Роҳпулӣ
Биншаста андар маҳбасе, к-аз пушти девораш ҳаме
Хатти трамвай мегузашт ин сӯю он сӯ дар масир.
Бо оҳу ҳасрат рӯзу шаб ман гӯш медодам ба он,
Монанди ваҳшие, ки ӯ дар оғиле афтода гир.
Бо худ ҳамегуфтам, ки ман бо чӣ ҳамекардам иваз
Хушбахтии биншастанам як лаҳзаро андар вагон?
Пули калон ё симу зар, ё расмҳои антиқа,
Бӯстонсарои назди баҳр ё автомобили гарон?
Ман бегумон, бе ҳеҷ фикр ар ин ҳама медоштам,
Медодаму озоду хуш як лаҳза мегаштам савор.
Бигзашт инак чанд сол, ман дар трамвайи шинос
Мерафтам озоду сабук бо шодии беинтиҳо.
«Се тин раҳпулӣ бувад» — ронанда кард эълону ман
Ҳатто наовардам ба ёд он молу пули гуфтаро.



