Рўзи дарозтарин
Дарозтарин рўз, медонед, ки дар моҳи июн аст. Дар Россия аз нуздаҳум то бисту панҷум рўз ҳабдаҳ соату сию ҳафт дақиқа давом мекунад. Ва дар бисту шашум кўтоҳтар мешавад. Ҳамагӣ як дақиқа, аммо камтар мегардад. Рўзҳои дигар боз як дақиқа, баъдтар ду, се дақиқагӣ. Поён шудан мегирад. Албатта, дар пеш рўзҳои зиёди тобистон ҳастанд, аммо онҳо рўз то рўз кўтоҳтар мешаванд...
Дар рўзи дарозтарин саҳар, соати чор, аз хоб хестам. Аллакай атрофро дидан мумкин. Хатти уфуқи субҳ зардӣ мекунад. Дар ҳавлиҳои деҳа хурўсҳо ҷеғ мезаданд. Дар пеши чашмам шабнам пайдо шуд: дар болои баргҳои паҳншудаи карам қатраҳои сабук рехта, вазнин шуданд. Баргҳои тирмонанди пиёз аз шабнам тар шудааст. Вале дар боғ, дар зери дарахтон, хама чиз хушк ва ҳоло шаб аст.
Хурўси ҳамсоя болҳои худро афшонда, як бор, ду бор ва дарҳол севум бор ҷеғ зад. Дар хоб мондааст, ҳоло қусурашро мебарорад. Дар шарқ осмон гулобӣ шуда истодааст. Аввал дар як давраи хурд, баъд баландтару васеътар паҳн мешавад. Ва ҳоло субҳ аллакай нисфи осмонро фаро гирифтааст. Дар ҷое, ки ман намебинам, дар паси дарахтон, офтоб тулўъ кардан дорад.
Пагоҳӣ каме сард аст. Ҳароратсанҷ даҳ дараҷаро нишон медиҳад. Чуқур нафас кашед, аз ҳаври даҳонатон буғ мебарояд. Хурўсҳо оҳиста-оҳиста хомўш мешаванд. Дар паси деҳаи назди қабристон зоғи шабона дар сафедорҳои кўҳна нишаста аз хоб бедор шуд. Қар-қар кард. Ва дар боғ аввал парандаи кабудак сиёҳӣ кард. Гунҷишки хоболуд аз таги девор парида, болои дарахти гелос нишаст, чириққос зад ва буттамеваи гулобӣ хўрд. Вақти он расидааст, ки ман ҳам нўл занам. Қот = смородина кам-кам пухта мерасад. Дар зери буттамеваи паҳнгаштаи тютина замин сиёҳ метобад. Гелоси барвақтӣ нав ранги сурх гирифтааст, аммо ба худ ҷалб мекунад. Ба ҳама басанда аст — ҳам ба гунҷишкҳо ва ҳам ба мо, гунаҳкорон.
Уфуқи субҳ месўзад. Гулхани осмонӣ пастттар мефурояд, гулобӣ, арғувонӣ мешавад, хеле паст омада, ранги малинаро мегирад, оташи лахчаҳояш хомўш мегардад. Дар ким-куҷо, дар паси дарахтон, офтоби калони арғувонӣ аз паси як кунҷи замин пайдо гашта, зуд боло мешавад.
Хурўсҳо хомўш шуданд. Сукут шикаст. Дар боғ хатҳои зарди нури офтоб аз байни шохҳои дарахтон намоён шуданд. Субҳи содиқ дамид.
Ва баъди сабоҳ, вақте офтоб аз болои дарахтон боло шуда, шабнам хушк мегардад ва рўи миз гармии офтоб намезанад, субҳона хўрдан хуб аст.
Таом дар тобистон одӣ аст: твороги резаи аз нури офтоб тиллоранг; ба қаймоқи нави ҳанўз яхнабаста шалғамчаи болазату шаҳдбори гулобиро тар карда, бо дандон хоидан; барги сабзи навруста бо пиёзи сафеди ширин; бо шибити хушбўй; барги талхи хрен; бодиринги бамазза. Дар рўи миз, таҳти нури хуршед чун дар кафи дасти пурсаховат, ҳама чиз заррин мешавад, сабзинаранг мегардад, сурхӣ мекунад ва ба чашм роҳат мебахшад. Хўру боз хўр.
