Ҳикояҳои новочеркассӣ
Ғуки бад
Гадоҳое, ки дар айвони ҷомеъи Войсково нишаста буданд, ба Троня мегуфтанд:
— Ту, падар, ҳеч тағйир намеёбӣ.
Троня низ гаҳгоҳе дастҳо рӯи зонуҳо нигаҳ ба нуқтае дар фазои майдони ҷомеъ мебаст ва орому осудаву рост миёни гадоҳои он ҷо менишаст. Ӯ метавонист соатҳо ин гуна биншинад ва ба годоҳову кампирҳои озодапӯше, ки сабурона даврубараш анҷуман месохтанду мекӯшиданд пеши нигоҳи ӯро нагиранд ва гоҳу ногоҳ бастаҳои дар каф маҳкам гирифтаашонро ба ӯ дароз мекарданд, назар накунад.
Кампирҳо аз тарс, ки мабод Троняро рам диҳанду ӯ нохоста боло шавад ва нигаҳ ба бастаи касе набаста аз назди ҷомеъ биравад, бардавому якнавохт мегуфтанд:
— Аз маро бигир, Трофим... Бигир аз маро...
Дар бастаҳо ғукҳо печонида шуда буданд.
Троня, гӯё рафтан мехост, ки қотеъона боло мешуд, аммо аз ҷо намеҷунбид. Бастаи кампиреро мегирифту мекушод, аз поҳои пеши ғук медошту боло мебардошт ва чанде бо алоқамандӣ ӯро нигоҳ мекард. Сипас, ногаҳон ғукро тавре ба зинаҳои сангӣ мезад, ки пора мегашту ба ҳар сӯ пош мехӯрд ва ӯ тунду тез ба кампир мегуфт:
— Ғуки бадест, маргат наздик аст, бирав, кӯз исту дунбаатро ба бухорӣ гардон!
Ва кампир бидуни ранҷиш, сипосгузор аз ин хабари воқеӣ, таъзимкунон аз зинаҳо ақиб-ақиб мерафт ва аз Троня дур мешуд. Кампирҳои дигар низ, ки Троня бо ғуки зинда ба пешониву рӯяшон мезад, ба ӯ сипос меоварданд. Ва шодона ба якдигар мегуфтанд:
— Баракат медиҳад! Шукр, ки зинда мемонем.
Ин лаҳза ман аз фурсат истифода кардаву аз кампирҳо мепурсидам:
— Ӯ худ чандсола аст?
Бибиам гоҳе маро назди ҷомеъ мефиристод, ки Троняро ёбаму то хонааш орам. Трон дӯстдори босуръат дар кӯчаҳо ба як самт қадам задан аст ва бибиам тасаввур мекард, ки ӯ саранҷом аз шаҳр ба дашт мебарояд, аз нишеби Крешенск рафта-рафта то ба кӯҳҳои Қафқозу баҳри Сиёҳ мерасад.
Бархе аз кампирҳо ором ба ман мегуфтанд:
— Ту аз худаш пурс... Ё аз бибиат пурс.
Баъзҳое аммо дуруштӣ мекарданд:
— Аслан соле надорад. Ҳеч гоҳ назодаасту намурдааст. — Ва меафзуданд:
— Пушти корат шав...
Ман аммо ҷое намерафтам. Супориши бибиро аз ёд мебурдам ва ба масхараи кампирҳои хашин мепардохтаму бо онҳо баҳс мекардам:
— Ҳама мезоянду мемиранд.
Ва бепарво ба вокуниши онҳо сарзадаашон мехондаму аз ғукҳои бад метарсонидам; ба вежа ун хурдҷуссаи тезбиниро, ки лунҷҳои филмурғиаш рӯи гиребони жакети махмали сиёҳаш фуромада буданду сар такон дода, ба ҷои ҳама пич-пич мекард ва маро дашном медоду «шайтони раҷим» мехонд.
Боре ман ба ӯ гуфтам:
— Мебинӣ, фардо Троня ғукатро тавре ба рӯят мезанад, ки вақ гуфтан наметонад.
Аммо Троня фардо назди ҷомеъ наёмад.
