Ту бароям шиноварӣ омӯз, обҳоро гирифта дар оғӯш...

* * *
Ту бароям шиноварӣ омӯз, обҳоро гирифта дар оғӯш,
Бар ман аз тарҷума шинос аст ин ҳукми озод буданам бар дӯш
бо забони нишоти заврақи чӯб,
талху хушмазза мисли меваҳои боғ
ҳамчу қарсоси ҳезуму ҳамчун ҳасрати шоми раҳгузар бар гӯш.

Бин, ки партофта дар соҳил солиёне, ба рӯи қум хобанд,
оббозу шиновари ташна дар нами рӯи он чӣ меёбанд?
медавам ман зи хештан он сӯ ҳамчу маҷрои тафтаи соҳил,
мешавам манзара ва мемонам андар он ҷой ҳамчунон ҳосил.
 Пеши ҳар рӯд худ бияфшонам. Ту бароям шиноварӣ омӯз.

Гар ҳама рост ояду ҳастӣ баъди ин ҳам идомае ёбад,
мешавад то назар биандозем сӯи чашмони тангу пурҳайрат,
дида бар дидагони моҳиён, ки ҳама рӯнамост ҳайратзо,
бигзарем аз ниҳоди ғафсии вақт, аз канори бузургии дарё
То ки он гаҳ..............................................................................