Гармо нест. Гунҷишкҳо дар хомўшии саҳар чир-чир мекунанд. Дар баландии осмон — бо як нигоҳ ба онҳо расида наметавонӣ — бо суръати баланд досакҳо парвоз мекунанд. Дар назди пои ман бобуна то охир мешукуфад, дуртар карнайгули ёс ва патунӣ ҷилва мекунанд. Ба занбурҳои асал на дар он ҷо на дар ин ҷо ғизо нест. Хуб аст, ки дар зери дарахти гелос баргҳояшро тела дода, гули хайрии гулобӣ баланд қад кашида шукуфтааст. Занбурҳо дутоию сетоӣ ба як гули паҳн нишаста, луқмаҳо мебардоранд. Субҳ. Гармии нарми офтоб асар мекунад. Ман ҳис мекунам: ангуштони гарм пуштамро бодиққат палмосида, муолиҷа мекунанд, ки дар зимистон, дар ҷойи шамолгузар сард гашта ва баъзан дард мекунад. Гармии офтоб ба рагҳои бемор чун доруи хуб ворид мешавад. Ман аз ҳаловат карахт мешавам. Шамол баргу алафҳоро хишир-хишир карда меҷунбонад. Ба ҷойи гармкардаи баданам сардӣ мерасад. Ва боз ангуштони роҳатбахши офтоб ба тани ман ҳаловат мебахшанд, устухонҳои маро, ки дигар ҷавон нестанд, гарм мекунанд.
Ду шабпарак сабук парвоз карда, атрофи ҳавлӣ давр заданд. Сўзанаки кабуд боз ҳам кабудтар ҷило дода, болҳояшро хишир-хиширкунон садо дода парвоз кард. Дар рўи замин сояи мурғи дар парвоз пайдо мегардад. Ҳуштаки болҳояш ба гўш мерасад.
Чой тайёр шуд. Дар рўи дастархон асали тару тоза гузошта шудааст. Худи дирўз онро аз лонаи занбўр бароварданд. Шаффофи сабзранг. Аз ақоиқҳои сафед ва санҷиди гулобӣ. Гуё дар дашт бошем: мавҷи шамоли гарми июн тунд ба рўй мезанад. Ақоиқҳо ва санҷид якбора мешукуфанд: гулҳои сафед ва ситораҳои тиллоӣ дар шакли хўшаҳои хушбўй ва ширин.
Ана, дар саҳни ҳавлӣ шамол хиширрос зад. Ва боз сукут. Офтоби июн рўҳу тани маро гарм мекунад. Тобистони гарм. Рўзи дарозтарини вай. Чӣ қадар интизор будем... Баъд онро тирамоҳу зимистон ба ёд меорему боз интизор мешавем.
Занбурҳо дар шукуфаҳои норинҷии гули хайрӣ шах мешаванд. Пас ширин аст. Дар ин ҷо ман, махлуқи худо ҳам, гуё дар гули паҳне, ки барои ман шукуфтааст шах мешавам. Атроф сабзу кабуд ва гармии заррини офтоб. Як рўзи тобистон.
Вай ҳоло дароз аст. Ва ҳама чиз дар пеш: нисфирўзии тафсон ва шоми гарм. Ва тамоми рўзи дароз на деворҳои танг маро муҳофизат мекунанд, на шифти сафедкарда, балки сабзаҳои замин ва осмони барҳаво аз ҳар канор.
Осмони ситоразори шаб мутантан ва пурасрор аст. Аммо ба он дуру дароз нигарӣ, беихтиёр рўҳат вазнин мешавад, гуё ба абадият даст мезанӣ. Осмони рўзонаи тобистон — бо кабудию ранги нилгунаш, бо фазои беандоза ва барои чашм дастнорасаш, бо абрҳои баландаш ҳамеша ва дар ҳар маврид ба дил хуш меояд. Новобаста ба он ки чӣ қадар менигарӣ, бо нигоҳ чашмонатро ба умқи кабуди вай ғарқ месозӣ, абрро паси абри дигар пайгирӣ мекунӣ, аз тамошо сер намешавӣ.
