Кимилкут ва Елена
О ҳ а н г и ҳ а м з а б о н и и о ш и қ о н а и
ч у к о т ӣ истифода шуда
Меҳр аз ман буридӣ, Елена,
Ба сӯи рус менигарӣ, Еленаи ман,
Мехохӣ тани худро ба ӯ бубахшӣ,
Мани чукчаи оҳуӣ ба дардат намехӯрам, Елена,
Ман Кимилкати бадбахтам,
Сангин аст маро рӯи замин,
Миёни ҷаҳони созишкор.
Ва ман пеши шаманзане рафтам,
пеши Чаргои машҳури ҳама,
Ва ғами худро ба забон овардам,
ва Чарго ба ҷавоби ман гуфт:
Елена дубора аз они ту хоҳад шуд,
Агар, эй Кимилкут, чунон бикунӣ,
ки ман мефармоям:
Пеши ӯ ҳозир бишав.
Даме ки ӯ пушти хонаи сиёҳ
барои шиштан мебарояд,
Бигӯ ба дили ӯ — то дилаш ҳамроҳи
тори пешобаш ба берун афтад,
Ва ту дили сиёҳи ӯро зери лағад ба хубӣ бимол...
бигзор ӯ печида ба дард фиғон бикашад,
Ва аз рӯи дард — дӯстат медорад».
«На, — гуфтам ман ба шаманзанак —
намехоҳам захми дили ӯ ба даҳани фарёди дард
Табдил шавад...
Дард ӯро ба ман боз нагардонад,
бигзор, ӯ ҳамроҳи рус биравад.
Бигзор ба ӯ диҳад он чиро, ки дирӯз бо муҳаббат ба ман медод,
бигзор чунин кунад, аммо ман
Ба соҳили зиндагӣ рӯ меорам,
ба он сӯе, ки замин наздики осмон аст,
Замини бадкинро ба якбора аз худ андохта,
ба осмон медароям».




