Дарёҳо

(порчаҳо аз «Китоби об»)

Сена

Ин дарёро ман дар умри худ бештар аз дарёҳои дигар дидаам. Ман чордаҳ сол дар соҳили дарёи Сена зиндагӣ кардам. Ё андак камтар аз чордаҳ. Ба ҳар ҳол, ёздаҳ соли аввал сокини устувори Париж будам. Ин хандаовар аст, вале ман нисбат ба дигар шаҳрҳо бештар Парижӣ ҳастам! (Дар Маскав дар ду нишаст, пеш аз муҳоҷират ва баъд аз он, боз ҳам камтар зистаам). Ман як «parido»-и асил ҳастам ва «Paname»-ро дӯст доштам, чунон ки парижиёни ҳақиқӣ худро «паридо» ва пойтахти худро вобаста ба моҷарои канали Панама дар ибтидои аср ба истилоҳи жаргонӣ «Панаме»» меноманд. Чунки Фердинанд Лессепс дар ин фасоди аср даст доштааст, «моҷарои коғази доллар аз Париж мегузашт».

Сена. Дар ҷазираи Сент-Луи дар соҳили Анҷу, меҳмонхонаи «Пимодон» («Лозен» ҳам он) мавҷуд аст, ки дар он дар миёнаҳои асри XIX Шарл Бодлер (инчунин Теофил Готйе) зиндагӣ мекард ва дар он маҳфили ҳашишкашҳо ҷой дошт. Не, беҳуда нест, ки ман дар чанд китобам аз хонаи Бодлер суботкорона ёдовар мешавам. Гап дар сари он, ки Шарл Бодлер бароям на танҳо эҷодкори эстетикаи нави шаҳрӣ (пеш аз ў дар санъат ашрофон ҳукмрон буданд: заминдор — бо эстетикаи кишоварзӣ), ки имрўз мувофики он, чун бо фармудаҳои Инҷил, зиндагӣ мекунем. Ӯ ҳамчунин ихтироъкори ҷаҳони муосир аст ва он ҳам ҷаҳони шаҳр аст. Ҳамаи моро ў ихтироъ кардааст. Ў ва Балзак.

