Вақт — чиз аст гуфт антиқафурӯши ландонӣ...
* * *
Вақт — чиз аст гуфт антиқафурӯши ландонӣ.
Вақт тан дораду ҷойи гурез надорад,
Ҳарчи беш зистӣ, мефаҳмӣ, намеёбад чизе тағйир,
чизе пойдор нест, чизе гум намегардад,
ҳатто аз ғубори шӯрбои ҷӯшида
антиқафурӯш маҳфуз медорад чизеро.
Ва пешниҳод кард ба мо моли ба фурӯшнарафтаи худро:
ангуштарини арӯсӣ аз тиллои сафед бо шаш бриллиант,
ки бо он хоҳараш ба шавҳар баромада буд,
вале шояд амиқ наандешида буд
ва навхонадорон зуд ҷудо шуданд. Ба ҷуз ин
нишон дод ҳалқаҳои ёқутии зеборо
ва ангуштаракеро бо санги қиматбаҳои сабзи шаффоф
ва сангпушти нуқрагину чинии делфиндорро,
филро ба ранги дарахти сурх, вале Марина
ба ногаҳ дид соати Рене Лаликаро —
модерни бемарг, гулҳо, парандагон,
ва ошиқ шуд фавран ба онҳо девонавор,
ин аст, ки мо қарор додем коллексияи Лаликаро
сарфи назар кунем, то ки моро
ин ҳазорҳои сарфкардаамон муфлис нагардонанд.
Ба ман бошад, ҷисмаки фахфурии
«Тири худро чархонидани Купидон*» писанд омад.
Дар пайкарачаи дигар — бачаяки лӯндаи болдор
пинҳон шуда дар паси бутта
бо табассуми фиребини дуздона яроқи худро дар чарх метезонад
мансуб ҳатто ба соли 1779, — чӣ мазох.
Мо чизе нахаридем. Ман ку аслан меҷустам
Евтерпаи гаҷкардашудаи хурдакро,
вале чизе наёфтам, ба қаҳр омадаву дар бозгашт меғурунгидам.
ҳарчанд Евтерпа дар барам буд, аммо асабҳо, асабҳо.
Вале антиқафурӯш хафа шуд. Хайр, ба мо чӣ?
Ман шарфамро тарангтар бастам ва кулоҳамро поинтар фуровардам
ва мо дуртар то Портобелло рафтем,
ки ҳанӯз вақт ба ҷисми сохташаванда шакли ниҳоӣ медод.
* Купидон — худои ишқ аст, кт дар асотири антиқа ба сурати писарбачаи тиру камон дар
даст тасвир меёбад.