Хирси бародар


                                Аз рӯи мити навхӣ

Бародарамро дар хоб дидам,
Бародари мурдаам ба хобам омад.
Мани сайёди танҳо барои шикори Шоҳхирс
Даруни ҷангал раҳгум задам,
То ба гӯшти аз нафас афтодаи ӯ,
Ҳамаи гушнагонро сер кунам.

Ман раҳгуми ҷангал будам, ки
Бародарам мисли зиндаи ҷангалзор,
Ба пайдо омад
Ва маро ба хонаи зебои Хӯҷаини ҷангал бурд.
Хӯҷаини ҷангал чун маро дид,
Ба ман гуфт:
«Ҳукумате бар сари ман нест,
Ва дар ин бешазори анбӯҳ
Сари ҳамаи ҳайвонҳо,
Ба танҳоӣ
Ман ҳукумат мекунам...
Ҳоло маро бигӯ,
Кадоме аз инҳоро,
Ба нишон нишонданӣ будӣ?»

«Шоҳхирсеро куштанӣ будам, ҷаноб».
«Чӣ метавон кард, бигзор ба майли ту бошад».
Ва ба бародар дасти ишорат бурда
Фармон дод: «Бипӯш ҷомаи худ».
Бародарамро аз бим ранг сахт парид,
Аммо сари таъзими сидқ фуровард
Ва пӯсти хирсонаи худро ба бар кард.
Вале, бародар ногоҳон нопайдо шуд:
Ба ҷои бародарам хирси баҳайбате рӯ зад,
Ва зуд аз хонаи сиёҳ берун ҷаст
Ва ба ман нигоҳе накарда дар ҷангал ғайб зад.

Ман аз хоб бедор шудам
Ва акнун ба шумо мегӯям, эй сайёдон:
Ман ба мисли зан оташдони хонаро нигаҳбонӣ мекунам,
Бо камон ба ҷангал намеравам,
Зӯрӣ ва донаҳои домро ба фаромӯшӣ месупорам,
Хуни бародаронро намерезам...
Аммо, шумо,
Куштан барои гӯшт,
Барои луқмае хафақони зиндагиро
Идома диҳед, эй сайёдон,
Шумо-ку роҳи дигари зиндагиро намедонед