Аз ин рӯ, ман наздиктар ба Бодлер, ба ҷазираи Сент-Луи барои офтобхўрӣ рафтам. Борхалтаи амрикоиро бо худ гирифтам, ба он рахти хоб, чанд китоби фаронсавӣ, як дафтар гузоштам, ки ба ман ба ҷойи рӯзнома ва ҳамзамон коргоҳи эҷодӣ хидмат мекард. Гоҳо сандвич ва шароб мегирифтам. Хатсайри ман як хел буд, зеро тамоми солҳои иқоматам дар Париж, ба истиснои шаш моҳи соли 1985, ман дар соҳили рост, минтақаи сеюм, яъне дар Марэ зиндагӣ мекардам. Дар он ҷо ман дар се манзил зистаам: 54, Rue des Archives, Rue des Ecouffes (рақамро фаромӯш кардаам) ва 86, Rue de Turenne. Байни ҳамаи онҳо то дарёи Сена аз панҷ то ҳафт дақиқа роҳ буд. Маълум, ки маънои вожаи «ae» дар забони фаронсавии қадим «ботлоқ» аст. Дар ибтидои ҳазорсолаи дуюм дар ҷои соҳили рости рў ба рўи Нотр-Дам ботлоқи азим воқеъ буд. Ман одатан аввалҳо дарёи Сенаро аз пули Пон Луи Филипп убур мекардам, баъд аз ҷазираи танги Сент-Луи гузашта (ҳамеша ба хонаи Бодлер нигоҳ мекардам), ба шохаи дигари дарёи Сена мерафтам, ки аз тарафи дигари ҷазира ҷорӣ мешавад. Дар он ҷо, каме чаптар аз пули хурде, ки ҷазираи Сен-Луиро бо ҷазираи Ситэ мепайвандад, фуромада, дар соҳили сангфарш, соҳили дарё ин ҷо пастттар аст, қарор мегирифтам. Дар болои ҳамон сангҳое, ки барои бунёди баррикадаҳои Париж чун мавод хизмат мекарданд. Ман дар байни ин сангҳои бадбӯй ҷои писандидае доштам — дар назди яке аз ҳалқаҳои зангзадаи бандар. Дар он ҷо катчаро кушода, шими аскарии катонии ранги зайтунамро мекашидам. (Чанд ҷуфт шими пахтагиву қоғазиро аз Калифорния, аз мағозаи ҳарбиёни «Дасти дуюм» овардаам.) Шим, мӯза ва футболкаамро зери сар гузошта мехобидаму пӯсти баданамро сурх мекардам. Шахсони ҳамеша дар ин соҳили санглох ҷамъшаванда оҳиста-оҳиста ҳозир мешаванд. Мо ҳама якдигарро мешинохтем, салом медодем, вале махсус кӯшиш намекардем, ки ба ҳам наздик шавем. Рост дар пеши соҳил калисои Нотр-Дам де Париж воқеъ буд, фақат аз ҷониби қафои бино ба мо менамуд. Аз пас вай ба киштии кайҳоннавард монанд буд, ки дар панҷаҳои худ нимхам шуда нишастааст. Як қисми биноро бо тӯри камуфляжӣ пўшидаанд. Дар ин ҷо дарьёи Сена дубора васеъ мешавад ва қад-қади шохаи ба мо наздиктаринаш баржаҳои пур аз рег, ангишт ва ҳезум ба самти Майдони Конкорд ба Понти Александри III, ба Трокадеро ва бурҷи Эйфел равон мешаванд. Аз шохаи дигари дарё ҳамон баржаҳо ба самти муқобил, тақрибан ба сўи Боғи ботаникӣ ва вокзали рохи оҳани Аустерлитс мераванд. Бо фарорасии рўзҳои гарм дар соҳилҳои дарёи Сена фавран чунин ҷойҳои оббозӣ зиёд мешаванд. Хусусан, дар қисми марказӣ, дар ҷазираҳо, дар наздикии Лувр, дар наздикии боғи Тюилра. Ҳамаи шўрапуштҳои сершумори шаҳр ба соҳили дарёи ҷовидона фурў мерезанд. Дар охири ҳазораи якум — ибтидои ҳазораи дуюм дарёи Сена дар обҳои худ киштиҳои ҷанговарони норманиро дидааст. Немисҳо ба Париж ҳамла мекарданд. Ҳарчанд на бештар аз мо шино карда меомаданд.

Ман садҳо рӯзҳои хушбахтии мисли хаёл ноустуворро дар лаби дарёи Сена гузарондаам. Пӯстам аз офтоб ва ифлосиҳои шаҳр ба хориш медарояд. Шароб барои дар ҳолати сабуки аблаҳона нигоҳ доштани худам ёрӣ мерасонд — «грогг» чунон ки америкоиён мегўянд. Духтарони парижй дар паҳлуям дар ҳолати topless — синаҳои сафед ва пистонҳо боло ҷониби осмон мехобанд, аз сари пул ва чўбҳои муҳофизатӣ намояндагони халқҳои камрушдёфта — арабҳо ба онҳо нигоҳ мекарданд. Аллоҳ маро бубахшад, аслан суст рушд накардаанд, бо ҳазлу киноя мегўям, аммо дар фарҳанги онҳо одат нест, ки духтарон дар маркази шаҳр синаашонро намоишкорона ба маърази тамошои мардум гузоранд.