Ёд дорам, он рӯз Фирси гунг субҳи зуд бедорам карда буд. Ман дар кати зери олболуи рӯи ҳавлӣ хоб будаму шояд хоби нахустинро медидам, зеро то ними шаб рӯи боми саройи сангӣ, ки се дари қавсӣ ва зери пардабомаш тирезачаҳои бешумори мураббаъ дошт (дар гузаштаҳои замони мактабхонии момои Анна ин сарой аспхона будааст), бо ҳамон дурбини қадимиву армонии пояҳояш чӯянӣ, ки дар гузар саргардон буду аз «Қафқоз» ба «Почтамт» меҷаҳид ва борҳо аз нишебии «Разин» то «Архангелск» баромадаву бо дасти тасодуф дар кӯчаҳои сокити поини соҳили Оқсой напӯсида буд ва ба ивази як гала гуроми марворидӣ ба дасти ман уфтода буд, ба Моҳ нигоҳ мекардам.
Фирс мани хоболудро аз зинаҳои чӯбии ларзон рӯи боми сарой кашид, ки шаб дурбинро он ҷо гузошта будаму рӯзона аз ин ҷо соҳили чапи Оқсой, ки аз ҷануб шаҳрро ва ҳошияи бо қамишу зардбед пӯшидаро ва дашти зарди ҳамвору бегиёҳи то соҳили Дон расидаро мепечиду ба каронаҳои рангоранги осмони сапедадамон мерасид, хуб дида мешуд.
Фирс навмедона як дастро дар ҳаво алвонҷ додаву ба дашт ишора мекард ва бо дасти дигар сари маро ҷунбонидаву гоҳе поину гоҳе боло меовард ва нигоҳамро ба чизе ҷалб кардан мехост, то саранҷом ман дар домани уфуқ, он ҷо, ки нуре аз Дони номаръӣ ҳис мешуд, суроби кӯчаки одамеро дидам. Ва ногаҳ дар бехи гӯшам ин садо баланд шуд:
— Вағ-вағ!
Батамом бедор шудам ва он гуна, ки хоби гурезонро ба ёд оранд, зуд ғукҳои дирӯзарову кампираки хурдҷуссаи жакети махмалпӯшрову супориши аз ёдам рафтаи бибирову ваъдаи тарсбори ба ун кампирак додаамро ба ёд овардам.
— Вағ-вағ!
Фирс буд, ки баъзе садоҳоро талаффуз мекард. Ӯ Троняро, ки тавассути ғукҳо маргу зиндагиро пешгӯӣ мекард, чуин меномид...
Самбӯсаи бахт
Дар шаби Мавлуди Исо, ниқобпўшҳо аз тамоми маҳалла ба ҳавлии бибӣ Анна барои хондани суруди солинавии «Коляда» омаданд.
Фирси гунг омад, худро моҳирона ба зани фарбеҳ табдил додааст — лунҷҳояш суп-сурхак, аз ду тарафи сар кокулҳои ғафси бофта, дар сари синаву қафояш аз зери либос болиштҳоро чунон хуб гузоштааст, ки мисли ҳақиқӣ менамуданд ва ўро шинохта намешуд, агар вақти хондани суруди ҳамсаро Фирс хомӯш меистод.
Мо ба роҳи дашт рафтем, қаиқча бурдем,
Дар дашт мо касеро хафа накардем,
Танҳо ба осмон, ба ахтар назар кардем,
Ва мо дар осмон Масеҳои кӯдак дидем!
Аммо Фирс намехост хомушона аз бибии Анна пули нуқра, дастпӯшакҳои нав, рӯймол тӯҳфа гирад ва ӯ низ ба таври худ месуруд.
— Мо-мо! Мо-мо! — мувофиқи оханг ғур-ғур карда, гарданашро дароз карда, дар ҷояш мераксид.
Латиши ҳамсоя аз поён бархест — даҳшатнок, пойлуч, бо асои азим ва риши дурушти аз лоси зағирпоя сохта, ки аз зону то бағалашро фаро мегирифт, аз болои пашми худ пӯстини хокистарранги оҳуро печонида буд, ки дигар вақтҳо дар болои он қадам мезад, дар рўйи мӯинаи сурхи он истода, бо гантелҳо ё эспандер машқ мекард, дар оина гоҳ ба синаи васеъаш менгигарист, гоҳо ба думи дарозу қавияш.
Бобои Манилов аз дар даромаду ҳавои хунукро чун буғи дурахшон бо худ овард, дар тан пўстини хирс дошт; Бибӣ Манилиха аз гарданаш банд баста кашола мекард, худаш дар пой мӯза, бо шими оташранги атлас, муйлаби сиёҳи рангубор ва гӯшвораи ҳалқадор — худро ҳамчун лўлӣ муаррифӣ мекард.
