Бигардад канда чун хотир, шавад оғоз филми нав...
* * *
Бигардад канда чун хотир, шавад оғоз филми нав,
садои мусиқӣ ояд ба гӯш аз гӯшаи гулшан.
Гузашт аз боғ бороне, ки натвон шарҳи онро дод,
ба бӯи ёс меояд баҳори нав суроғи ман.
Бурун чун аз трамвай шуд, ба зери арки Истолин,
ҳама буд мисли он пешин, ки кайҳо буд, кайҳо буд.
Зи дастам дошта ин ҷо, маро бурданд рӯи даст,
ба он ҷойе, ки шуғли одамон дидори кино буд.
Кунун ҳам аз ҳамон эҳсос дар ин ҷо намоиш буд,
зи боғи истироҳат, тифлаке, ки буд рӯи даст.
Ва беҳаддии бигзашта, ки хира рӯнамо мешуд,
чӣ гуна метавонӣ боз бо ояндае пайваст?
Зи пазмонӣ ва ё аз аблаҳиву мастӣ мумкин аст,
фузунтар аз санавбарҳо кашӣ қад ҷониби боло
ба рӯи чархи наззора, вале фаҳмидан осон нест,
набуда ҷанг ё буда ба зери гунбади мино.
Ҳама дар ранги испеду сияҳ, тифлону модарҳо
равона, савти пирӯзӣ расад аз гӯшае бар мо,
чӣ қадре зистам бисёру ғурбатҳо ба сар бурдам,
ҳама он дилзаданҳо ашкрезиҳо, ғами фардо.