Гоҳо завҷаам Наташа пайдо мешуд, ки зуд гузашта ба ягон ҷо мерафт. Вай метавонист ягон соат ба ман ҳамроҳ шавад, аммо ҳар дафъа ӯ бо хашм машғулияти маро беҳуда ва нороҳат меҳисобид. Аксар вақт назди мани дарвеш, ё чунон ки худро пас аз мутолиаи романи машҳури Луи Арагон «Пайсан де Пари», яъне деҳқони Париж меномидам, рассом Вильям Брюи меомад. Он солҳо ў дар наздикии ман зиндагӣ мекард. Ба ў як ҳуҷрачаи мисли маҳбасхонаи танг дар ҷазираи Луии Муқаддас насиб гашта буд. Чанд маротиба дар ин ҷо таҳти манзараи Нотр-Дам, зери дуди гази мошинҳо, доду фарёди сайёҳон, зери нигоҳи арабҳо ва духтарони нимурёни topless, мо базмҳо оростаем. Ман, Наташа, Вилли Брюи, Терри Мариняк ва чанд каси дигар, ки он солҳо зиёд буданд. Ҳамин тавр, макони назди дарёи Сена қароргоҳ, манзил — ситоди ман буд! Ҳеҷ кас ҷуръат намекард ба оби дарёи Сена дарояд. Дар тӯли солҳо танҳо чанд истисноро дар хотир дорам. Вақте ҳаво махсусан гарм мешуд, чанд маротиба то зону ба об медаромадам. Фарши сангӣ мисли роҳ ба об нишеб мегардад. Агар касе аз мубориза бо мавҷҳо хаста шуда, ногаҳон берун шудан хоҳад, бо роҳи хубе ба осонӣ боло мебарояд, шарт нест, ки то беҳол шудан қад-қади соҳили баланди дастнорас шино кунад.

Даврони дар Париж зистаам, бешубҳа, хушбахттарин солҳои ҳаёти ман буд. Ба пўсти бадан ва поям, ки гоҳо то зону дар оби Сена мешустам, ҳеҷ чиз нашудааст. Пас, оби Сена набояд он қадар хатарнок бошад.

Як сурати хуби тайёркардаи Лотрэк ҳаст. Акси Парижи солҳои 80-ум, ки аз ҷониби Жерар Гасто гирифтааст: ман дар болои боми Нотр-Дам де Пари истодаам ва аз дур, то бурҷи Эйфел, аз зери пулҳо дарёи Сена менамояд. Боз як акси ҳамон Жерар Гасто ҳаст: ман дар тан шинели аскари шўравӣ, дар торикӣ, дар кунҷи шимолии ҷазираи Сен-Луи нишастаам, дурахши дастгоҳи аккосӣ маро аз торикӣ мебарорад. Дар Париж, ба ҳар ҷое, ки равед, дарёи Сена ҳаст. Охири солҳои 80-ум мехостам асаре нависам: «Таъсири дарьёи Сена ба «Гулҳои бадӣ»-и Шарл Бодлер», вале натавонистам. Сад афсўс.

Дарё обу ҳавои шаҳрро идора мекунад. Аз болои он моҳихўракҳо парвоз мекунанд. Ба ҳама хатсайрҳои сайёхии Париж дарьёи Сена дохил мешавад. Кори ман дар ин шаҳр бобарор буд: даҳ роман, шаш китоби ҳикоя навиштам, вале бештар аз ҳама, ба ман ором шудан лозим буд. Дар нимаи дуюми рӯз, таъоми пешинро хўрда, ба соҳил, одатан назди пули Луи-Филипп мебаромадам ва аз соҳили рост, аз таги пулҳо гузашта, дуртар ва дуртар мерафтам. Хатсайри ман ё дар майдони Конкорд анҷом меёфт, ё то пули Александри III мерасидам, сипас ба чап гашта ба марғзори Елисей баромада, ба Арк де Триумф — бурҷи Шараф мерафтам. Дар бозгашт ҳам пиёда меомадам. Роҳ ба суи Арк де Триумф ва бозгашт беш аз дувоздаҳ километр буд. Дар зимистон одатан мӯзаҳои сурхи амрикоии то зону баланд, курткаи чинии бе гиребони ранги хакӣ* ва шарф мепӯшидам. Миёнамро бо камарбанд мебастам. Вале дар сарам чӣ буд, фаромӯш кардам.