— Ҳай-на-на-нэ, ҳайй тиллоиям! — бо овозе, ки хоси ў набуд, ба хирс дод зад ў. — Хайр, салто бикун, азизам, чаппагардон шав, аллос зан, мардумонро шод бикун!
Таҳдидомез ба дар мушт зада омаданд Падар Василий, коҳин Васёк, ки солҳои тӯлонӣ дар сари теппаи Разин, дар хонаи тираву зебои калисои дер боз бастаи Александр зиндагӣ мекарданд, боз чанде мушт кўфт ва ногаҳон ғелида даромад — хурди мудаввари ҳама ҷояш бо латтаҳои даҳшатнок печонида, бо рӯймолҳои дарида, дар тан куртаи чиркину куҳна. «Ба хотири ид, ба як гадо идона диҳед!» — хурсандона дод зад ў.
Дар тан пўсти гўсфанд дугоникҳои Манилов — набераҳои Манилов аз паси ў ҷаҳида даромаданд — кадуҳои холӣ дар сар, ки барои чашмони дурахшон ва даҳони хандонашон сўрохӣ гузоштаанд.
Троня ҳам дар шаби Мавлуди Исо гўё либос иваз кард.
Ҳамон шими катонӣ ва куртаи пахтагинашро пўшид (чӣ сармо, чӣ гармо парвое надошт) ба сар кулоҳи одие гузошт, ҳамон намудро, ки писари Ангелина Лёсик — сардори кинотеатр дар боғи Атаман, мепўшид. Ва тасаввур кард, ки бо ин либос ӯ ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст.
Троня аз ҳама дер омад. Вай пинҳонӣ ба назди дари даромадгоҳ омад ва кӯшид, ки барфи аз тирезаҳои равшан намоёнгаштаро зер накунад. Дар роҳрав, дар паҳлуи дарҳо занги барқӣ садо дода дар долон бо алам чир-чир кард; занги дигар ҳам буд, ки ман онро самимона дӯст медоштам, зеро агар ғалақаи ба дар часпидаашро, ки мисли калиди калони бозичаҳои механикӣ ҳаракаткунанда ба назар мерасид, сахттар тоб диҳӣ, фазои тамоми хонаро бо шиқир-шиқири хушҳолона пур мекард; инчунин як ҳалқаи биринҷии вазнин ҳам буд ва дар зераш чуқурие дошт, ки аз зарбаҳои дар зиёда аз сад сол кўфтаи мардум пайдо шудааст. Аммо Троня на ба занг, на ба ғалақа, на ба ҳалқаи биринҷӣ даст нарасонд. Вай дар таги дар, кулоҳро чуқур ба сар кашида, сарро ба китф кашида, китфҳояшро ба гӯшҳояш расонда, бо овози паст фарёд зад:
— Тақ — тақ! Касе омад!
Дарҳол ӯро шунидан ғайриимкон буд, зеро дар толор аллакай ғавғои шодиомезе ба амал омад, ки як амали деринтизорро пайгирӣ мекард: Бибӣ Анна таҳти суруди ниқобпўшон оши худоиро чашида, аллакай халтачаи тӯҳфаҳо ва пулҳоро пеши онҳо мепартофт. Ната ва Ангелина аз толори ҳамсоя, ки аз бӯи сӯзанбаргҳои тафсони санавбар ва чароғҳои шамъи гарм пур шуда буд, самбӯсаҳои сеҳрноки шом омода кардаи Аннаро дар табақи калони чинӣ бароварданд. Дар қаъри он сурати киштии бодбондор буд, ки онро ё ғоратгарон, ё моҳидорон бо ғайрати калон ба баҳри пурталотум тела медиҳанд. Ҳама самбўсаҳо творог доштанд, ба истиснои сетоаш. Дар як самбўса орд буд: вай ба чанголаки касе, ки расад, барои ў тамоми сол орд фаровон мешавад. Дигараш холӣ, ҳама аз хамир: ҳар кӣ бихӯрад, на нек аст, на бад. Ва дар сеюмаш як тангаи нуқра бо сари харошидаи шоҳ Николай ҳаст. Ана вай самбӯсаи бахт аст...
