Дуродур

Хотироти гарон фаро хондам. Дар дил эҳсоси хира дорад сайр: Ҳисси ворид шудан ба маъбади пок, Ё дучор омадан ба лонаи тайр. Пай сипардам замини тифлиро, Омадам деҳа пеши момоям. Гирду атроф сарду ноҳинҷор, Сӯи хона намекашад поям. Бод мечархаду бихезад чанг, Сари ман низ чарх мегардад, Бингарам бар чаҳор сӯй гаранг. Хона вайрона, чоҳ пур аз хок, Чуғз дар гӯшае кашад нола. Рӯдаки ошнои дерина Мехазад дар мағоки садсола. Пеши дарди дили аламнокам Мепарад ранги дардҳои дигар. ...Раҳ сӯи кӯдакист пурдаҳшат, Ҳеҷ кас нест! Нест хонаву дар!