Модбузҳо ва Шекспир
Ман ҳанўз замонҳоеро ёд дорам, ки мурғҳои Чегем мурғхонаро намедонистанду барои шабгузаронӣ сари дарахтонро макон мекарданд. Интихоби дарахт, аз афти кор, аз сархурўс вобаста буд, ки то паридани охирин мурғ дар майдони парвоз мемонд. Маълум аст, ки мурғҳои як хонавода ҳамеша як дарахтро ҷои шабгузаронӣ интихоб менамуданд.
Вале ин ба он маъно нест, ки онҳо дар шохаҳо нишаста тухм мекарда бошанд.
Аз ин хусус барои он мегўям, ки овозаҳои дар сари шохаҳо тухм кардани мурғони Чегем ва барои беосеб ба даст овардани он тухмҳо зери дарахтон дастархонҳоро дошта пуртоқатона истодани занҳои Чегемро нохайрхоҳони Чегем паҳн кардаанд ва ман низ аз номбар карданашон хаста шудаам.
Не, лонаҳои мурғон кайҳо ихтироъ шудаанд, ҳарчанд ки мурғон аксаран дар буттазори назди хонаҳо тухм карданро афзалтар медонанд. Аз он сабаб будагист ин, ки мурғон на бо мақсади аслии бардавомии насли онон, балки барои тақвияти зоти худ истифода шудани тухмҳоро аз ҷониби одамон пай бурдаанд. Ва ин начандон табъи дили мурғон аст.
Бад-ин тариқ, бонуи хонадон шомгоҳон буттазори атрофро тагурў намуда, доманашро аз тухми мурғон чун аз қорчҳои сафед пур мекард. Воқеан, дар ҷойҳои мо қорччинӣ расм нест. Чӣ лозим қорч чидан, вақте ки метавон тухм чид. Қорчдўстдорӣ оқибати қаҳтии батакрори гиёҳу алафҳост, ки бисёр халқҳо дучораш шудаанд.
Ман дар дувоздаҳсолагӣ дар Чегем модбуз мечарондаму Шекспир мехондам. Барои оғози кор ин бад набуд. Ман воқеиятро аз ду тараф фаро мегирифтам. Маро тасодуфан масъули модбузҳо накардаанд. Волидонам, аз тарси он ки фарзандашон зери бори гарони тайёрхўрӣ азият мекашад, модбузҳоро зердастам намуданд.
Вале тасодуфан дар хонаи духтархолаам, ки дар шаҳр мехонд, як ҷилди калони Шекспирро ёфтам. Тамоми тобистон гаштаву баргашта хондамаш. Тобистон ҳам беохир буд чун ҷилди Шекспир.
— Китобаш аз худаш вазнинтар, — тамасхур мекарданд чегемиҳо, он ҷилдро дар дасти ман дида.
Аз ин маъное барнамеояд, ки зидди китобанд онҳо, балки маъное бармеояд, ки ба ҳар ҳол бояд вазни китоб бо вазни китобхон мувофиқ бошад. Чун як умр бо ҳайвоноти боркаш сарукор доранду ба тавозуни бори онҳо одат кардаанд, ҳар нобаробарвазниро дақиқ мефаҳманд чегемиҳо.
— То ба чарогоҳ даромадан, — маро аз роҳ боздошта, некхоҳона маслиҳат медоданд баъзеҳо, — китобро ба пуштат бубанд. Он туро ба ақиб мекашад. Набошад дар ягон пайроҳаи беҳад нишеб сарозер рафтанат мумкин. Китобро бало намезанад, ман аз он хавотир нестам — пўсташро бин, чӣ хел ғафс аст. Лекин ту маъюб шудаву моро шарманда карда метавонӣ. Эҳтиёташ карда натавонистанд, мегўянд!
— Кӣ мегўяд? — аз бетаҷрибагӣ мепурсидам аввалҳо ва, аз нуқтаи назари мардуми Чегем, бефаросатие зоҳир мекардам, ки наметавон даҳанвозиаш номид.
— Вонамуд накун, ки бадхоҳони Чегемро намедонӣ! Кўдак нестӣ, охир! — таънаам мезаданд.
Гоҳ-гоҳ китобдўстони ғайричашмдошт низ пайдо мешуданд. Якеашон, ҷилди Шекспирро даст-даст карда, огоҳӣ дод:
— Дидам, хуб дидам, ҷилди Шекспирро беназорат гузошта, сар-сари дарахтон мегардӣ. Нағз не! Модбузҳо намехояндаш, ҳарчанд ифлос карда метавонандаш. Лекин буққаҳо бедушворӣ хоида, маҷақашро мебароранд.
Аз афташ, лоғариву қадпастии онвақтаи ман боиси ташвиши чегемиҳо гардид, ки оқибат вазни китоб бар вазни ман ғолиб омада, дар пайроҳае аз по меафтонадам. Вале ман ягон зарра аз онҳо намеранҷидам. Ва ҳарчанд ки он замонҳо дар бораи нависанда шудан фикр ҳам намекардам, ким-чӣ хел мефаҳмидам, ки он ҳама ягон вақт даркорам мешаванд.
Дарвоқеъ, аллакай ҳамон вақтҳо дар бораи пайдоиши калимаҳо амиқ меандешидам. Маҳз ҳамон вақт пайдоиши калимаи (нохунакро чашми дидан надорам) айваро кашф кардам.
...Дар замонҳои қадим як зани рус ва як марди қафқозӣ дар бешаҳои анбўҳи мо мегаштанд. Баногоҳ дарахти барояшон ношиносеро диданд, ки пур аз меваҳои калон-калони ноошно буд.
— Ай! — хитоб кард зани рус.
