Ба ҳама! Ба ҳама! Ҳамаро!...
* * *
Ба ҳама! Ба ҳама! Ҳамаро!
Духтараки мо сардобаравак шуд! — Хешро афшон, эй дунбакалон, биҷаҳ, — модар иҷоза дод:
Биё, ки барои ӯ бичинем,
Сачоқ бинҳодамаш чунин гӯён: «Гапе нест!
Ҳанӯз хурдакак будӣ, ки туро ман дар он мепечондам».
Бароят ветнамакие, густурдание ва собун ниҳодам,
Ва кулоҳу таҳпӯши оббозии худро.
Ва гуфтани ин ки: «Беҳад гаранг машав,
Бо мӯи тари сар нагард.»
Ва духтараки мо бордӯши тасмадори ғафсе ба дӯш,
Саллона-саллона рафт.
Ва даромад ба хоначаи ҷомаандозӣ ва хомӯш нишаст.
Ногаҳон чаҳор духтар даромаданд,
Гӯӣ, фаришта ба сурат.
Духтараки мо, аз ҳама чашмандозҳо менигарад,
Ва, ҳатто мехоҳад баргардад:
Ва меандешад, — Худо-ку, сурате додааст,
Оё мешавад, ки пеши чашми инон таҳпӯш андозӣ?
Таҳпӯши ман: «То дидори нав, ҷавонӣ»
Ва синаам ҳаргиз наистода, оҳ, дареғи ман!
Вале онҳо мӯафшону дастафшонанд, ба як по
Аммо, духтараки моро бордӯшӣ,
Сахт бӯи сирпиёззада: — Пас аз ин саргардони ту бимонам, — гуфта буд модар —
Ангалҳое мебиёриву шояд ҳам зуком.
Вале, сирпиёз ҳамаи инҳоро дур мезанад.
Ӯ раҳ ба раҳ бодаш дода буд,
Аммо, дамашки часпида
Оҳ, чӣ гуна урёни зебо,
Онҳое, ки ӯро рӯ ба рӯ надидаанд.
Ӯ аз таҳи доман ҷӯроби тунуки ронпӯшро мекашад,
Сипас, сарпӯши худро.
Камзӯли оббозиро то миён мебарад, сипас,
Доман меандозад,
Аз даруни остин синабандакро мекашад,
Камзулаки оббозиро то сина мебарад
Ва баъд, нимтана меандозад. Воҳ, чӣ хел!
Пас аз соате онҳо, аз таги оби тоза баромада, мепӯшанд
Оҳо! Модарам гуфта буд: бо мӯи нам нагард.
Ана, духтараки мо, зери бодбезак нишаста,
Бо ҳазар ва хушҳолӣ.
Ин нозанинони нилиандом, мӯбоди духтаронаро мебароранд,
Бо суханҳои зебои: Буржуа, Сен-Лоран, Клема...
Ӯ зуд ба хонаи худ медарояд.
Модар сар мехалад:
— Оббозӣ кардӣ? Чаро гирифтарӯӣ? Барои пагоҳ чӣ супориш доданд?
Чаро хомӯшӣ?
Духтараки мо бошад, чун муш хап нишаста.
Нуқта мечинад, ришта-ришта ашк мерезад, доғ-доғу хомӯш,
Сипас, мегӯяд:
— Инак, инак, модар,
Куҷост асбоби занонаи ту,
Дастҳои махмалинат, атри хуш баҳри баногӯш,
Мӯтароши пову нохунҳои рангин, барқи лаълоби лабат,
Пошнаҳои тик-токӣ.
Ин беназокатии ту, ин мардсифатии ту аз дарҳамии дарунии туст, ки ман
Чунин беназокатам ва хонум Валескро ба Субҳи заррин чӣ нисбате...
Духтараки мо натавонист бигӯяд, ки дар бемеҳрӣ,
Инсон худро дӯст намедорад,
Ва он чиро ҳам, ки дӯст бидорад, — наоварданд.
На навозиш, на гудозиш, на андохтани пӯчоқ,
Аз сафедӣ — аз ишқ.
Духтараки мо, духтараки мо, духтараки нодӯстдоштании мо.
Шино бикун, об биварз...