Соҳил
Хира-хира рӯшноӣ медиҳад дар торикӣ
тарқҳои қуллаҳову теғаҳо
ончуноне ки бубардоранд нусха
аз матои кӯҳнаи сатҳ.
Бо пичирросу ба харротӣ
ба хир-хир рӯ ба рӯи мо,
сайкале додаст ононро,
мавҷи ҳасратбори соҳил асрҳо...
Ман наям ҷонибдори
ҷафстар худро ба хок андохтан.
Мекунам андеша аз Кайҳон,
боз равшантар бигардад
риштаи пайванди оғозини
ҳикматбори нозуки занона —
в-ин булӯри нуқрагини
равшани бандар.




