Афсари мустаъфӣ дандони тилоиро ҷило дод...
* * *
Афсари мустаъфӣ дандони тилоиро ҷило дод,
Истаконашро ба рӯи миз барафканд ҷарроҳ.
Он яке меҳмон ба замбӯруғ газак мехӯрд,
Бонувон бо рақс мерафтанд дар роҳ.
Он якеро шӯхиомезона мегуфтанд буржуй,
Лек асли базм дар ёди кас акнун нест,
Як ҳунарманде қабо аз тан бадар мекард,
Худ намедонист ноомад варо аз чист.
Гар Фаронса буд, капрал мебуд он афсар,
В-он ду дар Марсел мебуданд савдогар.
Лек масти дар паси тиреза афтода
Дар хаёли худ генерал ҳасту не камтар
Афсари мустаъфӣ дандони тилоиро ҷило дод,
Истаконашро ба рӯи миз барафканд ҷарроҳ.
Он яке меҳмон ба замбӯруғ газак мехӯрд,
Бонувон бо рақс мерафтанд дар роҳ.
Он якеро шӯхиомезона мегуфтанд буржуй,
Лек асли базм дар ёди кас акнун нест,
Як ҳунарманде қабо аз тан бадар мекард,
Худ намедонист ноомад варо аз чист.
Гар Фаронса буд, капрал мебуд он афсар,
В-он ду дар Марсел мебуданд савдогар.
Лек масти дар паси тиреза афтода
Дар хаёли худ генерал ҳасту не камтар