— Тақ тақ! Касе омад! Троня каме баландтар дод. — Тақ тақ! — бо камоли ғайрат такрор кард ў ва ниҳоят, гўши дугоникҳои Манилов ногаҳон ўро аз зери кадуи сарашон шуниданд ва дарро ба рўяш кушода, ангуштони ишоратии худро ба даҳонҳои дар каду тарошидашудашон гузоштанд.
Троня хурд-хурд кадам зада ба толор даромад ва ҳоло ҳам сарашро ба китфаш, китфашро ба гушаш расонда, худро ношинос вонамуд мекард.
— Ооҳоо, ин кист?! — бо тааҷҷуб хитоб кард бибӣ Анна ва чунин вонамуд кард, ки Троняро нашинохт.
Ната низ чунин вонамуд мекард.
— Ҳа-а, ин латиши мост! — гуфту кафи дастонашро пеши бар печонда, қафонокӣ ба тарафи худи латиш рафт, ки дар паси вай меистод ва кайҳо боз ўро бо мӯи ҷингила ва ҷисми тавонояш ҳама шинохта буданд.
— Не, Наточка, не! Ин Лёсики ман аст! Лёсики ман! — Ангелина зуд ба ӯ эътироз карда, ангуштони дарози қоқашро дар ҳаво ҷунбонд. — Ана, бин — кулоҳаш намадӣ... хокистарӣ! —бошитоб чир-чир кард ў.
Аммо Троня намехост, ки на латвиягӣ бошад ва на Лёсик.
Шакли танашро тағйир надода, гуё бо тамоми баданаш дар зери кулоҳи хурдакак пинҳон шуда бошад, Троня дар мобайни толор истода, пинҳонӣ интизори тахминхои дигар истод... Интизор шуд, интизор шуд; чашмонашро аз ин тараф ба он тараф гардонд, ба таври ба худ хос табассум мекард, на бо тамоми чеҳрааш, балки метавонист танҳо бо узвҳои назди чашмонаш ва дар биниаш, табассум кунад, вале дар лабу манаҳаш алами гумнашавандае мисли ҳамеша ҷой дошт. Ва ногаҳон тоқаташ тоқ шуда, кулоҳашро бардошт ва дилпурона фарёд зад:
— Ман Фирс!
— Аммо чӣ гуна Фирс, азизам? — бо меҳрубонӣ шубҳа кард Ната. — Фирс гап намезанад.
— Фирс! Фирс! — Троня боз ҳам дилпурона такрор кард. Ва баъд ба латиш ишора карда, шодон хабар дод: — Ана вай шайтон, дар ин ҷост!
Ва дили ман ба ларза даромад. Зеро ман возеҳ тасаввур мекардам, ки Троня ҳоло чӣ кор хоҳад кард... Аллакай равшан мебинам: — ӯ бо ҳарду пояш муҳр зада, рақс мекунад, ё ҳарду дасташро ба пушти сар партофта, бо овози баланд, бо шавқу ҳавасу заҳрханда таронаашро месарояд ки боре дар кўча хонда буд:
— Шайтон! Шайтон! Шайтони зард!
Дар ҷаҳаннам тухмашро меҷунбонад!
Духтаронро бо тухмашба наздаш мехонад!
— Аммо инҳо чӣ гуна духтаронанд, Троняҷон? — Ман аллакай овози ҷиддии Ангелинаро мешунавам, ки бо кунчковии монданашаванда ҳамеша дар худ ҳам лоуболӣ ва хам найрангро ниҳон медошт. Ман инчунин овози Троняро шунидам, ки аз ҳар воқеаи дар ноҳия ва ҷаҳон рӯйдода огоҳ аст ва бо ҷидду ҷаҳд, бе кина, ҳатто рӯҳбаландкунанда ҷавоб медиҳад: «Э, инҳо, бибӣ Галина, хамонҳоеанд, ки набераатон бо онҳо картабозӣ мекунад... хубрўяканд... қанчиқчаҳо...»
Аммо, ба хушбахтии ман, он чӣ дидам ва он чи шунидам, дар шаби Мавлуди Исо рӯй надод, ҳарчанд ки бояд ҳатман воқеъ мешуд.
Худро наҷот дода, бо камоли кордонӣ бо оҳанги Ангелина ҳарф задаму хотиррасон кардам: «Чаро ниқобпўшро бо самбўса зиёфат намекунем?». Ва ҳамон лаҳза ба ў бо чанголак самбўсаеро дароз кардам, ки як дақиқа пеш тасодуфан дар табақ сайд карда будам ва дар он — ман инро медонистам, зеро чангак дар самбӯса ба чизи сахте бархўрда, хомӯшона харошида буд — тангаи нуқра бо сари шоҳ Николай буд.
