Бигзашт овои суруд, бигзашт фасли гулшукуфт...
* * *
Бигзашт овои суруд, бигзашт фасли гулшукуфт,
Пушти тиреза мурғаке бо нӯл туқ-туқ зад, чӣ гуфт?
Шиша шикастаст, эй дареғ, море хазон дар пушти он,
Бигзашта рафт аз ёди ман, дар хотирам чизе намонд.
Не ёди ман, не ёди ту, аз ёди ӯ ҳам рафтааст,
Бар сӯи мо дорад нигаҳ Волга зи пушти он шикаст.
Ҷисми тари ӯ мезанад ҷавлон зи пушти мавҷҳо...
Покиза зарфи шуставу пероҳани тар дар ҳаво.
Дар ошёни панҷумини хона ҷо шуд зиндагӣ,
Он гуна ки ғарқида андар обҳо шуд зиндагӣ.
Ин боғи кӣ, ин мулки кист ин ҷову он ҷо дар назар,
Рӯида чун хиштин гиёҳ дар рӯи дасти хоки тар.
Дар пушти тиреза чаро биншаста ин пиру ҷавон,
Аз чист ҳамчун барги сангин хона ларзад ноаён.
Он ҷо, ки хиштин хона руст, он ҷо чу рӯҳи рафтагон
Рустаст бардиву* қамиш — рамзи шукуфони замон.
Амвоҷи Нили қаҳратун неру ба соҳил мезанад,
Чун чормағзи об ях дар обҳо дил мезанад.
* Бардӣ — папирус.