— Ва! — дар тааҷҷуб афтод марди шарқӣ.
Ҳамин тавр, меваи ношинос номи худро пайдо кард — Айва. Чӣ тавр зани рус ба бешаҳои анбўҳи мо афтод ва оё онҳо он меваи навро ба маънои тавротиаш тановул карданд ё не, он вақтҳо бароям аҷиб набуд.
Ман Шекспир мехондам. Сэр Ҷон Фалстафи баронет ва масхарабозони шоҳ то дер ва балки абадӣ қаҳрамонони дўстдоштаам шуданд.
Масхарабозе ба дарборие, ки тангае бахшида будаш, гуфт:
— Дурўягӣ нахоҳад буд, ҷаноб, агар ҳиммататонро дучанд кунед!
Ин ибора ба назарам ҳадди ҳозирҷавобии инсон менамуд. Танҳо аз як чиз хавотир будам, ки оё ҳаммактабони шаҳриям ин шўхиро бе шарҳу баён мефаҳмида бошанд. Ман аллакай медонистам, ки шарҳу баён сатҳи танзу шўхиро мефурорад.
Аз шўхиҳои масхарабозон рўдакан мешудам ва сар мебардоштаму аз айёрии модбузҳо хандаам меомад. Вақте ки ҷилди Шекспир дар даст ба чарогоҳ мерондамашону зери ягон буттаро макон мекардам, гоҳ-гоҳ аз зери чашм ба ман менигаристанд, то бифаҳманд, ки ман ба дараҷаи кофӣ ба хондан ғарқ шудаам, то роҳи ҷуворизори шафатро пеш бигиранд. Ягон чиз садди роҳашон шуда наметавонист.
Баъзан барояшон бо овози баланд, шояд барои рафъи бетаҷрибагиашон дар муошират бо Шекспир, монологҳои хандаовартари Фалстафро мехондам. Тавассути овоз онҳоро ба мафтунии худ шарик кардан мехостам.
Чарогоҳ дар таҳи теппае буд, ки дар болояш тамокухона қарор дошт, ки дар он занҳо тамоку шадда мекарданд. Садои ман то ба онҳо ҳам мерасид.
— Паҳ, — мехитобид якеаш, — ба фикрам, ин ҳамонест, ки китобаш аз худаш вазнинтар аст!
Баъзан кунҷковтаринашон, тоқат накарда, аз сарой мебаромаду сўи поён, ба ман дод мезад:
— Эй, бо кӣ ин қадар доду фарёд мекуниву қаҳ-қаҳ мезанӣ?!
— Бо модбузҳо!— дод мезадам ман ҳам дар ҷавоб, то ки шодашон кунам, чунки ягон чиз одамонро чун нишонаҳои камақлии безарар хушҳол намекунад. Чунон ки баъдан ба ман мерасонданд, ҷавобам занҳоро ба суҳбати дарозу дилхоҳ оид ба аҷоибулхислатҳои амаки ақлбохтаам водор менамуд. Фаросати нозуки занони Чегем дар он зоҳир мешуд, ки хислатҳои аҷиби амакамро тагурў карда, ҳаргиз ба шахсияти ман дахолат намекарданд.
Рост, мегуфтанд, ки дар он тасвирҳо баъзан ҷўшу хурўши нозаруру бемавқеъ роҳ меёфт, чунки аҷибхислатии амакҷонам аз таваллуд то баркамолӣ, ки акнун шаҳдашро мечашид, хосаш будааст.
Аз ин гуфтаҳо хулосае барнамеояд, ки баъдан дар умри амакҷонам пирии орому мунаввар фаро расида бошад. Дареғ, ки чунин нашуд. Вале кўшиши дақиқнависӣ бисёр домангирам аст. Гўё ман, кўшиши аз амакҷонам гурехтан карда, ба ў аз дигар ҷониби кураи замин наздик мешавам.
Ҳамин тавр, ба модбузҳоям монологҳои Фалстафро мехондам. Бисёрашон, сарҳояшонро бардошта, гўш мекарданд. Баъзан чунин менамуд, ки дар ҷойҳои хандаовартарин ба фиқ-фиқ медаромаданд, аммо комилан истисно нест, ки онҳо ин корро ба тақозои модбузиашон анҷом медоданд. Чунон ки мебинед, мавриди назар назорати дақиқии рухдод аст.
Лекин, албатта, аксаран дунёро фаромўш карда, худ ғарқи мутолиа мешудам. Модбузҳо бошанд, дар ин байн аз болои шиғҳо хез зада, баргу пояҳои ҷуворӣ ва ғилофакҳои лўбиёро нўши ҷон менамуданд. Дар Чегем лўбиёро аксаран дар бари ҷуворӣ мекоранд ва он ба пояҳои ҷуворӣ мепечад. Ва чандон лўбиё намекориданд, ки аз эҳтиёҷ зиёд бошад.
Ба худ омада, сўи рама медавидам ва бо таҳдид сухани сеҳрнокамро сари забон меовардам, ки пеши роҳи он зиёнкориро бигирам.
— Ъай! Ъай! — фарёд мезадам, ки дар забони модбузҳо маънии гум шав, ақиб гардро дорад.
Модбузҳо, хар бор овози маро шунида, натанҳо тахрибкориашонро қатъ намекаданд, балки аз охирин имкон истифода бурда, тезтар, ҳатто оташинтар пояҳои ҷувориро меканданду мекўшиданд зудтар бихоянд. Аз афташ, нахустзуҳуроти шуур ҳамин аст, ки агар аз сари хўрданӣ биронандат, тезтар бихўр!
