Моҳи ноябр, валекин сард нест...
* * *
Моҳи ноябр, валекин сард нест,
Оби зинда, ҳавзи мо бофар.
Сӯйи ман о, сӯи ман бетарс,
Такя кун бар ман чу бар бовар.
Менишинам дар канори оби ҳавз,
Барг-барг авроқи барги рӯи об
Баргҳои бас гарону таршуда,
Обро пӯшида монанди ниқоб.
Мебарам дастам ба умқи обҳо,
Сангаконе мебарорам рӯи каф
Қатраҳо аз байни ангуштони ман
Боз мерезанд аз нав беталаф.
Бар ту се сангак бубахшам, чорумӣ
Баҳри худ монам, на, онро ҳам бигир.
Бар ту шояд мешавад даркортар,
Меравӣ аз ман сабук монанди нақди беназир.
Моҳи ноябр, валекин сард нест,
Оби зинда, ҳавзи мо бофар.
Сӯйи ман о, сӯи ман бетарс,
Такя кун бар ман чу бар бовар.
Менишинам дар канори оби ҳавз,
Барг-барг авроқи барги рӯи об
Баргҳои бас гарону таршуда,
Обро пӯшида монанди ниқоб.
Мебарам дастам ба умқи обҳо,
Сангаконе мебарорам рӯи каф
Қатраҳо аз байни ангуштони ман
Боз мерезанд аз нав беталаф.
Бар ту се сангак бубахшам, чорумӣ
Баҳри худ монам, на, онро ҳам бигир.
Бар ту шояд мешавад даркортар,
Меравӣ аз ман сабук монанди нақди беназир.




