Дар овони тифлӣ, ба ёди ман ҳаст...
* * *
Дар овони тифлӣ, ба ёди ман ҳаст,
Маро буд аспи шоколодие.
Зи сар то ба дум як ваҷаб дошт қад,
Шабеҳи таковар фарас зотие.
Дарунхолие буд ҳамчун ҳубоб,
Буд он туҳфаи меҳрубон холаам
Ба сесолагии мани навҳаёт.
Ба худ кард шайдою ҳам волаам.
Дигар он қадар дӯсташ доштам,
Ки хӯрдан намехостам ман варо.
Якуним сол он шоколадасп
Ҳамезист дар хона бемоҷаро.
Зи чангу ғубор он чунон шуд сиёҳ,
Ки бечора монанди ангишт гашт.
Наме дар вуҷуди ғарибаш намонд,
Ба сахтӣ чу дандоншикан хишт гашт.
Сипас гурбаам Муркаи беқарор
Зи тиреза афтондаш бар замин.
Надонам, тасодуф буд ин ё ки рашк,
Бишуд пора он аспаки нозанин.
Бичидем мо пораҳояш ба зуд,
Бишустему хӯрдем бо иштиҳо.
Бихӯрдам қатори ҳама низ ман —
Бале, ишқро нест шарҳу баҳо...
Дар овони тифлӣ, ба ёди ман ҳаст,
Маро буд аспи шоколодие.
Зи сар то ба дум як ваҷаб дошт қад,
Шабеҳи таковар фарас зотие.
Дарунхолие буд ҳамчун ҳубоб,
Буд он туҳфаи меҳрубон холаам
Ба сесолагии мани навҳаёт.
Ба худ кард шайдою ҳам волаам.
Дигар он қадар дӯсташ доштам,
Ки хӯрдан намехостам ман варо.
Якуним сол он шоколадасп
Ҳамезист дар хона бемоҷаро.
Зи чангу ғубор он чунон шуд сиёҳ,
Ки бечора монанди ангишт гашт.
Наме дар вуҷуди ғарибаш намонд,
Ба сахтӣ чу дандоншикан хишт гашт.
Сипас гурбаам Муркаи беқарор
Зи тиреза афтондаш бар замин.
Надонам, тасодуф буд ин ё ки рашк,
Бишуд пора он аспаки нозанин.
Бичидем мо пораҳояш ба зуд,
Бишустему хӯрдем бо иштиҳо.
Бихӯрдам қатори ҳама низ ман —
Бале, ишқро нест шарҳу баҳо...