Беш аз ин, баъзеашон, пояҳои пурра нахоидаи ҷувориро зери дандонҳо доштаву фиғони баргҳояшонро бароварда, хез зада аз шиғҳо ба чарогоҳ мегузаштанду дигар оромона хўрданашонро ба охир мерасонданд. Гўё ҳама гап дар қаламрав бошад. Модбузҳои ба буттаҳои лўбиё печида, аз шиғҳо парида мегузаштанд ва ба хотири он, ки аз буттаҳои муфтхор халос бишаванд, бо кароҳат худро мехоиданд.
Саркор, аз гўшаи дигари саҳро овози маро шунидаву аз асли ҳол пай бурда, ба ман нафрин мефиристод, чизе, ки дар ин маврид моту мабҳутам менамуд, дар доду фарёдаш сужети пурпечи нафринро гум накарданаш буд.
— Боз зиёнкорӣ?! — меғуррид ў. — Илоҳо, зери китобат монда, маҷақ шавӣ! Илоҳо, дар алови баланди китобат аз ҳаристарин модбузат кабоб пазам! Илоҳо, модбузи дар оташи китобат кабобкардаамро бихўраму аз хокистари сўзони китобат сигорамро рўшан кунам! Ҳамин хел мекунам, ба арвоҳи падарам қасам, мекунам!
Дар ҳақиқат, мекунад, бо даҳшат аз дил гузарондам ман ва модбузҳоро ронда, назди ҷилди Шекспир, ки аз хатари ба сараш омада бехабар буд, баргаштам.
Ҳамроҳи модбузҳо се баррача мечариданд. Каллачаҳояшонро лаҳзае набардошта, мечариданд онҳо, гўё сахт қасам хўрда буданд, ки то серӣ бўяш накунанд, сабзаякеро ба даҳан намебаранд!
Оре, каллачаҳояшонро набардошта мечариданду гоҳе ба модбузҳо бармехўрданд ва модбузҳо онҳоро сари шох карда, аз худ дур меронданд. Дарвоқеъ, ба модбузҳо барнахўранд ҳам, модбузҳо шохҳояшонро аз онҳо дареғ намедоштанд.
Модбузҳо умуман ба гўсфандон нафрат доштанд. Ба ҷуз яке барои ин дигар сабаб набуд: гўсфандон наметавонистанд ва кўшиш ҳам намекарданд, ки аз шиғи ҷуворизор гузаранд. Ва модбузҳо инро намебахшиданд.
Модбузҳо, баръакси гўсфандон, аксаран фукашонро чухт карда мечариданд, то ки рамаро пеши назар дошта бошанд ва ё ғарқи андешаи лашкаркашона вазъи атрофро арзёбӣ карда тавонанд. Барои ин танбалӣ накарда, ба ягон сахраи наздик мебаромаданд ва, нухшор карда-нухшор карда, аз ҳамон ҷо атрофро назорат менамуданд.
Аз афташ, тафаккури стратегӣ хосашон буд. Воқеан, тафаккури стратегиашон бо тафаккури амалиашон мувофиқат мекард. Агар ягон ҳамҷинсашонро медиданд, ки буттаи финдиқеро бисёр бобарор зери даст кардаву баргҳои обдорашро фурў мебарад, минбарашонро тарк гуфта, бо қадамҳои калон-калон он сў мешитофтанд, то ки ҳамроҳ лаззат бубаранд. Лекин ҳамзамон мекўшиданд, ки ғурурашон халалдор нашаваду рафтори бовиқоронаашон ба чорхез мубаддал нагардад...
Лекин, агар ягон модбуз, машғули буттаи марминҷон шуда, дар ҷарие, ки рамаи аз чашми ў дури дар атроф машғули чаро аллакай таркаш гуфтааст, дармонад, модбуздилӣ оғоз менамуд, худро ба чор тараф мезад, девонавор баос мекард ва бо ин роҳ ба вартаи ҳалокат афтоданашро эълон менамуд. Аз афти кор, алафхорон эҳсоси зарури бўйфаҳмӣ надоранд, ки аз рўи пай ҳамҷинсашонро пайдо кунанд.
Аҷиб он аст, ки ҳамҷинсон одатан инро беҷавоб мемонданд. Шояд ҷазояш медоданд, ки чун аз рама қафо мондаӣ, сазоят ҳамин. Танҳо баъди хеле азобаш додан ягонтояш лоқайдона ба додаш мерасид.
Ҷолиб аст, ки ҳамзамон садои зангўлачаи гардани ягон модбузи рамаро равшан шуниданаш мумкин буд. Вале модбузаки ба варта афтодаи бешак аз зеҳни мусиқӣ бенасиб ба он садо бовар намекунад, чунки зангўлаҳои гуногунҳаҷм дар гардани дигар ҳайвонҳо — гову говмешу маркабҳо низ овезону танинандоз буданд.
Модбуз бе ҳамраъйӣ худро гум мекард, боз бештар ба изтироб меафтод. Аз афташ, гумон мекард, ки рама маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо ба марғзори биҳиштосое расидааст. Рама ҷавоб намедод, лекин агар дар ҳамин вақт модбузи дигари раҳгумзадае пайдо мешуд, дарзамон ба баосаш посух мегуфт.
Ҳар кадомашон гумон доштанд, ки намояндаи рама посухашон мегўяд ва бо ин гумон баоси якдигарро пахш намуда, маро батамом гаранг мекарданд.
Дар чунин ҳолатҳо модбузро ҷониби рама рондан амри муҳол аст. Ҳар гуна хорзор, ҳар гуна бешазорро мегузашту сўи овози модбузи дигар майл мекард ў. Торафт девонавортару бо садои гирифтатар баос зада, сўи ҳам мешитофтанд ду модбуз.
