Март
Доғҳо бешакл: зумрадгунаву қурғошимӣ,
Гӯшааш зангорбаста раддаи фирӯзахат.
Доғи сероби гулобӣ бо ҳама бешу камӣ,
Соядасти пошна дар лойи роҳи беҷиҳат.
Равшанӣ не, ҳаҷм не. Ман як қадам рафтам қафо,
Бингаристам пас бадиққат расми худрову базуд
Дар паси гудол, ҷое, ки дар он попӯшҳо
Буд, дидам нуқрагун барфе ба лавҳи этюд.
Тӯдабарфи кандакории сафеди дерпо,
Андаке ниливу оҳакрангу дудии ғанӣ.
Пуштаҳо бо нақшҳои пайрароҳи мӯрҳо
(Бошитобу хурдурезу пешбиникарданӣ)
.
Сояи мехе. Валекин сақф болотар аз он,
Ҳамгироии шабеҳи мавҷи рангуборҳо.
Ғарқ гардида нигоҳу байни хатҳо ногаҳон
Чанг барзад он кулоҳи оҳании мехро.
Дар вагонак — бо фарохӣ! — мезиҳад, деворро,
Пас ба тарсу ларзу ҷастухез рафт, аз ин масир
Лаб-лаби дарзи кабуд, бо мармари тирезаҳо,
Ҳам даруни ҷӯйи руҳин — то ба ҳавзи обгир.
З-обгире, ки аз он як шарраи пурпечутоб
Бар даруни тираи як бушкаи сӯроху каҷ
Резаду бо чобукию зиракӣ дар санг тоб
Мехӯрад, в-онгаҳ шағал гардад ва ё дажғолу гаҷ.
Андаруни барфи хоколуда... ин ҷо ин замон
Хотироти отии худро бидидам бо дареғ.
Хӯрдам афсӯс аз ҳама ин рангубору матни он,
К-он садо аз дурҳо бидҳад ба ҳар маъно дареғ.
Ҳар қадар монӣ қадам бар пеш, гардад хавф пеш,
То налағжӣ дар кадомин дому бешаклӣ, ки ном
Мешавад дар он гуму торик гардад шом беш,
На ба лаҳза, бал ба ҳушу ёд бояд эҳтимом.
Аз ду расм охир кадоме воқеитар будааст?
Чун бувад имрӯз кӯр, оянда бино, бе шаке.
Чашмро доғи гулобӣ мекашад оё чу даст?
Чист ин: мӯбанд ё бандина ё рӯмолаке?




