Ин ҳама поён надорад гӯиё...
* * *
Ин ҳама поён надорад гӯиё,
То падар аз кор ояд, модар ӯро интизор,
Дар тағора ҷомашӯӣ мекунад модар,
Баъд мешӯяд маро дар он қатор.
Нест поёни ҳама ин, нест поён,
Балки момо ҳам ҷавон бошад ба сад тов,
Балки бобо ҳам бувад зинда, саломат,
Дар Кремл ҳукм меронад Хрушёв.
.Бо ракета бар само сагбачаҳо рафтанд
Лек аз тақдирашон бар мо хабар н-омад.
Мо набудем интизори инчунин анҷом,
Бин, ки аз қисмат чӣ фардое баромад.
Панҷаҳои вақт аммо мисли ҷорўбанд,
Чашмҳояш аз тамаъ пуранд.
Меравад вақт оқибат аз мову ту аммо,
Чун кунем, африштаҳо аз мову ту дуранд.
Ин ҳама поён надорад гӯиё,
То падар аз кор ояд, модар ӯро интизор,
Дар тағора ҷомашӯӣ мекунад модар,
Баъд мешӯяд маро дар он қатор.
Нест поёни ҳама ин, нест поён,
Балки момо ҳам ҷавон бошад ба сад тов,
Балки бобо ҳам бувад зинда, саломат,
Дар Кремл ҳукм меронад Хрушёв.
.Бо ракета бар само сагбачаҳо рафтанд
Лек аз тақдирашон бар мо хабар н-омад.
Мо набудем интизори инчунин анҷом,
Бин, ки аз қисмат чӣ фардое баромад.
Панҷаҳои вақт аммо мисли ҷорўбанд,
Чашмҳояш аз тамаъ пуранд.
Меравад вақт оқибат аз мову ту аммо,
Чун кунем, африштаҳо аз мову ту дуранд.