Бо суръат роҳ рафта, фикр мекардам. Аз пули Луи Филипп гузашта, ба зудӣ аз рости бинои ҳукумати шаҳри Париж баромада, ба меҳмонхонаи де Вилл мерафтам. Бинои ҳукумат нисбатан нав буд — вай соли 1871 барои иваз кардани бинои пешинаи дар замони Коммунаи Париж тахрибгашта сохта шудааст. Аммо тахтасангхои обхўрдаи идораи шаҳр, ки ба дарё мефуроянд, замини майдони ҷабрдидаи Грев — макони қатл ва шиканҷаҳоро пинҳон медорад. Маъмурони зираки муосир Гревро аз харитаи Париж хориҷ карданд. Вай ҳоло Place de l’Hotel de Ville — Майдони меҳмонхонаи де Вилл номида мешавад. Номи Грев имрўз ба маънои ҷойи корпартоӣ хидмат мекунад. Хеле пеш, дар замонҳои қадим, ҳатто пеш аз он, ки вай ба ҷои қатл табдил ёбад, ин нишебӣ дар соҳили Сена чун макон барои онҳое хидмат мекард, ки ҷойи кор надоштанд, яъне дар вазъияти Грев буданд. Яъне, дарвоқеъ, замоне ин маҳалро Майдони бекорон мегуфтанд. Он тараф дарёи Сена (вай ҳамеша бӯй мекунад: дар тобистон — бо гармии намноки хонагӣ, дар зимистон — бо тарбоди шадид ва баданро сӯрохкунанда) аз назди мағозаҳои «Самаритэн» ба Пон-Нейф ва Пон де Арт — Майдони Ҳунар мегузарад. Дар тамоми соҳилҳои дарьёи Сена дарахтони кастона шинонда шудаанд. Дар баҳорон ҳама ҷо аз бўйи гулҳои он муаттар мешавад, тирамоҳ пўчоқи бешумори сабзи пароканда ё меваҳои калони қаҳварангаш роҳҳоро пур мекунанд. Дар тарафи рост бинои дарози якранги сиёҳу хокистарранг, ҳамагӣ тақрибан иборат аз се ошёнаи паст — казармаҳои Лувр тўл кашидааст. Пас аз он Лувр ба охир мерасад ва девори боғи Тюилри оғоз меёбад. Дар рў ба рўи дарьёи Тюилри дар Сена баржаҳо лангар зада меистанд. Дар онҳо сарватмандон зиндагӣ мекунанд. Сокинони баржаҳоро тобистон дар болои тахтаҳои саҳни киштӣ, дар байни тубакҳои гул қадаҳ дар даст дидан мумкин аст. Шумо метавонед дар дарёи Сена то абад сайр кунед. 150 сол, аз он ҳам бештар ва ҳеҷ гоҳ дилгир нашавед. Дар рӯзномаҳои ман, ки дар Париж мондааст (ҳазорҳо саҳифа), шояд сабти ин сайругашти чордаҳсола бошад.

Меравӣ, бо як маром мӯзаҳоятро кўфта садо мебарорӣ. Якка. Танҳо бо дарьё ва сангҳои кадима. Биноҳои тиҷоратии мағозаҳои «Самаритэн» кам шуда, дар фосилаи байни онҳо ва биноҳои назди Лувр калисо ба назар мерасад, ки аз он дар шаби мукаддас Варфоломей барои дафъ кардани гугенотҳо бонг мезад. Сад қадам дуртар аз дарёи Сена. Сена ҳама чизу ҳама касро мешунид. Дар соҳили Волтер тани танҳо Рудолф Нуреев, як гирифтори бемори СПИД, дар охирин моҳҳову рӯзҳои умраш қадам мезад.

