Ҷисми беҷони наҳангеро

* * * Ҷисми беҷони наҳангеро мавҷҳо девонавор афкандаанд дар соҳили дарё. Зери нури офтоб он таҳ ба таҳ дар хеш охир мешавад, пўсида, вайрон. Зуд он анбўҳ мешўяд даст аз он шакли пешин, об гашта ноаён он ҷову таҳшин. Баъд бўи равғани бадрангу талхашро ҳокимона, тунду бераҳмона боди тундпаймо мебарад з-он ҷо. Рўзҳову ҳафтаҳову моҳҳо бигзарад, то мардуми атроф бозёбад устухонҷисми варо. Пора-пора карда месозанд бас ороишот аз он, сабт дар ҳар як намуда қиссаи нопойдории ҷаҳон.