Александр Кушнер

Соли 1936 дар Ленинград таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Ленинград ба номи А. Гертсен. Дар мактаби миёна аз забон ва адабиёти рус дарс мегуфт. Муаллифи чил китоб ва маҷмуаҳои шеър, аз ҷумла «Дар ситораи хира» (1994), «Бутта» (2002), «Боғи Таврия» (2008), «Ҷозибаи замин» (2015), «Театри тирамоҳ» (2020); панҷ китоби мақолаю эссе оид ба назми классикӣ ва муосири рус. Шеърҳояш ба бисёр забонҳо, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, арабӣ, ветнамӣ, ибрӣ, итолиёвӣ, чинӣ, олмонӣ, ҳолландӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Дар Ҳолланд, Италия ва ИМА тарҷумаи ашъораш нашр гардидаанд. Барандаи ҷоизаҳои русӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаҳои давлатии Федератсияи Россия ва ба номи Пушкин, Ҷоизаи Пушкини Бунёди Алфред Тёпфер (Олмон), ҷоизаҳои адабии «Северная Пальмира», «Царское село», ҷоизаи миллии «Поэт», «Золотая тибетская антилопа» (Чин) ва ғайра. Дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад.
Соли 1990 Иосиф Бродский шоирро муаррифӣ карда, навишта буд: «Александр Кушнер аз беҳтарин шоирони лирики асри ХХ аст, ба ӯ насиб гардид, ки номаш дар миёни номҳои барои ҳар кас азиз, ки забони модариаш русист, ҷой бигирад». Бо гузашти беш аз сӣ сол, дар умқи асри XXI, суханони ӯ то ҳол аз рўи инсофанд. Шоир аз кори зеҳнӣ ва маънавӣ, ҷустуҷўи маъниҳо ва воситаҳои нави баён даст намекашад. Ва дар ин кор ба рўи ў илҳом саховатмандона дар мекушояд.