Волга

Одамон пайваста мемиранд. Ҳам пиру ҳам ҷавон. Ба ёдам меояд як ҷавонписар аз шаҳри Кимри, мудом ғазабнок ва сармохўрда. Лақабе дошт — «Вася». Боре ба шаҳри Дубна даъват карданд, ки дар китобхона суханронӣ кунам. Сафар ба авбошии ваҳшиёна табдил ёфт. Аниқтараш, ба он ҷо бе мушкилот рафтем, ман бо хонандагон вохўрдам, тавре ки зарур буд. Вале ҳангоми бозгашт дар хотир дорам, ки «Вася» дар ҳузури ман як афсари бегуноҳро то хуншор шуданаш бераҳмона латукўб намуд. Гап дар ин ҳам не. Боре «Вася» дар тан калтаэзор аз хона баромад, ӯро ба сӯҳбате даъват карда буданд. Ва ӯ дигар барнагашт. Вай хурдҷусса буд, шояд аз ҳамин сабаб худсар буд.

Ба Кимри бошад, боз чанд маротиба рафтам. Чунки дар он ҷо волидони асосгузори ҳизби мо Тарас Адамович Рабко зиндагӣ мекарданд. Ин шахси таърихӣ маро водор кард, ки рӯзномаи «Лимонка»-ро бунёд кунам. То он вақт ӯ Ҳизби миллии болшевикиро сабти ном карда буд. Солҳои охир оҳиста-оҳиста аз мо дур шуд. Ёд дорам, ки ман ба Кимри барои дидани ӯ ҳамроҳи Лиза рафтам. Дақиқан, тобистони соли 1996 буд, зеро аз соли 1997 ман бештар ба Осиёи Марказӣ сафар мекардам, сипас дар Ставропол — дар марзи Чеченистон — дар интихоботи миёндаврии Думаи давлатӣ дар он ҷо ширкат намудам. Хулоса, соли 1996.

Тарас ва Лиза ба ҳам монанд. Мисли бародару хоҳаранд. Ҳамон чашмони кабуду хокистарранг, ҳарду лоғар мисли сихи кабобпазӣ, аспрўй, пӯсташон сафеди сурхгуна. Дар миёнаҳои солҳои 90-ум касе ба Тарас гуфтааст, ки насаби украинии ӯ аз як решаи Рабин ва Рабинович аст ва ҳамин тавр ба касби коҳинӣ — раввинӣ бармегардад. Инро Тарас ба ман бо оромии омехта бо даҳшат гуфт. Ҳамин тариқ, эҳтимол дорад, ки Тарас ва Лиза аз як қабилаи Исроил бошанд. Вақте Лиза дар кўчаи Чапаеви шаҳри Кимри дар диван нишаста буд, ман ба модари Тарас гуфтам: — Бинед, онҳо чӣ қадар ба ҳам монанданд, мисли додару хоҳар. Очаи Тарас ба Лиза нигариста, ошиқ шуд. Аммо Лиза аз ишқ истифода бурда наметавонист, муддати дароз ҳамроҳи ман намонд, ҳарчанд то моҳи марти соли 1998 барои мо «Лимонка»-ро саҳифабандӣ мекард. Ҳама Лизаро дӯст медоштанд, модарам низ. Дар Маскав модарам Лизаро «гунҷишкак» мегуфт. Аммо гунҷишк дандонҳои птеродактил дошт, ки онро занони меҳрубон — модарони мо медонистанд. Хуб, шояд дар бораи дандонҳои птеродактил муболиға кардам, аммо Лиза, оҳ, Лиза... ўро ва ангезаҳои ҳаёти ӯро шарҳ диҳам? Не, вай зани танҳо ва мустақил набуд, ҳарчанд ба гумонаш гўё чунин аст. Вай танҳо мехост, ки бо бисёриҳо, бо тамоми ҷаҳон пайвастаю вобаста бошад, на ба як мард. Аллакай, пас аз шаш моҳи ҳамроҳ зистанамон, ман фаҳмидам, ки ў риштаҳои дўстии рафиқони пешинаи худро намеканад, вай дар ҳамон эҳсосот зистанро идома медиҳад, чунон ки тортанак дар торҳои худ ба гӯшаҳои кӯҳнатаринаш меравад ва ҷасади пашшаҳои мурдаро, ки кайҳо макида буд, ламс мекунад. Ў ба назди ошиқони собиқаш ҳам мерафт.