Дар садояшон чунон алами бесоҳибии мутлақро мешунидӣ, ки гумон мекардӣ агар ба ҳам биёянд, дигар ҳаргиз ҷудо намешаванд. Ва, инак, мулоқоти баъди сарсониҳои гўшношунид! Дар як лаҳза ором мешаванд ҳарду ва ҳатто дигар ба ҳам нигоҳ намекунанд.
Модбузе, ки бо тамоми қувва кўшидам сўи рама моилаш бикунам, саропо пури хору мушхор сўи овози ҳамҷинсаш талош мекард, мағрурона буттаи дилҷўеро аз назар мегузаронд, гўё ин ҳама муддат маҳз онро меҷуст.
Модбузҳо, ба ҳамдигар аҳамият надода, мечариданд. Ҳар якашон гумон мекард, ки дар паси модбузи ҳамроҳаш тамоми рама аст. Ана, дар ҳамин ҳолат оқибат ҳардуро ҳамроҳ ба ҷои дилхоҳ рондан мумкин. Модбузҳо тоқати танҳоӣ надоранд, лекин рамаеро меписанданд, ки дар он бепарвоӣ ҳукмрон бошад.
...Рўзҳои дарозро рўи алафи сабзу гулафшон мегузарондам. Аз боло чаковакҳои ба чашм ноаён беист исбот мекарданд, ки сарчашмаи созу наво самост.
Гўсфандони ҷингила дар юнучқазори ҷингила мечариданд ва шояд аз ин рў тибқи қонуни Дарвин ҷингилатар менамуданд.
Занбўрони асал бо суботкории фаҳўлонаи ғаввосон ба гулҳо фурў мерафтанд.
Ҷастухези сўзанакҳо.
Печутоби шабпаракҳо бар фарози гулҳо.
Кадом як ҳашароти калони бароям номаълум вижжосзанон ба гул наздик мешуд, лекин ҳаргиз бар он наменишаст. Ҳар боре вижжосзанон бар фарози гул меистод, ман собирона интизор мешудам, ки кай ба рўи гул мешинад, то хубтар бубинамаш. Лекин вай, шикоятомез вижжос задаву лаҳзае ба фарози гул истода, шояд мутмаин мешуд, ки ин гул шаҳди зарурӣ надорад ва ба сўи гули дигар пар мекушод. Ва боз гиряомез вижжос зада, бар фарози он меистод ва гўё бовар ҳосил карда, ки он ҳам комилбаҳо нест, ҷониби гули сеюм мепарид.
Вале ман ягон бор надидам, ки он ҳашарот ба ягон гул нишаста бошад. Инҷиқии ў ҳайронам мекарду раҳмамро меовард. Вижжоси нолаомезашро намегўед? Бо ин нозунуз чӣ мехўрда бошад? Кадом гулро оқибат интихоб мекунад?
Боре, қариби бегоҳ ҳашароти ношинос дар наздикии ман боз ба вижжоси шикоятомез рўи гули навбатӣ муаллақ монд. Баногоҳ зери шуои ларзони ғуруб чун сўзани бисёр дарозу беҳад борик нешаш ҷило дод; ҳашарот рўи гул нанишаста, нешашро ба дили он халонд. Ман аз эҳсоси ин маккории ноаён ларзидам, ҳарчанд ба он аз рўи баъзе қаҳрамонони тирадили Шекспир ба қадри лозим гўё омода будам.
...Қад-қади чарогоҳ то чоҳбуни Собит дарахтони худрўй — олуча, олу, муруд, анҷир, чормағзи юнонӣ — қомат афрохта буданд.
Ҳамин ки пухтанд, вале аксаран хомохом ман аз онҳо мехўрдам ва ҳангоми истеъмол кашфиёти ботаникие кардам, ки намедонам, барои чӣ, ба аҳли ҷаҳон расонданашро аз ёд бурдаам. Лекин дер ояду шер ояд.
Қонуниятмандиеро мушоҳида кардам ман, ки меваҳо ҳар қадар хуштамъу сероб бошанд, дарахт ҳамон қадар серҳосил аст. Аз ҳамаи дарахтон пурбортар олуча буд. Беш аз барг мева дошт. Лекин мевааш начандон хуштамъ, як турушии обдору бас.
Олу хеле бамаззатар, вале ҳосилаш камтар.
Муруду себҳои худрў аз олу ширинтаранд, лекин, агар ниҳоди калонтари дарахтонашонро ба назар бигирем, аз олу меваи камтар доранд.
Анҷир ширинтар аз себу муруд аст, лекин нисбатан хеле кам мебандад.
Билохира, аз ҳама бомаззаву серғизо чормағзҳои юнонианд, лекин, бо назардошти модбузургии дарахту шумораи меваҳо, боз ҳам ҳосили камтар доранд.
Меваҳоро фурў бурда, бо талқини иштиҳоям қонуниятмандии модбузурги табиатро дарёфтам. Яъне, ҳар қадар мева ширин бошад, моддае, ки мева аз он ҳосил мешавад, муфидтар аст, лекин барои решаҳо аз замин дарёфтани шарбатҳои нодире, ки меваро ғизо медиҳанд, ба ҳамон дараҷа мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ҳар қадар мева ширинтар бошад, ҳосилнокии дарахт ҳамон қадар паст аст.
Дарахт ҳар қадар босамартар бошад, ҳамон қадар саховатмандонатар меваҳояшро ба замин меафшонад. Аз ин рў, ҳамеша таҳи олучаҳо пур аз хукон аст, ки чалап-чалапкунон мева мехўранду донаҳояшро бо дандонҳои каҷукилебашон қарап-қарап хоида, орд мекунанд.