Пас аз як дақиқа, вақте ки Троня самбӯсаи сехрнокро газиду аз он тахти шодии умумӣ бахти яксолаи худро пеш кашид, ман аллакай ором будам. Рублҳои оханиро, Троня новобаста аз он ки сари кӣ онро зеб медиҳад — подшоҳ ё Ленин — хеле дӯст медошт. Вай рубли шоҳонаро дар мушти худ сахт фишурда, ақиб гашт, аз дари кушод, ба торикӣ, ба тӯфони барфи дурахшон шитофт ва дар он ҷо нопадид шуд ...
Киштии ҳаштум
Троня хона дошт. Аммо чӣ хонае! Бурҷаки мудавваре дар канори дарвозае, ки аз он як табақаи аз милаҳои ғафси оҳани бофидашуда боқӣ монда буд. Дар гузаштаҳои дур, дар хонаи дуошёнае, ки берун аз дарвоза, дар умқи ҳавлӣ истода буду дар васати тирезаҳояш сутунҳои мусаттаҳ дошт, бобои Корней Манилов, ки ба гуфти момои Анна «ҳафт киштӣ дар Азову миллион рубли нуқра» дошт, мезист. Дар ин бурҷи кӯчак дарбонони Манилов ба навбат мезистанду ин хонаро посбонӣ мекарданд. Ҳеч касе дар гузар намедонист Троня кай сокини ин бурҷ шуда буд. Троня худ низ кай ин ҷо омаданашро намедонист. Гоҳе низ аз ёд мебурд, ки бурҷи посбонӣ хонааш буд.
— Тлоня, хона лав! — фармон медод боре ба ӯ Лёсик роҳравон, вақте Троняро шоми дер рӯи санги сарди канори сутун нишаста медид. Ва Троня мерафт, аммо ба бурҷ не, аз кӯчаи канорӣ мегузашт. Ё нохост ба Лёсик мегуфт:
— Хона намехоҳам. Дар бурҷак будан мехоҳам.
Лёсик ба умеди Троняро хурсанд кардан ҳаяҷонзада мегуфт:
— Ту чӣ мегӯӣ, Тлоня! Ту ун ҷо жиндагӣ мекунӣ.
Дунболи ин хабар чунин ҳам мешуд, ки Троня рӯзе чанд касро наздик ба бурҷ омадан намемонд, бо ғурури шурурона фарёд мезад, ки ин хонаи ӯст, Лёсик чунин фармудааст. Аммо чанде пас ин муроқибат, ки ба сарфи назар аз воқеяти рӯзу шаб ба тунду тез пешу пас рафтанаш дар кӯчаҳои шаҳр мудохила мекард, ба дилаш мезад.
Ӯ боз куҷое мерафт; гоҳ аз ин кӯчаву гоҳ аз он кӯча мегузашт, майдонҳоро убур мекард, ба сӯи ҷомеъ мешитобид, ба Оқсой мефуромад, ба дашт мебаромад ва ба шаҳр бармегашт. Ҳангоми чунин бедоргардиҳо бурҷакро фаромӯш мекард ва агар боре он ҷо меомад ҳам, гӯё ба хонаи бегонае меомад, ки бо кунҷковӣ ва эҳтиёти муаддабона он ҷо медаромад.
