Рафтам чу бар Уфалей ман дар сари қатора...
* * *
Рафтам чу бар Уфалей ман дар сари қатора,
бо дӯстон ҳамоғӯш дудаставу дубора.
Дида ба завқ онро бо чашми кӯдакона,
Дидам самои меҳан рӯзонаву шабона.
Парвоз метавон кард бе бол дар ҳавояш,
бо чашми нам тавон дид он самти дилрабояш.
Ин марғзору ҷангал, мошинаву трактор,
Аз субҳи солеҳон аст ин халқ бастаи кор.
Тифлон суроғи хориҷ,занҳо сабад ба дастанд,
Дар шустани мотосикл чанде миён бубастанд.
Битвон даме ба сабза андеша карда хобид,
Шояд бимонд ин ҷо бо амри хешу эзид.
В-ар не, магар тасодуф ман омадам ба ин ҷо,
Ҷойе, ки андар он ҷо қалбам биёфт маъво.
Дар ҳар қатора озод буданд шоду хуррам,
Ҳамроҳи ман фирорӣ аз дасти ғуссаву ғам.