Бӯи сардист, к-аз шимол ояд...
* * *
Бӯи сардист, к-аз шимол ояд,
Аз хунукӣ карахт гардад рӯд,
Боз бар дӯши шаҳри вайрона
Абр дорад шино мисоли дуд.
Абр аз дӯши пойтахт омад,
Аз Кремл, зи бораҳои он,
Бар сару дӯши деҳаи матрук,
Кишвари хастаҳоли пурармон.
Осмони баланди бепарво,
В-ин самои кабуди бепоён.
Ҳамчунон қуллаҳо намоёнанд
Абрҳои сафеди парафшон.
Боди тунди замонаи бадхӯ,
Нест алҳол бар сарат ҳоким,
Бар сари Русу ин шукӯҳу ҳусн
Абрҳо бигзаранд чун таҳрим.
Шакл дигар кунанду ҷоро ҳам,
То ки ин рӯз мерасад поён,
Бо чи азмеву бесадо оянд
Сояҳошон чун мушак паррон.
Бӯи сардист, к-аз шимол ояд,
Аз хунукӣ карахт гардад рӯд,
Боз бар дӯши шаҳри вайрона
Абр дорад шино мисоли дуд.
Абр аз дӯши пойтахт омад,
Аз Кремл, зи бораҳои он,
Бар сару дӯши деҳаи матрук,
Кишвари хастаҳоли пурармон.
Осмони баланди бепарво,
В-ин самои кабуди бепоён.
Ҳамчунон қуллаҳо намоёнанд
Абрҳои сафеди парафшон.
Боди тунди замонаи бадхӯ,
Нест алҳол бар сарат ҳоким,
Бар сари Русу ин шукӯҳу ҳусн
Абрҳо бигзаранд чун таҳрим.
Шакл дигар кунанду ҷоро ҳам,
То ки ин рӯз мерасад поён,
Бо чи азмеву бесадо оянд
Сояҳошон чун мушак паррон.




