Мусофир такя дорад бо асо андар канори рӯд...

* * *
мусофир такя дорад бо асо андар канори рӯд
ба дӯши ӯст маҷнунбед шохафшону занбӯрон ба парвозанд
пароканда бигарданд абрҳо дар гӯша ҷамъ оянд
бупечонида гунбазҳои домони уфуқ бо худ
бари дашти зағиру токҳо печида бар девораи маъбад
миёни рӯзи нимрӯзист гӯӣ асри бигзашта

ба манзар селаи парранда балки шӯрнӯлони сиёҳи хурд
яке дар аспаке дар пеши одамҳо
зи ангурзор сӯяш аз баландӣ аз канори чап
давад нахчири дастӣ даст афшонад яке духтар
зағирпоя аланга мезанад бо рӯшанӣ ин хоки маҳкамро
асо хушкид шуд номи мусофир марг

мутантан дар таҳи сарпӯши сабзаш беди маҷнун аст,
суруди одамон аммо ба ин ҷониб намеояд
қади мавзуни маҷнунбеддухту дар миёни шохаҳо нахчир
тани боди дарозе, бин, ба дасти боди бедастӣ
навои орувону риштаи анвори тиллоӣ
мусофир истода рӯи сабза чашм бар рӯд аст

намои чеҳраҳо бе пайкару бе чашмҳо, бе пӯст
ба домони қабо, аммо бувад мавҷуд
даруни маъбдаш роҳиб дастонро бубардорад
зи тифлӣ тарс дорад, бар Худо рӯи дуо орад
худое нест ӯро ин ҳама ҳастӣ касеро нест
дигар духтар натонад бигзарад аз рӯд

ҳама занбӯри заррини баҳору абрҳои рӯй
ки нур ин санги маҳкамро ба хоб ояд басо ҳам зуд
фақат бо оташи сабзе занад рӯ дар гили часпак
ва шаб ояд фурӯву аз алобуҷӣ нишоне нест
ки танҳо кимиё сӯҳан намояд вақтро авроқ дар авроқ
ва духтар аз баландӣ дастафшону бузи кӯҳӣ парад чун тир