Буд, хушбахтона, имкони шино дар рӯди Ока...
* * *
Буд, хушбахтона, имкони шино дар рӯди Ока,
Андар он киштӣ, ки мебигзашт аз мобайни шаб,
Худ тасаввур кун, ки андар тӯли бепаҳнои дарё
Андалебон дар наво бо ҷумла созанду тараб.
Ман намедонистам, ин сон метавонад низ буд,
То ба ҳоло пеши ман тобад ҳама афсонавор.
Ҳосили табъи тахайюлхези ман буд ин навор,
Андалебону суруди булбулон ин ҷамъи хор?
То ба ҳоло шояд аз он рӯзу он соат
Баъди он ангезаҳои изтиробовар,
Мекунам бовар, ҷаҳони дигаре ҳам ҳаст,
Сарзамине онҷаҳонӣ, поку зебофар.
Гӯям оё боз, к-аз анбӯҳи он ҷангал
Аз канори хушки маҷнунбедзор,
Канда-канда мерасид овози мардона,
Хандаҳои дилрабои як зане марғуладор.
Гар садои мард чун овои бас буд ғафс,
Он садои хандаи зан буд пурасрор.
Чун тахассусдори хушбахтии инҷойӣ
Рози онро чун малак бар худ намудам ошкор.
Нест ёди ман, кадомин сол буд он сол,
Дар ҷудоӣ хостам аз ёд буброрам.
Мисли ин ки киштӣ ҳам як ном бо худ дошт,
Мушклам омад, ки дигарбора ёд орам.
Як харак буд андар он бандар, ба ёдам ҳаст,
Ҳамраҳонам рафтаанд аз ёди ман барбод.
Лек сеҳри хониши он андалебонро
Дар фурӯғи ахтарон кай мебарам аз ёд.