Баҳор

Ӯст ин. Ин ӯст. Мехалад яхҳои ноором Бо садои қарсаки рӯди варамкарда шавад бедор, Танбаву шоридаву рахшида... яъне Бар Нагатинск омада шӯри баҳор. Андар анбӯҳи даҳанбозону сагҳову калоғон Мошини оташкуши сурху садои он Кӯдакон бо доду фарёд. Шуд бурун з-оғӯши яхҳо Аввалин ғарқида инсон. Ӯст ин. Дар навори хираи тирукамонӣ, Аз таҳи оби равона шуд намудор Пираҳан дар коми оби мурда, Мӯйи лойолуда, партов... Бар Нагатинск омада шӯри баҳор. Пойафзоле ба пояш нест, ранге нест бар рӯяш, Нардбон хам мешавад, хам мешавад, То ба байни рӯд бо он Сӯи ӯ наздик раванд оташкушон. Шодии тифлона, ғиҷирроси равшан, Акси воҳима дурахшад дар кулаҳхӯд, — Тоб деҳ худро, шино кун, чапғалат рав! — Мезанад фарёд оташкуш, Нардбон хам мешавад бар сӯш... — Боз боло гир! — Дор аз пираҳанаш! Ин садои нолишу шодист, мансуби баҳорон чун наво Бар сари анбӯҳи ин халқи баэҳсосомада Бар само боло шуда Дорад шино...