиаш»-ро зиёфат диҳад.
— Илм, бишин!
Аз куҷое дарҳол таоми иштиҳоовар бо хӯришҳои намудашон гаронарзиш дар рӯйи миз пайдо шуданд. Қадаҳи меҳмон худ аз худ бо нӯшобаи басо хушбӯй пур шуд.
— Курвуазе — коняки фаронсавӣ, биё чак мезанем.
— Биё, биё... хуб, қисса бикун.
— Ҳозир, ҳозир. Шуд, рав акнун аз ин ҷо!— ин ҳарф ба пешхидмате рабт дошт, ки гирди миз парвона буд.
Филолог бо як нафас қадаҳи худро холӣ кард, то ҳаяҷонашро аз миён барад. Пораи моҳии сафедро ба даҳон партофта, ба шунидан омода шуд.
— Ба савдогарӣ даст заданамон дар ёдат ҳаст. Ду рӯз фароғат кардем, пул тамом шуд ва ман тасмим гирифтам, ки таҷрибаро аз нав ба роҳ монам. Степанич аз ибтидо нахост. Маълум гардид, ки то ин ҳодиса ӯ ба он ду сагбача пул медодааст ва акнун дар тарсу ҳарос қарор дошт. Ҳеч гап не, гуфтам ба ӯ, ин дафъа ҷанг намекунем, пул медиҳем. Савдоро шурӯъ кардем ва ҳамин лаҳза пиразане ба ман наздик шуда, бастаи пул дароз кард. Ин чист мепурсам аз ӯ. Маълум гардид, ки баъди он ки мо адаби авбошҳоро додем, онҳо дигар дар бозор пайдо нашудаанд. Пиразанҳо бо нишони сипосгузорӣ ва бештар аз ин бо аломати эътироф кардани мақоми мо ба қароре омадаанд, ки дастамонро сафед кунанд. Одами мо ҳамин хел таълим гирифтааст, ки ба ҳар сурат бояд касеро розӣ бикунад. Ҳарчанд ман милитисонерам, аммо одами фурӯмоя нестам. Кампирҳоро бо пулҳояшон рондам. Халтаҳои себи худро фурӯхтем ва боз се дафъаи дигар низ ин корро анҷом додем. Пиразанҳо дигар ба мо кордор нашуданд. Баъдан рӯшан шуд, ки Степанич пинҳонӣ аз ман аз онҳо ҳақ мегирифтааст. Разил! Бо чунин афрод дӯстӣ намекунам. Занҳо дар тамоми ҷо гуфтаанд, ки ман ноҳияро дар зери назорати худ нигоҳ медорам.
Боз пешхидмат пайдо шуд, хокистардонро иваз намуд, даст ба шиша бурд, то ба хӯҷаину меҳмон хидмат бикунад.
Мурғобӣ ба тундӣ ба ӯ гуфт:
— Рав, ман худам!
Яку якбора саду панҷоҳграммӣ рехт. Нӯшиданд.
— Савдои себ гарм буд. Ман бепарвоӣ кардам. Беҳуда. Як рӯз бинам, ки дар назди бозорчаи мо мошини қиматбаҳои рангаш сиёҳ омада истод. Се нафар аз он берун омаданд. Ба худ андешидам, ки бо корбурд аз сатил наметавон халос хӯрд. Анҷоми нохушоянди корро пешбинӣ карда, омода шудам. Маълум буд, ки амаки гапаш гап ташриф овардааст. Бо ду барзаговаш. Ӯ ба ман гуфт, ки канор меравем, ва ман итоат кардам, ба худ менадешидам, ки ин рафтан ба роҳи охират набошад. Таги чашмони ин амаки миёнақад халта зада буданд ва нутқаш маънӣ дошт. Мо ду маротиба ба дарозои ҷода рафтему омадем ва ба ман фаҳмонд, ки амалкарди ман нодуруст аст. Гӯё ӯ ба ин бозорча туф кардааст, вале гап сари принсип мераваду дар ин ноҳия ҳатто аз куҷои кӯча гузаштани мурғро ӯ ҳал мекунад, на ким кадом як Мурғобии себфурӯш.
— Ту чӣ кор кардӣ?
— Чӣ кор мекардам? Аз тарсу ҳарос забонам дар даҳонам хушк шуд. Ман дарҳол дарк кардам, ки бо ин амак набояд шӯхӣ кард. Як чашмакӣ занад, фанои милитсионер, гузашта аз ин, милитсионери бознишаста, фаро мерасад. Дар охир аз ман пурсид, ки матлабро фаҳмидам? Дар ҳамин лаҳза бар асари ноҷӯрии асаб дар чеҳраи ман осори табассум ҳувайдо гардид. Фикр мекунам ҳафтафаҳм ва берӯй ҳам буд. Инро ман аз тарҳи рӯйи вай фаҳмидам, зеро ранги рӯяш парида, бадҳайбат гардид. Хайр, майлат, гуфт ба ман ва бо ангушташ ба биниам ишора карда, илова намуд, ки ту худат инро хостӣ.
