Бишкаст рўди Нева ба резишгаҳ...
* * *
Бишкаст рўди Нева ба резишгаҳ,
Хуршед гарчи шишаи дурбин буд.
Ишқи ту бештар зи ҳаёт, аммо
Шояд, ки кам зи марг... ва ҳақ ин буд.
Уммедвор аз ту будам чун Ҳақ,
Бар ман накард раҳм Худо дигар.
Ишқ аст бештар зи аҷал, аммо
Гоҳе ба иттифоқ шавад камтар.
Бишкаст рўди Нева ба резишгаҳ,
Хуршед гарчи шишаи дурбин буд.
Ишқи ту бештар зи ҳаёт, аммо
Шояд, ки кам зи марг... ва ҳақ ин буд.
Уммедвор аз ту будам чун Ҳақ,
Бар ман накард раҳм Худо дигар.
Ишқ аст бештар зи аҷал, аммо
Гоҳе ба иттифоқ шавад камтар.




