Филателист
Рӯҳи филателист бошад чун
Тамғаи почтаву ширешу мум.
Шамъи обу адои волфрамӣ
Ки ба гармоба сӯзадо маҳзун.
Гум нагардад ҳамешагӣ ин чиз,
Чун ба феҳрасти одаме бе лоғ.
Сабт гаштаст ҷовидонӣ низ
Бе гузарнома, бе гапу бе доғ.
Пардаи бахмалии пурвусъат
Дар тиреза шино кунад з-ин рӯ,
Сӯзад инак сигору хаста нигоҳ
Гарм бо тирагӣ бигирад хӯ.
Байни абри тамоку фосила ёфт,
Мутаносиб ба золи пур аз нур:
Чизу тасвиру рабти ҳар дуи ин,
Сабабу ҳам натиҷаи мастур.
Андар оҳанги сатр биншастан,
Ҷо иваз кардани ҳама гун ранг
Дар варақбарг нусхаҳои чу раг
Гарди заррин варо бибахшад ҳанг.
Мӯйчин ҷиддӣ асту сарду бакибр,
Даҳр бошад варо макони маҷоз.
Он маконе, ки нестанд, вале
Баҳам оянд расм, гул, паровоз.
Ба ҳам оянд бо маҷозу асл.
Филателист — маризи ҳамгунсоз
Хешро созаду наметарсад
На зи коғаз, на аз халои дароз.