Хукон ҳангоми олучахўрӣ сарҳояшонро бардошта, бо қаноатмандӣ ба чалап-чалапи худ гўш медоданд. Эҳсос мешуд, ки бо ин чалап-чалап, яъне тавассути садо, аз ғизо лаззати иловагӣ мегиранд. Вақте ки хукҳои бисёр ҳамроҳ чалап-чалап мекарданд, симфонияи шикампуркунӣ ба вуҷуд меомад. Олуча, ки ба охир мерасид, онҳо ба меваҳои дигари ширинтар рў меоварданд, лекин чалап-чалапашон баландтар намешуд. Аз ин ба хулосае расидан мумкин аст, ки онҳо таъмҳоро фарқ намекунанд. Дар ин маврид қонунҳои ботаника дигар ба кор намераванд.
Эҳтимол боз ким-чӣ хел кашфиётҳои дигар ҳам буданд, вале ҳоло дар ёдам нестанд. Агар баъдтар ба хотирам биёянд, нақл мекунам.
...Бегоҳӣ, вақте ки холаам модбузҳоро меҷўшид, зуд-зуд нофаҳмие рўй медод. Дар Чегем (охирин такягоҳи инсонгароӣ), вақте ки модбузҳо ё говҳоро меҷўшанд, ҳамеша модбузғолаю гўсолаҳоро назди модаронашон мебаранд, то ки каме пистон бимаканд. Баъди ҷўшидан ҳам барои ин майдачаҳо ҳатман шир мемонанд.
Модбузғолаҳоро якта-якта сар медиҳанд. Бузғола, хурсандона баос зада, сўи рамае, ки низ баос мезанад, медавад, лекин аксаран очаашро нашинохта, шири модбузи тамоман бегонаро мемакад. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки модбузи ба ҳар ҳол аз бузғола пуртаҷрибатар ҳам ўро намешиносад ва бо саховати мутаҳаййирона пистонҳояшро дар ихтиёраш мегузорад.
Вале ин дам холаам ба худ меояд ва бузғоларо кашолакунон назди модари худаш мебарад, ки шири қонунан ба ў тааллуқдоштаро бимакад ва бо ҳамин модбузро ором ва ба ҷўшидан омода бикунад.
Дар ин байн модбузе, ки бузғолаи бегона як қисми ширашро макида буд, хатои худро мефаҳмад, лекин барои чӣ бошад, ки аз худ не, аз холаам меранҷад ва ҳангоме ки бузғолаи ўро сар медиҳанд, аксаран ширашро мегурезонад, то ки ба тифлакаш бештар бирасад.
Муборизаи мураккабтарини равонӣ байни кадбонуву модбуз сурат мегирад. Кадбону, баъди каме макондан, бузғоларо бо химчае меронаду ҷўшиданро сар мекунад.
Дар ин ҳангом модбузе, ки саҳван бузғолаи бегонаро ба пистони худ роҳ дода буд, бо меҳри садчанд тифлаки худро мелесаду гуноҳи худро шустанӣ мешавад.
Серӣ узрхоҳӣ намуда, бо қатъият ширашро мегурезонад ва чунин вонамуд мекунад, ки он тамом шудааст. Вале кадбону инро медонад. Ҳама чизро ба назар гирифтааст ў — ҳам ширеро, ки бузғолаи бегона макид ва ҳам ширеро, ки бузғолаи худаш.
Кадбону аз нав бузғоларо назди пистони қонунӣ мебарад ва ҳамоно шири гўё хушкида боз ҷорӣ мешавад ва бузғола шалап-шалап ба кашидани пистонҳо шурўъ мекунад. Баъди чанд лаҳза холаам нарм, хеле нарм бузғоларо аз пистон меканад ва ба ҷўшидани модбуз оғоз менамояд.
Даҳ дақиқа мегузарад ва баногоҳ модбуз, аблаҳона ба атроф нигариста (аҷиб, ки ин ҳама вақт дар бораи чӣ андешид ў), дармеёбад, ки пистонаш дар даҳони бузғолааш не, дар дастони хола аст, ба худ омада, боз ширашро мегурезонад. Хола бузғоларо боз назди пистони модараш мебараду боз шир ҷорӣ мешавад ва бад-ин тариқ чандин бор.
Ба хотири ҳақиқат бояд гуфт, ки баъзе модбузҳо, модбузҳои бисёр нодир, ба пистонашон лаб расондани бузғолаҳои бегонаро эҳсос менамоянд ва онҳоро аз худ дур мекунанд. Лекин чунин ҳассосӣ рухдоди истисноист.
То ҷое, ки ман мушоҳида кардаам, худи бузғола ба махсусиятҳои пистонҳои худӣ ягон аҳамият намедиҳад: шикамчааш сер шавад, шуд! Воқеан, тифли одамӣ дар ин масъала аз бузғола фарқе надорад.
Гумон накунед, ки андешаи охиринро банда аз хотираҳои шахсиаш ҳосил кардааст. Ҳар қадар аҷиб ҳам намояд, ман тифли ширхор будани худро ёд надорам. Ҳарчанд хеле тўлонӣ бошад ҳам.
Инак, оқибат модбузҳое, ки ба ҳел ҳай карда шуданд, оромӣ ихтиёр карданд. Шаб. Хомўшӣ. Гоҳе зангўлачаи модбузе хоболуд як ҷарангос мезанаду боз хомўшӣ ҳукмрон мешавад. Мо ҳам нафас рост мекунем.
Ана, аз афташ, хотираҳои хеле барвақти ман. Эҳтимол дар чорсолагиам падарам фаҳмонда буд, ки шоҳ вуҷуд надорад! Шояд ким-чӣ хел тафсилоташ ҳам буд, лекин дар хотирам намондааст.
