Бар сари хона, хонаҳои зиёд...

* * *

Бар сари хона, хонаҳои зиёд
абрҳои кабуд овезон —
ҳамраҳи мо ҳамеша мемонанд
бар сари мо, ҳамеша ҷовидон.

Як ҳамин буғ, ин сафеду кабуд
бар сари тахтасангҳои калон...
ҳеҷ гоҳе намеравем аз байн,
мо зи хоро қавитарем алъон.

Пӯсти мо бимон бифарсояд,
сурати хокии ҳаёти мост,
рӯ ба ман кун, маро бибӯс аз лаб,
даст деҳ, бо ману ту ин дунёст.

Он гаҳе ки ҷудо шавем аз ҳам,
ту бубар рӯи болҳои худ,
ин сафеду кабуд, ин буғро
бо фурӯғи дилу сафои худ.