Бар сари ҳайкал нишаста мурғаке...

* * *

Бар сари ҳайкал нишаста мурғаке,
Кай кунад парво сари кӣ зери пост.
Баҳри ӯ кор ояд ин дам ҳар саре,
Ӯ ба таври хештан ҳақ асту рост.

Ҳолати ӯ баҳри ӯ бошад писанд,
Зери соя, байни мӯҳои мисин.
Ин шарафро бин, ягон ҳурмат намонд,
Норизоӣ ту зи мурғи нозанин.

Ӯ уқоб ар буд, буд ҳарфи дигар,
Буд шояд ӯ сазои тори сар.
Дар Троя нестӣ, дар Неваӣ
Пас марав аз хештан дур, эй писар!

Чашми худро хира бар он дӯхта,
Хоҳӣ додан ин кабӯтарро ҷазо?
Лек онеро, ки бар ӯ шиштааст,
Ин ҷамоат гашт айни муддао.