Ёд дорам, ки ба падарам бовар кардаму бисёр зиқ шудам. Ба кўча баромадаму аз дил гузарондам, ки шоҳ нест, пас, ин замине, ки ман ба рўяш қадам мегузорам, ба касе тааллуқ надорад, касе барои он ҷавобгар нест. Дилам ба худам сўхт, лекин, нағз дар ёд дорам, ки бештар ба замини бесоҳиб сўхт. Ё хуни деҳқонии модарам ҷўш зад дар рагҳоям?
Писари ҳамсоя давида омад, ки бозӣ кунем. Лекин кадом бозӣ мегунҷад ба дил?
— Шоҳ нест, — гуфтам ба ў, то ки бо шикасти тартиботи ҷаҳонӣ мутаассираш кунам. Лекин он чизе, ки ман гуфтам, ба гўши ў нарасид.
— Дар куҷост ў? — пурсид писарак.
— Тамоман нест, — гуфтам ман, ҳама умеди ўро барбод дода. Лекин боз ҳис кардам, ки ин гап мутаассираш накард.
Бо эҳсоси таҳқир аз ў дур шудам, то ки танҳо азоб бикашам. Аз афти кор, буҳрони шуури афсонавӣ буд ин. Табиист, ки дар бораи Ҳокимияти шўравӣ баъзе чизҳо шунида будам, лекин гумон доштам, ки дар болои ҳамаи ин шоҳ қарор дорад.
...Лекин, биёед, дилбастагии аз ҳад зиёди маро ба Шекспир воҳима накунем. Баъзан мешуд, ки бе ҷилди ў ба рамабонӣ меомадам. Ва мушоҳида мекардам, ки модбузҳо сарҷамъ мешуданд. Дар чунин ҳолатҳо кўшиши ба ҷуворизор рафтан намекарданд, чунки ман тайёру ҳушёр будаму сари вақт пеши роҳашонро мегирифтам. Дар тўли тобистон, ба ҳушёрии ман бидуни хондан одат карда, фаҳмиданд модбузҳо, ки агар дар дастам ҷилди Шекспир набошад, пояҳои ҷуворӣ дастрасашон нест.
Вале ҳангоме ки пагоҳӣ, ҷилди Шекспир дар даст, модбузҳоро аз ҳел мебаровардам, ҳама якбора хушҳол шуданду ба шўхию бозӣ даромаданд. Шўхию бозиашон ба дараҷае расид, ки масхараомез ҷуфтшавии бемаҳалро ба намоиш гузоштанд. Раҳбараҳ ба ҳамдигар савору ғарам шуданашон ғайримустақим дарҳам-барҳамиҳои либоспўширо дар ҷилди Шекспир ба ёд меовард, ки мард либоси занро ба бар кардаву баръакс, ишқи ҳамҷинсонро тақлид менамуданд. Тамоман бемаънист дар ин майл бадахлоқиро дидан, лекин комилан имкон дорад, ки модбузҳо мекўшиданд таккаҳои бепарво равандаро бедору хунгарм кунанд. Тахмин кардан метавон, ки ин шакли сабуки корпартоии ҳарамсарои аз бекорӣ дилгиршуда буд, лекин аён мешуд, ки таккаҳо маҳзунона ин шўхию бозиҳои бемаҳали ошиқонаро маҳкум мекунанд.
Таккаҳоро фаҳмидан мумкин. Онҳо чор сар буданд, аммо модбузҳо қариб чил сар. Модбузҳо бо дидани ҷилди Шекспир бо ниятҳои барои ман ноаён якбора ба худ меомаданд. Комилан равшан буд, ки модбузҳо мехоҳанд ман Шекспир бихонам. Боқимондаи корро худ ба гардан мегирифтанд. Таккаҳо ҳам, албатта, Шекспир хондани маро мехостанд, лекин на бо ин арзиши гарон, ки модбузҳо ишора менамуданд. Дар айни замон бояд зикр кунам, ки гўсфандон нисбат ба Шекспир тамоман бетафовут буданд.
Ман байни дасисаҳои дарбории Шекспиру ҳилаҳои модбузҳо умумиятҳои зиёд меёфтам. Ин маро хушҳол ва, чунон ки акнун меандешам, ноаён ба муносиб шудани ҷаҳонбиниам мусоидат мекард.
Ман ҳамон вақт фаҳмида будам, ки инсон мавҷудест миёни модбузу Шекспир. Мегўянд, ки тадқиқоти охирини математикии ин мавзўъ тахмини маро натанҳо тасдиқ намудааст, балки таҳким бахшидааст. Шунидам, ки акнун исбот шудааст: агар Шекспирро ба модбуз тақсим бикунӣ, одам ҳосил мешавад. Бе каср.
Барои санҷидани ин вазъият иҷмолан ҳаёти маскавиамро тасвир мекунам. Вақте ки ба ин ҷо хонданӣ омадам, аз рўзҳои аввал аз ду рухдоди, гуфтан мумкин, муқобили ҳам моту мабҳут шудам.
Боре, дар маркази шаҳр, назди милиса рафтаму пурсидам, ки чӣ хел ба фалон кўча рафтан мумкин.
Ғайричашмдошт милиса, дасти дастпўшаки сап-сафеддорашро бардошта, маро эҳтиром гузошт ва меҳмоннавозона роҳи кўчаи даркорамро нишон дод. Ба мани бачаяк эҳтиром мегузоранд ва боз бо чунин дастпўшакҳои сап-сафед!
Аз ин хайрхоҳӣ моту мабҳут шуда будам ман. Шояд дастпўшакаш аз пашми модбузҳои Чегем буд, лекин аз куҷо фаҳмид, ки ман аз Чегемам?
