Зимистон дар Минусинск
Бар замини барфҳои ёс баргард,
Бар фазои монда хира-хира андар ёд.
Монда номатлуб ёде аз Сперанский,
Аз масонҳову нишемангоҳи бебунёд.
Боз гард аз ҷӯйбори набзи рагҳоят,
То ки бо май, бо ташаббусҳои иҷмолӣ
Парваридан кибри мағрурони имперӣ,
Ғусли тамъид кардани кирғизи ҷанҷолӣ
Ахтарони дурро пӯшон ба тиреза,
Аз яхи маҳлаб фаровонӣ ба комат рез.
Бо қалам бихрош ҳамчун шалғаму анҷир
Аз бадарғагаштагон, дар боғҳо омез.
Ин классики дурӯғини ҷигарранг,
Бо сафедимӯйи амсоли қирав,
Яхзада ин кӯчиёни бастакӯч,
Бар худат каш, бо нафас кун гарм, рав.
Ин ғурури маст, ин овораро
Гарм кун бо пӯстин дар нимашаб,
Романӣ услубро бар кор бар,
Бо намак, бо қир пӯшаш мустаҳаб.
Дар каноре, ки санавбарҳо ҳама
Бо ҳаловат бар шамол овехтанд,
Мисли он наврас ба мавҷи радио
Карда ақлу ёду ҳуши хеш банд.
Боду бӯрон мекунад зеру забар
Шаҳри торики пур аз партобро,
Картаҳои ҷангҳои бохта
Худ ғиҷим гардад ба дасташ беибо.
Мебарояд ях ба маҷрои салибӣ
Парчами уммед дар каф мебарад раҳ.
Дар миёни Пасхаву хоки Сибир ҳам
Нест як нерӯи дигар, нест як огаҳ.




