Духтарбазм
Катя ифтихор дорад бо он, ки
шавҳари ӯ ояндадор аст
ва имкониятҳо дорад;
Лена ифтихор дорад бо он, ки
тани танҳо кӯдакеро калон мекунад,
бидуни подош аз дунё;
Света ифтихор аз он дорад, ки
соҳиби касб аст
ва вазифаи баландмаош;
Таня ифтихор дорад бо он, ки ӯ
соҳиби хонаи шахсист, ки
бо завқ ороста шудааст.
Шавҳари ояндадори Катя бо хонуми дигаре рафт,
Солҳо мераванд ва касе нест, ки баҳо диҳад
рӯҳи мардонаи Ленаро,
ки пухта шуда дар ин санҷишҳо.
Света, бо хулқи носозгор аз кор рафт —
рӯзи дароз бо яктаҳи тан қадам мезанад.
Дар хонаи Таня ҳам маъюсиву танҳоӣ ҳукмрон аст.
Ҳар сол, ҳаштуми март,
онҳо духтарбазм ташкил мекунанд,
Катя торт ва шириннон меорад,
Лена — панир бо сервелат,
Таня мусиқии муосир мегузорад
ва мизро бо мурғи бирёну газак оро медиҳад.
— Ана дар Юнони Қадим, —
оғоз мекунад яке, — ҷазирае буд,
дар он танҳо занҳои амазонка мезистанд,
онҳо мардҳоро ба олами худ роҳ намедоданд
ва онҳоеро, ки тӯфон тасодуфан овардааст,
фавран мекуштанд!
Ин қисса суҳбатро зиндатар карда,
табъҳоро мебардошт;
аз хусуси хиради юнонӣ суҳбат рафт,
консерти устодони эстрадаро шуниданд
ва ҳатто худ бирақсиданд
ва насли навро муҳокима карданд,
ва лабҳои идона сурхимолидаи худро
бо шириннон ва бутербродҳо тоза карданд.
Хайр, то дидор, Катя, —
Чи дилрабоӣ дар партави хираи чароғи хонагӣ!
Хайр, то дидор, Лена, —
Ту бояд ба троллейбус бирасӣ,
баъд он сӯ бо қадамҳои реза бо эҳтиёт аз тиҳигоҳ бигзарӣ!
То боздид, Света, —
Туро роҳ аввал ба рост, баъд ба чап
ва сипас аз байни боғи сиёҳи сард!
Хайр, Таня, —
Ту бояд тақсимчаҳои потаолудро бишӯйӣ!
шавҳари ӯ ояндадор аст
ва имкониятҳо дорад;
Лена ифтихор дорад бо он, ки
тани танҳо кӯдакеро калон мекунад,
бидуни подош аз дунё;
Света ифтихор аз он дорад, ки
соҳиби касб аст
ва вазифаи баландмаош;
Таня ифтихор дорад бо он, ки ӯ
соҳиби хонаи шахсист, ки
бо завқ ороста шудааст.
Шавҳари ояндадори Катя бо хонуми дигаре рафт,
Солҳо мераванд ва касе нест, ки баҳо диҳад
рӯҳи мардонаи Ленаро,
ки пухта шуда дар ин санҷишҳо.
Света, бо хулқи носозгор аз кор рафт —
рӯзи дароз бо яктаҳи тан қадам мезанад.
Дар хонаи Таня ҳам маъюсиву танҳоӣ ҳукмрон аст.
Ҳар сол, ҳаштуми март,
онҳо духтарбазм ташкил мекунанд,
Катя торт ва шириннон меорад,
Лена — панир бо сервелат,
Таня мусиқии муосир мегузорад
ва мизро бо мурғи бирёну газак оро медиҳад.
— Ана дар Юнони Қадим, —
оғоз мекунад яке, — ҷазирае буд,
дар он танҳо занҳои амазонка мезистанд,
онҳо мардҳоро ба олами худ роҳ намедоданд
ва онҳоеро, ки тӯфон тасодуфан овардааст,
фавран мекуштанд!
Ин қисса суҳбатро зиндатар карда,
табъҳоро мебардошт;
аз хусуси хиради юнонӣ суҳбат рафт,
консерти устодони эстрадаро шуниданд
ва ҳатто худ бирақсиданд
ва насли навро муҳокима карданд,
ва лабҳои идона сурхимолидаи худро
бо шириннон ва бутербродҳо тоза карданд.
Хайр, то дидор, Катя, —
Чи дилрабоӣ дар партави хираи чароғи хонагӣ!
Хайр, то дидор, Лена, —
Ту бояд ба троллейбус бирасӣ,
баъд он сӯ бо қадамҳои реза бо эҳтиёт аз тиҳигоҳ бигзарӣ!
То боздид, Света, —
Туро роҳ аввал ба рост, баъд ба чап
ва сипас аз байни боғи сиёҳи сард!
Хайр, Таня, —
Ту бояд тақсимчаҳои потаолудро бишӯйӣ!