Баъди чанд рўз шоҳиди як рухдоди номафҳум ва ҳатто бароям тарсовар шудам. Дидам, ки чи гуна милисаҳо дағалона ва бе ягон хел дастпўшак дар кўчаи калон ҳамаи мошинҳоро ба канори роҳ пеш мекунанд.
Баъди дақиқае мошинҳои ҳукуматиро дидам, ки бо суръати гўшношунид мераванд. Гўё пулемётчиҳо таъқибашон мекарда бошанд ва ё базўр аз зери тирборон гурехта бошанд. Лекин касе таъқибашон намекард, ба ин ман худ бовар ҳосил намудам.
Дар солҳои зиндагиам дар Маскав борҳо чунин саҳнаҳоро дидам ва мутмаин шудам, ки он васвасаи муқаррарии таъқиб будааст, ки эҳтимол хоси ҳама ҳокимон аст. Бори аввал инро дар замони Сталин дидам. Баъдан замонҳо тағйир ёфтанд, вале васвасаи таъқиб боқӣ монд.
Дар майдонҳои гулафшони Маскав гоҳ-гоҳ модбузҳои танҳоеро вомехўрдам, ки маъмулан кампиракҳои танҳо мечаронданд. Ҳар як кампирак як модбуз дошт. Тибқи расму одати Чегем, кампиракони бузғолачарону пирамардони либосшў яканд. Аввалҳо мехостам аз кампиракон бипурсам, ки рама куҷо шуд? Лекин одоби чегемӣ маро аз ин суоли чегемӣ бозмедошт.
Чизе, ки беш аз ҳама ҳайронам кард, аз набудани рама бепарво чаридани модбузи танҳо буд. Номақбул буд ин бароям. Аз гиряҳои ботинӣ ларзида, модбузро назорат мекардаму меандешидам: то ба чӣ ҳол расондаанд болшевикон модбузҳоро, ки хешутабориро ҳам фаромўш кардаанд. Бинол, Русия, ки модбузи мағрур ба ин ҳол тан додааст!
Дар тўли зиндагии тўлониам дар Маскав аз ҳаёти адибон кашфиёти зиёде кардаам. Албатта, аз ин маъное барнамеояд, ки ман адибонро чаронда бошам. Баръакс, худамро чун модбузи раҳгуме, ки қасдан аз рама ҷудоӣ меҷўяд, чарондаанду ҷазо додаанд.
Умедворам, ки меҳрам ба Фалстаф фалстарти* қисмати нависандагии ман нашуда бошад.
Илҳом бахти адиб аст. Лекин ягон чиз одамро чун хушбахтӣ фарсуда намекунад. Табиат, ки аҳёнан бо бахт сарфарозамон мекунад, раҳми моро мехўрад. Бинобар ин, хушбахт аз он бошед, ки хушбахтӣ меҳмони гоҳ-гоҳатон аст, эй одамон!
Хонанда метавонад бипурсад: чӣ фарқ дорад нависандаи хуб аз нависандаи бад?
Ҳатто агар хонанда напурсад ҳам, бо майли тамом ҷавоб медиҳам. Бубинед, дар бораи як чиз адибони беҳунар ва боистеъдод чӣ хел менависанд.
Адиби беҳунар менависад:
— Ман, ба тарабхона даромада, ошноям фалониро (номашро зикр мекунад) дидам, ки чун ҳамеша паси миз нишаста, чун ҳамеша арақ мехўрд.
Адиби боистеъдод менависад:
— Ман, ба тарабхона даромада, ошноям фалониро (номашро зикр мекунад) дидам, ки чун ҳамеша паси миз нишаста, чун ҳамеша арақ мехўрд ва ман чун ҳамеша ба ў пайвастам.
Як ибора ҳама чизро тағйир медиҳад. Ришханд ба худ манзараро фарохтар ва сояи таҳқирро аз сари ошнои арақхор дур мекунад.
Умуман, адиби аз ришханд ба худ маҳрум, маҳз ба ҳамон дараҷае, ки аз ришханд ба худ маҳрум аст, дер ё зуд мавриди ришханди хонанда мешавад.
Хуллас, агар Шекспирро ба модбуз тақсим кунем, одам ҳосил мешавад. Ман барои ханда инро ба як олими дўстдоштанӣ нақл кардам ва мо, бинобар муҳаббати муштаракамон ба шўхиҳои Шекспир, дўстони қарин шудем. Мо ба зистани ҳамдигар бо он ёрӣ медодем, ки барои шўхӣ вақт ёфта, зиндагӣ мекардем. Боре, ҳангоми озурдахотирӣ, чунин шеър навиштам:
Фарбеҳ шудам, вазнин шудам, фарсуда гаштам,
Дилро ба сина қуввати рафтор набвад.
Чашмам намебинад, батар аз буда гаштам,
Дар пеши чашмам як бувад дигар хушу бад,
Ёрону ноёрон дигар яксон битобанд,
Кўшиши будан дарди дилро мефизояд,
Ҷону дилам дар банди дарданду азобанд.
...Ин гуна харчанге, ки дарёяш фиканда
Берун зи худ, бар сўи дарё мешитобад
Дар ҳавли ҷон, на мурда дигар, ҳам на зинда...

Баъди чанд рўз вай омад ва ман шеърро додамаш, ки бихонад. Акнун вазъу рўҳияам муътадил шуда буд. Бетанаффус сигор кашида, аҷаб тўлонӣ хонд шеърро ва баъд, сар бардошта, гуфт:
— Агар ин шеърро дар ягон шаҳри дигар мехондам, ҳамоно ба ёриат мешитофтам.
Ман худро гум кардаму гапро ба сўи дигар бурдам. Охир, медонистам ман, ки дар солҳои барояш беҳад душвори мубориза бо ҷаҳонватанӣ чӣ хел мардона рафтор карда буд ў. Масхарабоз!
