Барои шумо ин замон менамоям...
* * *
Барои шумо ин замон менамоям
Ман инро ба ҳар рангу ҳар сон рақам.
Навори сиёҳу сафед он замонҳо вале
Ба худ дошт аз нуқра қишри ниҳоне,
Ки зоҳир ҳамекард сурат, бале.
Варо маҳкаму хушк карда сипас ман
Муҷалло ҳамекардам он сон, ки донӣ.
Буд аз ранги алвон ҳама хона сурх,
Чу дар коғази рангаи шоколадӣ
Ниҳон гашта конфети «Мишка»-и хуштаъм.
Ҳама ин банудрат буду ҳам мураккаб,
Чу гулнақши ҳаррангаи шишагие
Ҳаметофту чашмро нур медод
Асосан ҳама сурати чеҳрабинмо
Ва ҳам акси оилавии мураттаб —
Либосони расмию рӯҳои ҷиддӣ,
Ҳама буд фармоишӣ, хуб, зебо.
Се қуттии аксу навори калонҳаҷм
Ғарам гашту мӯ ҳам сафедӣ гирифт.
Чунон ки дигар ҷо барошон набуд,
Ва ҳам аз буданшон набуд ҳеч суд.
Сипас пул ғун карда бо нӯги сӯзан
Сканери навро харидему он гоҳ
Шабу рӯз заҳмат кашидему як моҳ
Ҳама аксҳоро ба шакли рақам мо
Дароварда, он куҳнаҳорову амдан
Таҳи кат баҷо карда, кардем маҳкам.
Сипас аксҳоро зи архиви ҳар файл
Кашидему партофта дар принтер
Бикардем чоп аз андозаашон.
Ба монанди як номаи ишқбозон
Ва ё мисли андуҳи ин зиндагонӣ,
Ки мебигзарад зуд чун спринтер
Ба шакли сафедусиё бигзарад он
Надорад, бале, чопи ранга зи бунён!
Бичаспонд бояд ҳама ин куҳанаксҳоро
Ба деворҳо ҳар тараф тору поён.
Ва биншаст дар байну ҳар сӯ назар кард хомӯш
Ба хешу таборон чу бар сояҳо
Чу бар сояҳои намуда фаромӯш.
Ва кал гаштану мӯй испед кардан,
Шудан пирро дод бояд давом.
Ту гӯӣ, ки худ сабр з-уфтодани мӯй
Бигардад гуму ҷумла дунёи инсон
Намояд ба чашм абтару хира, мубҳам.
Вале ҳиссу эҳсос андар қиболаш
Бияфзояду ларзаду пас дамодам
Фуру резад аз чашм ашки чу оташ.
Ту гӯӣ ки ҳар сурати хирасимо.
Чу чашми тиреза буда андар гузашта.
Агар бингаришон, кунӣ оби дида
Аз он чеҳраи ошно-н-ошно.
Инаш мома, ин модару ин падар.
Инаш хола, ин аммаву ин тағо.
Инаш Маня-хола, инашро надонам,
Инаш Серёга-амак, бин, вале ин дигар
Шуда хираву кӯру обу адо.
Ҳамин кунурёни луччак ман астам
Ба дастам яке хирси каҷпои кал ман
Дар оғӯши модар нишаста чи зебо.
Дар ин ҷостам ҳамраҳи Лёша хандон
Ва ин ҷо ба наздики ҷевони сурхи китоб
Кӣ бошад… биист… ин бувад Рая-хола,
Ба меҳмоние месароем шодон.
Инаш акси синфи яки «Б»-ямон, бин!
Инаш аллакай синфи даҳ. Лек ин
Бувад курси якум ва картошкачинӣ.
Инаш Яшка Каллер ва ман, ҳарду сарбоз
Ба пеши чунин танки бадҳайбате,
Табассум ба лаб — ин командири мо.
Зани аввалам, ин зани дуюмам,
Писарҳои ман, бин, чӣ сон ҳайате!
Набераи аввал,
Инашро касе дар сафар карда тақдим.
Ҳама чеҳраҳо сарбасар ошно,
Инаш дар Итолия, ин дар Қрим,
Ин дайвинг аст андар Бањри Сурх… Past perfect — аммо,
Тамоми мудаввом аст,
Ретуши сода чун ниқоби дурушти марҳум.
Ин писар асту инаш раҳгузарест номаълум,
Ришдору ишкамба, ки ба манзараи торикї мераванд,
Пиру маризанд, вале ба тарзе монанд ба писар.
Ин сурат аст… Не, охир!.. Ин ту. Ин манам? Ин ту!
Нисфи тасвири аксҳо аллакай нопадиданд то абад,
Ин буду нест шуд, ҳам дареғ, ҳам пушаймонии дер.
Чунон зиёд буд ҳарчи, аммо монданд танҳо аксҳо,
Вале на ҳамаро метавон наҷот дод, чоп кард, ба ёд гирифт.