Ман ба бурҷаки Трони, кулбаяки мудаввари сангие, ки курсичаву миз (кати хоби Троня) дар он базӯр ҷо мешуд, борҳо омадаам. Маро дар рӯзҳои равшану гарм, дар нимарӯшани он ҷо нишастану аз тирезаҳои тангу бешишаи паҳниаш ду кафи даст ба кӯча нигаристан хуш меомад. Аз ин ҷо ҳама чиз дигаргуна метобид. Ҳама чиз дуру ношинохтанӣ, вале ғайриодӣ мушаххас метобид, ангор ман бо истифода аз неруи нуҳуфтаи фосила аз самти ақиби телескоп нигоҳ мекардам. Хонаи бибиам ҳатто ношинос метобид, зеро андаруни нури дурахшону мутарокиме, ки тавассути даҳанаҳои амиқи тиреза фишурда шуда буд, ҳама дида мешуд. То чанде аз тариқи онҳо ба кӯча менигаристам, ба ҳамон андоза нигоҳам мусовӣ бар чизҳои дуру наздик лағзидаву сокит мешуд. Чизҳо дар оғоз фарқияташонро аз даст медоданд, баъд ҷудоиашонро, сипас табдил ба як ҳиҷоби ҷомиди рангоранг мегаштанд. Дунболи ин, ҳолати мармузе маро даст медод, ки бинобар бегонагиаш муқовимат кардан намешуд. Ин ҳолат гӯё аз ман набуд, аз канор, аз берун рӯи ман шиновар шудаву «ман»-и маро аз ман ронда буд; на ман, балки кадом мавҷуди бефикру бешакли баногаҳ бинои маро ғасбкарда аз бурҷак менигаристу аз ин ҳолати хоси худаш, ки дар он ҳам гиҷии масткунандаву шигифтии шодиовар ва ҳам бетафовутии шадид нисбат ба ҳама чизи пеши чашмаш дар хиёбону дар минтақаву пушти деворҳои ғафси бурҷак ва ҳар ҷои дигар ҳамзамон баҳам омада буданд, роҳат мешуд. Ман на ин ки намехостам ба дучархасавори ноошно, ки зуду бесадо аз кӯча, аз ҳошияи чаманпӯши пиёдрав меронд, садо назанам, ки ӯ ҳамин ҳоло ба чоҳи жарф фурӯ меафтад (зеро дар канораҳои чоҳ қави баланд руставу аз назар пинҳонаш кардааст); ман маҷоли ин корро надоштам; ман фақат бидуни ҳамдардӣ, бетамасхур ва ҳатто бидуни кунҷковӣ чӣ гуна афтодани ӯрову нопайдо гаштани чархи пешрову фармони хиромиву пушти хаму ва саранҷом чархи пасро, ки лаҳзаи охир параҳояш дурахшида буданд, назора кардан метавонистам. Ман аслан хиҷолат намекашидам, ки Родя дар боғи ҷилӯии мо дароз кашидаву сар рӯи кафҳо (гӯё хоб бошад) Заираи моро, ки инак домани пургул ба бар болои дарахт, пойҳоро дар шохаҳои болои сари Родя фараох гузоштаву дар кастрюл олу мечинад, поидан дорад. Вақте ки аз хамгашти нишебии Разин ногаҳон кӯҳнафурӯши деринтизори кулоҳи кушода ба сару ба ҷои асп бар аробаи пурнақш маҳоршуда дар кӯча пайдо шуд, ман ба ҳаяҷон наомадам; метавонистӣ ба ӯ ҳар заболаеро, ба масал, бодбезани шикастаи бибиро, ки дар тали зарфҳо пинҳон кардааст, оварду ба ивазаш лабчанг, ҳуштаки гилӣ ё ҳатто чоқуи қаламтарошӣ гирифт. Аммо ман андешаи пушти бодбезан давиданро надоштам. Ин лаҳзаҳо ман наметавонистам фикр ронам, бо амал ё андеша дар коре ширкат кунам, чизе бихоҳам ё нахоҳам. Иродаи ман монанди дастгоҳи нурии харобшудае, ки наметавон вузуҳи мавриди назарро аз он истихроҷ кард, бо ҳеч рӯйдоди дунёи атроф ҳамоҳанг набуд. Заираву кӯҳнафурӯшу Родяву дучархасавори чобуку гамбуски сабзгунаи дурахшон дар тахтонаи тирезаи бурҷаку лӯлаи бухориҳо дар бархе бомҳову тоҷи аҳромшакли санавбарҳои кӯчаҳои поинро ҳама баякбора медидам ва ҳамзамон чизе намедидам. Дунё ба эҳсосоти ман таъсир надошт; ман дар ин лаҳзаҳо дарк намекардам ҳатто, ки дунё ҳасту ман