— Яъне таҳдид кард?
— Маҳз ҳамин хел. Аз ҳама муҳимаш ин, ки рафти ин моҷаро ҳам барои занҳо ва ҳам барои буқаҳои ӯ шунавову диданӣ буд.
— Баъд чӣ шуд, баъд?
— Ниммурдаю нимзинда ба хона баргаштам ва ҳамон рӯз мавлуд доштам. Ҳар ду бародарам омаданд. Виталий дар бозори Палашевский қассоб аст. Боряҷон бошад, дар гумрук кор мекунад. Ӯ ҳатто барои бо худ гардондани туфанг ҳақ дорад. Мо нӯшидем, шикамсерӣ, охир, пул буд. Ман ҷасорат пайдо кардам ва силоҳамро гирифта, бародаронамро ба ҷарӣ, барои шишаҳоро ба нишон гирифтан бурдам. Тарсу ҳарос паси сар шуд. Анедишидам, ки ман ҳамин хел саҳл гардан намефурорам. Биёед, мебинем кӣ киро мағлуб мекунад!
— Пагоҳи рӯзи дигар омаданд?
— Он буққаву буққачаҳояш?
— Не, аз шуъбаи милитсияи ноҳиявӣ омаданд. Ҳар сеи моро даст баста, ба милитсияи шаҳр бурданд ва паси панҷара шинонданд. Чӣ гап бошад, меандешам! Шаҳодатномаи шикорчӣ дорам, барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ чунин муомила намекунанд. Ду шабонарӯз моро нигоҳ доштанд, навбати навбатдории сержанте расид, ки бо ҳам хизмат карда будем. Ба ман фаҳмонд, ки дар рӯзи мавлуди ман он роҳзани бадҳайбатро бо ёронаш дар мошинаш таркондаанд. Маҳз ҳамон вақте, ки ману бародаронам дар ҷарӣ дилхушӣ доштем. Ду ҷондораш дар ҳамон ҷо ҷон ба Ҳақ супурдаанд ва сеюмаш қабл аз фавт фурсат ёфта гуфтааст, ки сардораш бо ман, Мурғобӣ, барои бозор хархаша бардошта буд.
— Охир, тасодуф рух дода, ки ҳарду ҳолат ба як вақт мувофиқ афтодааст!
— Аммо касе ба ин бовар намекунад! — бо нимовози даҳшатолуд гуфт Мурғобӣ. — Кӯтоҳи гап маро озод карданд, ҳатто бо каме иззату эҳтиром. Муносибати атрофиён нисбат ба ман дигар шуд. Одамоне, ки қаблан гӯё ҳатто маро намедиданд, салом медодагӣ шуданд. Дар маҷмуъ ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки мардум қатъан ба ин хулоса омадаанд, ки ғоратгарро ман таркондаам.
— Ту саъй накардӣ, ки бифаҳмонӣ...
— Ба кӣ? Ва чӣ тавр? Ба бародаронам гап кушоям, механданд. Бадгумонӣ гӯё. Ба қароре омадам, ки як муддат тарки макон кунам. Барои рафтан ба назди холаам, ба шаҳри Твер омодагӣ мегирифтам. Ҳамин вақт ба наздам ҷавоне омад ва гуфт одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд бо ту чанд ҳарф радду бадал бикунанд. Хайр, фикр кардам...
Саня пешонаашро молиш дода, сигор даргиронд, ба ин тарафу он тараф синчакунон нигарист, ки касе дар наздикиҳо набошад...
— Барои суҳбат ба назди онҳо рафтам. Суҳбати мо сари ана ҳамин миз, ки нишастаем, сурат гирифт. Маро се нафар пешвоз гирифтанд, ту онҳоро намешиносӣ ва нахоҳӣ шинохт. Дурудароз гапро ин тарафу он тараф ғоз доданд, тавре пай бурдам, маро меомӯхтанд. Ман бештар хомӯширо ихтиёр кардам. Бале, инкор мекардам. Гӯё ки ман даъвои чизе надорам, аз олами ҷиноятии онҳо ба ман ҳеч чиз лозим нест, худ ба худ, дар ҳалқаи оилаам зиндагиамро пеш мебарам. Фикр кардам, ки тавре лозим буд, ҳамаро ба онҳо фаҳмондам ва беташвиш ба хонаам меравам, рӯзгори бознишастагиамро идома медиҳам. Аммо онҳо аз ҳарфи ман чунин бардошт намуданд, ки гӯё ман ба доштани гурӯҳи худ ишора мекунам. Мегӯянд набояд моро таҳдид кард. Ман омода ҳастам худро ба пеши пояшон партоям, таҳдид намекунам, баръакс худам дар тарс ҳастам, ҷавобам диҳед. Онҳо канор рафтанд, машварат оростанд, мегӯянд хуб, агар ба корҳои мо дахолат намекунӣ, ин клубро ба ту медиҳем, аз ду сар ту онро аллакай соҳиб шудаӣ. Ана, аз ҳамон вақт...