Ва борони тобистон чӣ?.. Раъду барқҳои рўзона. Ва борони «кўр»-и чашмхиракунанда, ки дар офтоб медурахшад.
Дар рўзи тобистон чизҳои хуб бисёр аст. Ва дуру дароз чун туҳфаи беандоза саховатмандона давом мекунад.
Нимаи рўз гарм шуд. Дар соя 32 дараҷа гарм. Аммо зери дарахти себ, дар сояи тоҷи паҳншудаи он, дар курсии катонӣ шинед, гармиро ҳис намекунед. Насим баргҳоро ба ҷунбиш оварда, сарро хунук мекунад. Дар боғ чатрҳои бодиён меларзанд. Шамол бозмонд. Ва ҳама садоҳо хомўш шуданд. Факат як малахи яккаи хоболуд дар байни алаф чир-чир мекунад. Абрҳои камчин дар умқи кабуди осмон ях бастаанд. Дар болои онҳо — паҳннўлҳои шахшуда. Ду чўҷабарак давр зада истодаанд. Аввал паст парвоз мекунанд, ман онҳоро мебинам. Сипас тоб хўрда, баландтар, боз баландтар мераванд. Ана, дигар нестанд. Ба қаъри осмони кабуд рафтанд. Он ҷо сард аст. Ёд дорам, чӣ тавр дар уқёнуси Ҳинд, ки обаш мисли ваннаи гарм аст, ман кўшиш мекардам ба оби кабуди шаффоф чуқуртар ва амиқтар даромада, аз сардӣ роҳат барам. Аммо он ҷо то дер истода наметавонед... Аммо калхот як парвоз карду тамом, дигар ў нест.
Шамол гоҳо сахт мевазад. Як шавқун мекунаду боз хомўш мемонад. Мавҷ аз паси мавҷ омада, дар гармои рўз сарро ҳушёр мекунад.
Аммо акнун соат ба соат шом наздиктар мешавад. Офтоб ҳоло баланд аст, вале оча-мурғи ғамхор чўҷаҳоро ба мурғхона мебарад. Гулҳои арғувонии «офтоб»-и хазанда ба ҳам печида маҳкам шуданд, аз паси онхо календулаи зард рухи бози гулбаргҳои худро пўшид. Ҳол он, ки офтоб ҳанўз бевосита ба рўйи онҳо нур мепошад.
Ба ҳар ҳол, шом расид. Шабчароғи боғ суруди дарози худро оғоз кард. Фотимачумчуқи кабуд дар шохаҳои сафедори баланд нола мекунад. Заргулдор мегиряд. Офтоби сардшуда ранги зард мегирад.
Нури хуршед дар шом. Дар гелос сурхии мева медурахшад. Сояи хона сиёҳ аст, он ҷо сард аст. Дар байни дарахтони сабз рахҳои зарди нури шом хобидаанд. Тортанакҳои ҳавлӣ шабона барои бофтани тўр мешитобанд.
Дар осмон — кабудии рўзона ва роҳи дуру дарози абрҳои баланд бо қуллаҳои дурахшон. Аз як канор то канори дигар. То шом онҳо бештар мешаванд. Ҳангоми ғуруби хуршед дар тарафи ғарб онҳо гўё саф кашида ях мекунанд ва аз баландихо рў ба поён равшанӣ медиҳанд. Ва он гоҳ нисфи осмон дар дуди арғувонӣ ва аланга месўзад. Ва баъди сўхтан барои муддати дароз сабзу тоза боқӣ мемонад.
Дар замин субҳ медамад. Рўз сар мешавад. Аммо субхи тобистон дуру дароз медурахшад. Ва он ҷо, дар ҷараёни он, ҳилоли нуқрагини моҳи нав ва дар паҳлўи он ситораи ҷавони нуқрагин равшан мегардад.
Фардо варақаи тақвимӣ мегўяд: вақти рўз кам шуд, кўтоҳ шуд, на он қадар зиёд. Қатра — қатра, аммо кам мешавад, мисли умр. Биёед, гарм шавем, вақте чунин имкон ҳаст. Пас аз дамидани субҳ таҳти офтобе, ки ҳоло сўзон нест. Баъд, дар зимистони тўлонӣ бисёр вақт ёдаш мекунем.