Дарвоқеъ чӣ гуноҳест ин? Табиати вай ҳамин хел буд... Аммо, як таркиби ҷиноятӣ дорад — ин зидди ишқи зинда аст. Ишқи зинда мехоҳад пурра фарогир бошад, рақобати ишқхои мурдаи пешинаро таҳаммул намекунад.

Ман аввал ба ў чун ба муҷассамаи зебоӣ дил бастам, баъд ӯро чун фоҳиша қабул кардам. Ин ду чангак кифоя буд, ки муддати тӯлонӣ маро бо ӯ нигоҳ доранд. Қади вай хеле дароз (падари рассомаш умуман қариб ду метр қад дошт), устухонҳои борик, ронҳои кӯдакона, пойҳои дарози беохир бо зонуҳои бечораи кӯдакона, миёни борик, бо синаҳои аҷиби мисли харбузаҳои вазнин. Дар зоҳир ба аҷнабиён монанд буд. Яҳудӣ буданаш аз ҳама дер ба ёд меомад. Бештар ба як зани ормонии фаронсавӣ аз табақаи ашрофон, агар чунин чизе вуҷуд дошта бошад, монанд буд. Sophisticated look — нигоҳи нозук дошт ў. Бо ин ҳама зоҳири аҷнабӣ, вай аз ягон забони хориҷӣ калимае намедонист, ҷаҳонбиниаш бо ҳаёти ҳаррӯза маҳдуд буд, танҳо ба зиндагии дӯстону наздиконаш таваҷҷуҳ мекард — хоҳарон, падар, модар, ҷиян, Никита — шавҳари хоҳараш ва тўдаи калони ошиқони кӯҳна ва наваш.

Дар моҳҳои аввали зиндагӣ бо ман яхи сарди танҳоияш каме об шуд, муддати кӯтоҳе кӯдаки танбал, ором ва хушбахт шуд. Баъд вай боз ба танг омада, то ҳадди золимӣ мерафт. Вале вақте нохост «кӯдак» мешуд, ҳамроҳи ман соатҳо дар рӯи фарш нишаста, Эдит Пиаф ва тарҷумаи таронаҳои маро гӯш мекард, шароб менӯшид ва бо чашмони пур аз шодӣ менигарист. Вале ман ӯро дар ин ҳол дер нигоҳ дошта натавонистам. Ў ба ман имконият надод. Ў саросема ба ҷое мерафт. Минбаъд зуд-зуд дар ҳолати изтирории шитоб меафтид. Вале гоҳо ба ман меҳрубон мешуд. Шояд бешафқатии ягон каси дигар ўро боз ҷониби ман тела медод.

Дар яке аз чунин ангезаҳо мо ба шаҳри Кимри рафтем. Дар истгоҳи Савелово ба қатораи барқӣ зада даромадем. Дар хонаи калони пурфайзи волидон сари дастархони аз ғизоҳои хушбӯй ва хушмаза ороста нишастем. Ман бо падараш Адам шароб нӯшидам. Бо майдаавбошон, дӯстони кӯдакии Тарас, ки ҳоло авбоши ҳақиқӣ шуда ба воя расидаанд, мо дар роҳҳои Кимри бо суръати беҳад тез мошин рондем. Барои кадом кори номуайян, ки одатан дар шаҳрҳои музофотӣ ҳамеша пайдо мешаванд.

