Андар он дунёи кафелӣ, бароҳат, ҳамшабеҳи он бухорие, ки ҳолландист...
* * *
Андар он дунёи кафелӣ, бароҳат, ҳамшабеҳи он бухорие, ки ҳолландист,
Сард монанди қаноти он парии об, к-аз толоб меояд бурун,
Чун шаби мавлуди Исо сарду сӯзон,
Ҳамчу оби тирамоҳӣ нуқрагун, —
Осмонҳо ҳамчу сандуқ боз мегардад ба мифтоҳи мисин,
Пас ба рӯзи дилкаши сентябр
Аз самои кошӣ мерезанд бар рӯи кафони ту
Ахтарон, африштаҳо, моҳичаҳову дилчаҳои қаҳрабоӣ.
Гар дар он дунёи кафел, олами афсонавӣ як муш дарояд,
В-андар он хомӯшии хокистарӣ тарсат диҳад ӯ,
бо хиширҳову садои хоидан
В-аз гулӯи ҳасрати якранги ангенӣ ғиҷиррас мезанад,
То халал орад ба густохӣ чароғони фурӯзонро, —
Сақфи болоро кушоем,
То ки бод орад ба ҷавлон пардаҳоро
В-андар он ҷо, дар баландӣ,
Гурбаҳои болафшони худоӣ абрро доранд,
Абри лозурию барфию чу эмалҳо сапед.
Муш занад дандон ба сӯи посбон, дар осмон
Боди гулгун гирд гардад мисли тори тортан бо нуқрагун парвоз.
Инак он боронаке чун қатрахун гардид,
Мон, ки андар боғи мо чун охирин ҳосил ба рӯи буттаҳо афтад.