Пешхидмат боз пайдо шуд ва бо арзи эҳтиром хост дами гарм биёрад.
Бармало зоҳир буд, ки Мурғобӣ бо мушкилӣ ғазабашро фурӯ мебарад:
— Ба ҷойи дами гарм ҷунуни мастӣ биёр! Рав аз ин ҷо!
— Барои чӣ ин қадар хизматрасонҳоро дӯст намедорӣ?
— На танҳо онҳоро, ронандагону кормандони ҳаммому фоҳишаҳою маркерҳоро низ. Ҳамаи онҳоеро, ки метавонанд суҳбати дигаронро гӯш бикунанд, чашми дидан надорам. Тасаввур мекунӣ, агар касе пай барад, ки ман дар асл кӣ ҳастам, чӣ ҳоҳад шуд?
— Ана гап дар куҷо.
— Гап ҳам дар ҳамин «ана гап дар куҷост!». Ман барои чӣ бо дидани ту ин қадар шод шудам, бо ту суҳбат кардан имконпазир аст. Занам маро бо каси дигар диду ҷудо шудем. Барои ӯ ва духтарам хонаву мошин харидам, акнун худам танҳоям. Степанич ҳам, аз чи бошад, ки маро воқеан ҳам дар олами ҷиноятӣ мақомдор меҳисобад.
— Аҷиб, — боз луқма партофт филолог пораи авокадоро хоида.
— Ту гоҳ-гоҳ ба назди ман биё, мисли бачаҳо шояд дами беғам мезанем. Натарс, ман ба ҷайбат пул намениҳам, мефаҳмам, ту чунин одам нестӣ, аммо зиёфат дода метавонам. Аз зиндагӣ ҳадс мезанем...
Номзад ба хонааш бе картошка, масту аласт, аммо бо дастагул баргашт ва ба ин васила аз хушунату хархаша раҳо ёфт. Дар мавриди мулоқоти худ бо мафиози себфурӯш ҳарф зад ва худро ба кати хоб ҳаво дод. Шаб ҳамсари филолог бедор шуда, дид, ки шавҳараш дар канораш нест. Давида ба ошхона рафт ва дарёфт, ки ӯ сари миз нишаста, аз зарфи шишагӣ помидори намакин мехӯрад. Андешаманд буданаш баръало зоҳир буд.
— Ба ту чӣ шуд? — тарсида пурсид завҷаи Буниншинос.
— Ман ба қароре омадам, ки дар зиндагии худ баъзе чизҳоро тағйир бидиҳам, — посух дод шавҳар.
Зан оби дида шашқатор рехту гуфт:
— Нарав, ҷонам, бо яғмогарон ҳамроҳ нашав. Ҳаволаи пул ба Худо, коре карда, рӯз мегузаронем...
— Фаҳмидам, — гуфт мухбирбону, дастгоҳи сабтро хомӯш карда, илова намуд: — Номзад Бунинро тарк гуфт ва ба навиштани насри моҷароӣ пардохт, то оилаашро таъмин намояд.
— Ҳақиқтан ҳам, тахминан бо гузашти як-якуним соли ҳаводисе, ки ман бозгӯ кардам, дар яке аз интишороти тиҷоратӣ романи моҷароӣ таҳти унвони «Мурғобӣ бо себҳо» ба нашр расид. Аммо муаллифи он на номзад, балки... собиқ милтисионер буд.
— Наход? Шумо маро масхара кардед? Шумо чунон нақл кардед, ки фикр кардам қаҳрамони асосӣ филолог аст.
— Медонед, даҳҳо асарҳои моҷароӣ навиштам ва акнун хотимаҳои ғайриинтизор худ аз худ пайдо мешаванд. Пажуҳишгари Бунин, воқеан ҳам, дар зиндагиаш баъзе чизҳоро тағйир дод. Мунаққид шуд. Акнун дар мавриди осори ман мақола менависад. Ман ба ӯ маблағи хуб медиҳам.
Рӯзноманигор ҳм-ҳмкунон дастгоҳи сабти овозашро ба ҷузвдонаш ниҳод:
— Фаҳмо. Танҳо як чиз нофаҳмост: чаро ба адабиёт рӯй овардед, ҳол он ки соҳиби казино будед? Ҳеч роман чунин даромад намеорад.
— Дуруст. Гап дар сари он аст, ки дере нагузашта казиноро аз дасти ман гирифтанд. Ба гумонам ба ҳар ҳол касе сафсатахонии маро шунидааст. Шукр, ки накуштанд. Тасодуф маро аз ифлосӣ ба боло баровард ва баъдан боз ба ифлосӣ фурӯ нишонд. Чӣ тавр баъди ин нависанда намешавӣ?
Рӯзноманигор аз ҷой баланд шуд:
— Рӯйдоди басо ҷолиб. Ягона чизе, ки дар он барои ман писанд нест, ин унвони романи Шумост. Боназокаттар мебуд, агар номашро «Себҳои антонӣ» мегузоштед.



