Бо забони бози шахшӯлаш...
* * *
Бо забони бози шахшӯлаш
Саг билесад дасти беҷомондаро.
Ларза дар тан, ҳарфҳо нӯги забон,
Ҷаста бархезанд ногаҳ аз садо.
Карда нафрин қисмати нохубро,
Фанд мегуфтанд бар паррандагон.
Лек борон тунд меборид боз
Бар сари бому дару рӯву лабон.
Истодам пеши девори Кремл,
Чун тарабхона битобад ин фазо.
Бар ҳавои кишвари паҳноваре
Рехтанд ин пардаҳои носазо.
Ин ҳавои гунг худ дар ҳайрат аст,
Аз баёни ин ҳақиқат бурда панд,
Бар сари заррини парчамҳои сурх
Кӯдакони сурхрў бозӣ кунанд.
Бингаранд аз номаҳо бо ҳасрате
Маркаҳои рӯи мактубҳо гарон.
Мефитад дар Олмон сарбози мо
Андаруни боғи холӣ нозамон.
Бо забони бози шахшӯлаш
Саг билесад дасти беҷомондаро.
Ларза дар тан, ҳарфҳо нӯги забон,
Ҷаста бархезанд ногаҳ аз садо.
Карда нафрин қисмати нохубро,
Фанд мегуфтанд бар паррандагон.
Лек борон тунд меборид боз
Бар сари бому дару рӯву лабон.
Истодам пеши девори Кремл,
Чун тарабхона битобад ин фазо.
Бар ҳавои кишвари паҳноваре
Рехтанд ин пардаҳои носазо.
Ин ҳавои гунг худ дар ҳайрат аст,
Аз баёни ин ҳақиқат бурда панд,
Бар сари заррини парчамҳои сурх
Кӯдакони сурхрў бозӣ кунанд.
Бингаранд аз номаҳо бо ҳасрате
Маркаҳои рӯи мактубҳо гарон.
Мефитад дар Олмон сарбози мо
Андаруни боғи холӣ нозамон.




