Зихнаву боиффату маъсум, гули мино дар хазон...
* * *
Зихнаву боиффату маъсум, гули мино дар хазон
Бӯ намебахшад,
Накҳаташро руст медорад.
Накҳати пирӣ чунин бошад амиқу зудрас
Бовиқору пуршукӯҳ.
Менишинам дар бари ҷогаҳ
Намеорам туро ташвиш. Бидеҳ дастат.
Марг ором аст — оддӣ пояҳои пургиреҳи гули мино
Дар даруни кӯзаи нақшин
Баъди изҳори сипос,
Обро дигар наменӯшад.
Зихнаву боиффату маъсум, гули мино дар хазон
Бӯ намебахшад,
Накҳаташро руст медорад.
Накҳати пирӣ чунин бошад амиқу зудрас
Бовиқору пуршукӯҳ.
Менишинам дар бари ҷогаҳ
Намеорам туро ташвиш. Бидеҳ дастат.
Марг ором аст — оддӣ пояҳои пургиреҳи гули мино
Дар даруни кӯзаи нақшин
Баъди изҳори сипос,
Обро дигар наменӯшад.