Ба бозор даромадем, гӯшти хук харидем ва онро дар кулбаи чӯбини яке аз авбошон, ки ба як роҳзани далер табдил ёфта буд, маринад кардем. Аз байни ҷангал ба соҳили Волгаи обаш гилолуд рафтем. Зуғол тайёр кардем. Борон борид. Ман ҳамроҳи бачаҳо дар Волгаи лойолуд шино кардам. Аз пешамон баржаҳои калон садо дода шино мекарданд. Бону Лиза дар тан шими ҷинс, дар тан курткаи яке аз роҳзанҳои ҷавон пайи ҳам сигор мекашид. Ба об надаромад. Гӯштбирён хӯрдем.

Рузи абрноки сарди боронӣ буд. Арақ мадад расонд. Ман як камбудӣ доштам — дар тарафи ирости пуштам доғҳои тира ҳаст. Барои ҳамин бо зани дӯстдоштаам рӯ ба рӯ нишастанро афзалтар донистам. Ба фикрам, ман ҷолибтарин марде будам, ки он солҳо дар ҳудуди аз Владивосток то Гибралтар ёфта метавонистанд. Хайр, яке дар гуруҳи хурди ҷолибтаринҳо. (Ҳамроҳи чанд бачаи хуб: Аркан, Караҷич, Денард, Жириновский). Ва ман мондам. Вай дар натиҷаи найрангҳо ва иваз кардани муҳаббатҳо бо як марди итоаткори зишти сафедпӯст зиндагӣ мекунад (аниқтараш, мард дар хонаи ў зиндагӣ мекунад). Аҷоиб. Барои чӣ? Вай ба даҳони зан нигоҳ мекунад ва аз паси ӯ меравад. Ман ӯро сарзаниш мекардам, ки ў китоб намехонад, ахборро тамошо намекунад. Баъдтар як шиносаш нақл кард, ки чӣ тавр ӯро ба доми худ даровард. Вай ҳолатҳои аҷиб месохт. «Хуб, маро бибӯс. Медонӣ, ин чӣ хел мешавад?»

Дар вуҷуди ў чизҳое буданд аз идроки ў бештар. Вай метавонист сатҳи зиндагии худро хеле баланд кунад. Зани танноз мисли як гурбаи нодир, як фоҳишаи гузаро ва ин тири як зани хориҷӣ аз ҷомеаи воло. Вай ба қаҳрамонзани филми «Никита» монанд буд, аммо на ба сериали немисии бесарусомон, балки нусхаи аслиаш, ба филми фаронсавӣ. Ояндааш чӣ мешавад? Бисту нӯҳсола шуд. Метарсад, ки истиқлоли худро аз даст медиҳад? Эҳ, Лиза... Касе таваккал намекунад, шомпон намехӯрад.

Аммо Волга дар тани васеи холаи обии фарбеҳ ҷунбиш карда, ба бистари лойолуди гилинаш мезанад. Волга аз тамоми ҳудуди Россия набард карда меояд. Ҷойгоҳи Волга-хола дар Россия — хола аст, хола бар хола. Хезуми арча месўхт. Роҳзанони ҷавон дар назди Лиза Бону худро ашрофзода вонамуд мекарданд. Баржаҳо ба замонҳои оянда ва гузашта мераванд. Дар асл, дар ҷояшон истодаанд. Борон ба рўи оби қаҳваранг ҳубобчаҳо мерехт. Савелово дар як соҳили Волга, Кимри дар соҳили дигараш воқеъ аст. Мувофиқи ҳикояти Тарас, лашкари кимриҳо ва савеловоҳо, аз замонҳои қадим меҷангиданд. Ва дар байни онҳо Волга ҷорӣ мешавад. Якчанд чӯби сӯхта ва охири сигорҳои кашидаи Лиза Бону дар он тараф монд...


* Хаки — ранги ҷигарии кабудфом.