Барои шумо ин замон менамоям
Ман инро ба ҳар рангу ҳар сон рақам.
Навори сиёҳу сафед он замонҳо вале
Ба худ дошт аз нуқра қишри ниҳоне,
Ки зоҳир ҳамекард сурат, бале.
Варо маҳкаму хушк карда сипас ман
Муҷалло ҳамекардам он сон, ки донӣ.
Буд аз ранги алвон ҳама хона сурх,
Чу дар коғази рангаи шоколадӣ
Ниҳон гашта конфети «Мишка»-и хуштаъм.
Ҳама ин банудрат буду ҳам мураккаб,
Чу гулнақши ҳаррангаи шишагие
Ҳаметофту чашмро нур медод
Асосан ҳама сурати чеҳрабинмо
Ва ҳам акси оилавии мураттаб —
Либосони расмию рӯҳои ҷиддӣ,
Ҳама буд фармоишӣ, хуб, зебо.
Се қуттии аксу навори калонҳаҷм
Ғарам гашту мӯ ҳам сафедӣ гирифт.
Чунон ки дигар ҷо барошон набуд,
Ва ҳам аз буданшон набуд ҳеч суд.
Сипас пул ғун карда бо нӯги сӯзан
Сканери навро харидему он гоҳ
Шабу рӯз заҳмат кашидему як моҳ
Ҳама аксҳоро ба шакли рақам мо
Дароварда, он куҳнаҳорову амдан
Таҳи кат баҷо карда, кардем маҳкам.
Сипас аксҳоро зи архиви ҳар файл
Кашидему партофта дар принтер
Бикардем чоп аз андозаашон.
Ба монанди як номаи ишқбозон
Ва ё мисли андуҳи ин зиндагонӣ,
Ки мебигзарад зуд чун спринтер
Ба шакли сафедусиё бигзарад он
Надорад, бале, чопи ранга зи бунён!
Бичаспонд бояд ҳама ин куҳанаксҳоро
Ба деворҳо ҳар тараф тору поён.
Ва биншаст дар байну ҳар сӯ назар кард хомӯш
Ба хешу таборон чу бар сояҳо
Чу бар сояҳои намуда фаромӯш.
Ва кал гаштану мӯй испед кардан,
Шудан пирро дод бояд давом.
Ту гӯӣ, ки худ сабр з-уфтодани мӯй
Бигардад гуму ҷумла дунёи инсон
Намояд ба чашм абтару хира, мубҳам.
Вале ҳиссу эҳсос андар қиболаш
Бияфзояду ларзаду пас дамодам
Фуру резад аз чашм ашки чу оташ.
Ту гӯӣ ки ҳар сурати хирасимо.
Чу чашми тиреза буда андар гузашта.
Агар бингаришон, кунӣ оби дида
Аз он чеҳраи ошно-н-ошно.
Инаш мома, ин модару ин падар.
Инаш хола, ин аммаву ин тағо.
Инаш Маня-хола, инашро надонам,
Инаш Серёга-амак, бин, вале ин дигар
Шуда хираву кӯру обу адо.
Ҳамин кунурёни луччак ман астам
Ба дастам яке хирси каҷпои кал ман
Дар оғӯши модар нишаста чи зебо.
Дар ин ҷостам ҳамраҳи Лёша хандон
Ва ин ҷо ба наздики ҷевони сурхи китоб
Кӣ бошад… биист… ин бувад Рая-хола,
Ба меҳмоние месароем шодон.
Инаш акси синфи яки «Б»-ямон, бин!
Инаш аллакай синфи даҳ. Лек ин
Бувад курси якум ва картошкачинӣ.
Инаш Яшка Каллер ва ман, ҳарду сарбоз
Ба пеши чунин танки бадҳайбате,
Табассум ба лаб — ин командири мо.
Зани аввалам, ин зани дуюмам,
Писарҳои ман, бин, чӣ сон ҳайате!
Набераи аввал,
Инашро касе дар сафар карда тақдим.
Ҳама чеҳраҳо сарбасар ошно,
Инаш дар Итолия, ин дар Қрим,
Ин дайвинг аст андар Бањри Сурх… Past perfect — аммо,
Тамоми мудаввом аст,
Ретуши сода чун ниқоби дурушти марҳум.
Ин писар асту инаш раҳгузарест номаълум,
Ришдору ишкамба, ки ба манзараи торикї мераванд,
Пиру маризанд, вале ба тарзе монанд ба писар.
Ин сурат аст… Не, охир!.. Ин ту. Ин манам? Ин ту!
Нисфи тасвири аксҳо аллакай нопадиданд то абад,
Ин буду нест шуд, ҳам дареғ, ҳам пушаймонии дер.
Чунон зиёд буд ҳарчи, аммо монданд танҳо аксҳо,
Вале на ҳамаро метавон наҷот дод, чоп кард, ба ёд гирифт.