Мо зуд-зуд вориди баҳсҳо мешудем ва аксаран дар мавзўъҳои мавҳум суҳбатҳо мекардем. Аксаран фикрҳоямон мувофиқ меомад ва, баъзан ихтилоф ҳам дошта бошад, ба рафоқатамон таъсир намерасонд...
Инҳоянд баъзе тасреҳоте, ки мо аз рўи онҳо ба мувофиқа расидем.
Сангдилї — кўшиши аблаҳонаи тавассути амал бар аблаҳї ғолиб омадан.
Маккорї — зарбаи тарсу дар торик.
Таҳлил ҳамагуна лаззатро мекушад, вале лаззати таҳлилро тамдид мекунад.
Баъди мубоҳисаи тўлонї мо хатти маҳками илмии таҳаввули инсонро муқаррар кардем: зиндахўр, гулўгир, гулўхўр, муфтхўр, шамшерхўр (ҳуққабоз), майхўр, мурғхўр, ҳарчихўр, ҳаромхўр, пашшахўр (ў низ садохўр), гардангир, бедаҳан, беҳудагў ва, ниҳоят, полиглот (забондон).
Агар ин ҷо нафаси сабук кашида шавад, пас огоҳ мекунам, ки он бармаҳал аст, чунки таҳаввул даврист (қариб бигўям — қабеҳона) ва ҳама ба ҳамин тартиб такрор мешавад. Таҳаввули зинагї полиглоти бечораро бардошта натавониста, хароб мегардад ва ҳама аз нав шурўъ мешавад аз зиндахўр.
...Лекин дар масъалаи он ки оё одаме, ки одамонро модбуз меҳисобад, метавонад аз гўшти модбуз истифода кунад, фикрҳоямон мувофиқ наомад. Ман чунин мешумурдам, ки гўшти модбуз хўрдани ин хел одам номумкин аст. Аммо ў мегуфт, ки муносибати ман ифодаи идеализми беҳад субъективӣ ё худ, дағалона бигўем, солипсизм** аст.
Вақте ки ман бо ханда (барои масъулиятгурезӣ) гуфтам: илми муосир собит намудааст, ки Шекспир тақсими модбуз баробари одам аст, ришхандомез абрўвонашро бардошту ба ман ҷўр шуд!
Ҷўр шуда метавонист ў:
— Хестӣ, ки хобӣ! Ин кашфиёт бистсола шуд! Исботи баръаксаш ҳам ҳаст — Шекспир тақсими одам баробари модбуз.
— Барои чӣ дар ин хусус ягон гапу хабар набуд? — ҳайрон шудам ман.
— Барои он ки сирри давлатӣ шумурда мешуд, — посух дод ў, — сирри тафаккури миллӣ. Вале ҳангоме ки амрикоиҳо сирри тафаккури миллии моро дуздиданду разведкачиёни мо сирри тафаккури миллии амрикоиҳоро, ҳарду сир мувофиқ омаданд ва имкони фош намуданашон фароҳам шуд. Таҳдиди ҷанг ботил шуд, демократияи мо чун полези модбузҳо шукуфт ва ҳар кишваре ба хўрдани ғизои муфт сар кард. Рост, ки ҳар мамлакат ғизои муфти худро дорад, лекин ин — мавзўи дигар.
Воқеан, дўсти олими ман аз тани танҳо дар ҷазираи беодам гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ монда шуд. Баъди се сол, тибқи маслиҳат, ҳамватанон барои гирифтанаш омаданд.
— Таассуроти амиқтаринатон аз танҳоии сесола? — пурсидандаш.
— Виҷдонам дам гирифт, — ғайриинтизор посух гуфт ў ва, нармтар шуда, илова кард: — Ғайр аз ин, аз модбузи ёбоӣ пур аст ин ҷо.
— Ба маънии одамон? — пай бурд касе, самти нармшавии ўро пайгирӣ карда.
— Ҳа, ҳам ба маънои одамон ва ҳам ба маънои гўшти тоза, — шарҳ дод ў, аз афташ, баҳсро бо ман идома бахшида.
Бо вуҷуди ин, ҳамватанон ба хотири худ ва ба хотири инсоният аз ў ранҷиданд.
— Шояд боз се сол дар ин ҷо бимонематон, — неш зад яке аз онҳо.
— Гумон мекунед шумо, ки инсоният дар се сол ислоҳ мешавад? — низ нешдор посух дод дўсти ман, по ба зинаи киштӣ ниҳода. — Аз назари ман, аз замони Шекспир тағйир наёфтааст ў, лекин сифати шўхиҳо хеле поин рафт.
...Не, мегўям худ ба худ, ба ҳар ҳол, пешравӣ ҳаст. Мурғҳои Чегем дигар парида ба сари дарахтҳо намебароянд, балки итоаткорона шабҳо мурғхонаро макон мекунанд. Шояд, ба ҳар ҳол, париданашон беҳтар буд? Худоё, чӣ мураккаб аст дунё! Аниқ муқаррар шудааст, ки мурғони ба сари дарахтон парида аз мурғоне, ки акнун дар мурғхонаҳо пинҳон мешаванд, чандин маротиба бештар будаанд.
...Вале куҷоям ман? Куҷост Чегем? Ба ҳар ҳол, ҳамроҳи модбузҳо беҳтар буд.
* Фалстарт — дар варзиш пеш аз ишора ба мусобиқа шурўъ кардан (шарҳи тарҷумон).
** Солипсизм — ақидаи идеалистонаи фалсафӣ, ки танҳо «ман»-и шахсро воқеият дониста, мавҷудияти олами воқеиро инкор мекунад (шарҳи тарҷумон).