Рафтанд аз канори ту, Меҳан...

* * *

Рафтанд аз канори ту, Меҳан,
Паррандагон ба кишвари берун.
Ғамгин суруди «хайр» сароянд
Симторҳои холии гардун.

Бо шўру бо ғалоғулаи шаҳр,
Оҳ, он суруди гунг бадал шуд.
Дар осмони софият ин бор,
Чӣ ҷангҳо гузашту ҷадал шуд.

Аммо ҳанўз ақл баҷо ҳаст,
Фардои некрўзи ту ҷўён.
Чун тўдашоирони ту доим,
Аз зарраҳои хоки ту гўён.