дар дунё ҳастам. Ин кадом шакли вежаи набудан буд, ки ба дунболи суитафоҳум аз ҳавоси парти беш аз ҳадди нигоҳ дар аъмоқи худи зиндагӣ бапайдо омада буд. Ба далоиле нигоҳи маро маҳз дар бурҷаки Троня ин гуна парешонии маргбору саодатманд сироят мекард. Гоҳе дур аз бурҷак низ чунин иттифоқ меафтод, ба масал, ҳангоми як наҳори тобистонӣ дар айвон, ки Ангелина шӯрбои сӯзонро ба косаҳо мерехт (ба наҳор дар айвон ҳамеша ӯ ҳидоят мекард, на момои Анна), ман ногаҳон дақиқан ба чунин ҳол гирифтор мешудам. Аммо ба дер намебурд. Агелина ангор маро ба чизе хатарноку зарарнок маҳкум мекард, ки фавран мегуфт: «Чашмат раҳ бурд! — Ку, зуд ҳушата дар ҷояш гир!-фармон медод ӯ. — Зуд! Мефаҳмӣ?» Ман нохудогоҳ сар такон медодам, арчанд танҳо садоҳоро мешунидам, на вожаҳои сохтаи садоҳоро ва ҳамчунон ба нокуҷо, ба аъмоқи як тӯдаи меҳолуди чандранг нигоҳ мекардам. Ва ин гоҳ Ангелина чоли вазнинро ғарқ дар турени чинӣ сохтаву кафи озодашро пеши чашми ман бо қудрату чобукӣ тавре такон медод, ки гунаҳои яхкардаро молиш медиҳанд. Ва ин корро то даме мекард, ки чашмҳоям бо андешаву эҳсосҳоям роҳ меафтоданд ва ман чизҳоро ба сурати маъмулашон ҷудо аз якдигару равшан медидам. Дунболи ин Ангелина ҷиддан ба ман мегуфт, ки набояд чунин хира шавам, зеро аз чунин нигаристан ногаҳон кӯр шудану ноаён мурдан мумкин аст. Ната идома медоду мегуфт:
— Ё ҷо дорад табдил ба аблаҳ шавад одам.
Ман воқиф аз он, ки Натаю Ангелина ҷуръат намекунанд дар ҳузури момои Анна бо ман хилоф кунанд ва дам ба дарун сукут карданашон қаблан дарак аз он медиҳад, ки аз суҳбат даст кашиданашон ба тарбияи дастаҷамъона дар мавриди дуруст нигоҳ кардан барои ҳифзи биноиву зиндагиву ақл ва умуман рафтори дурусти як бачаи бофарҳанг табдил мешавад, мепурсам:
— Чун Троня?
Дар бурҷаки Троня аммо чанде мехостам чашмам раҳ мебурд. Касе дахолат намекард, магар худи Троня. Боре ӯ замоне пушти сарам пайдо шуд ногаҳ, ки ман аз тирезае ба бобои Корней нигоҳ мекардаму ӯ сатили холӣ дар даст рӯи раҳ, дар ҷои ҳамешагиаш, чорроҳаи Қафқозу нишебии Разини шафати сутун, ки ҳам сутун ва ҳам беди сершохубарги аз дур монанд ба фаввораи пуршукӯҳ истеғ ба хоб рафта буд. Троня бо нӯки ангушти тезу сахташ нарм рӯи шонаам фишор дод ва нимашунаво гуфт:
— А бурҷак дидан хушат меояд? Ҷои хуб аст.
Ин ҳарфро ба гунае (рӯъёӣ? огоҳона?-намедонам) гуфт, ки ман лаҳзае ба аблаҳ будани ӯ шубҳа кардам. Шубҳаам аммо зуд аз миён рафт. Троня ба тиреза нигариставу сипас сар аз он дарзад ва ногаҳ бо ҳамон садои хашину нафратангезаш, ки дар маҳал ба ҳама ошно буду дар он метавон лаҳне аз хашми ситезаҷӯёнаву навъе аз саргармии навмедонаро шунид, ҷеғ кашид:
— Корней! Корней! Киштиат куҷост?! Бедор шав!.. Бубин, киштиат шино мекунад!!
Ду рӯз пас кампири Манилиха миёни тӯдаи назди хонаааш ба тобути бузургу баланд, ки аз оғӯши ниматорик ба равшании нимарӯз мебаромад, нигариставу не хушҳолу не ғамзада мегуфт:
— Киштӣ... Киштӣ... Ман фикр мекардам чӣ навъ киштӣ?..
Бобои Корней, ки ба навъе хеле тахт шуда буд, кастуме, ки ҳаргиз намепӯшид ба бар, бо рӯи зард ва бе кулоҳ дар он хуфта буду чунин менамуд, ки чизеро ҷиддан дар хаёлаш зери пешонии бараҳнааш дар назар мегирифт.