Гӯямаш раҳоям кун, хастаам, басе хаста...
* * *
Гӯямаш раҳоям кун, хастаам, басе хаста,
Нест тоқатам дигар, хастаам, раҳоям кун.
Ӯ вале намемонад дур аз ӯ равам як дам,
Гӯядам ба истеҳзо: ҷони худ фидоям кун!
То ба ҳол ин ҷойӣ? Гӯяду занад ханда,
Шин ту дар ҳавопаймо, марҳамат бипар ҳоло.
Ин бигӯяду хандад, боз хандаду гӯяд,
Сӯи осмон ангушт ҳар замон кунад боло.
Ман бигӯямаш: оре, гӯиё паридам, мон,
Бар чаман туфандозон, мепарам, бале, гӯям.
Хаста гаштаму монда, раҳм кун, раҳоям кун,
Ӯ маро бибардорад, бар ҳаво кунад рӯям.
Боз ман занам фарёд: сар бидеҳ маро ношуд!
Хаста гаштам, эй одам, ту магар намефаҳмӣ?
Лек вай намефаҳмад, медиҳад ҳаво манро
Сӯи буттаи анбӯҳ чун рақиби бераҳме.
Ман зи хастагӣ аммо дасту по занам ҳар сӯй,
Рӯи худ харошидам, буттаро қапидам сахт.
Бори дигар ар хоҳӣ, гӯяд ӯ, бибардорам
Бар ҳаво туро он сон, ки парӣ чу мурғи бахт!
Ман валек ин дафъа гӯямаш: биё, бардор!
Бори охирин бошад лек ин ҳама бозӣ.
Вай вале ба ман гӯяд: чӣ, шудӣ ту девона?
Нав шудӣ сӯи гардун бар сарам ту парвозӣ.
Лек ман кунам исрор, гӯям: инакам бардор,
«Не!», вале бигӯяд ӯ, «хаста ман шудам» гӯяд,
Ман зи нав вале гӯям: як каме, зи ту хоҳиш!
Ӯ валек сар печад, «дилбазан шудам» гӯяд.
«Худ бипар кунун» гӯяд, «кардӣ дилма хун» гӯяд,
Пас бигӯямаш ман ҳам: нест шав ту ҳам з-ин ҷо.
Ман бихандаму вай ҳам, пас бигӯяд ӯ: рав!
Ман давида бо ханда мекашам аз он ҷо по.