Дар раҳрави бозор чун девонагон он пири ғижжакзан...

* * *

Дар раҳрави бозор чун девонагон он пири ғижжакзан,
Дар шўри оҳангаш ниҳон ҳам гиряву ҳам нози хандидан.

Ғижжак шабаҳвор асту оҳангаш хамўшизарб бар гўш аст,
То пири хира гашта бар кўдак зи дунёяш фаромўш аст.

Бо содагияш пир дар бозор машҳур аст, аммо кас
Аз ў фақат ғижжак ба хотир дораду чўби камонча бас.

Оҳ, ин муғаннӣ гум шавад алҳолу баъди чанд сол аз нав,
Худро намоёнад ба кўдак бо ҳамон оҳанг дар раҳрав.

Бар кўдаке, ки бар ҷаҳони тунди беоҳанг орад хоби сангинаш,
Ин ҷо чӣ лозим оядаш аз ғижжаку оҳанги ширинаш?!

Аммо нахоҳад рафт он пири муғаннӣ аз сари кораш,
Дилро навозад боз аз девонагӣ оҳанги такрораш...