Кӣ андар козаи оҳак ниҳон карда нишонеро...

* * *

Кӣ андар козаи оҳак ниҳон карда нишонеро
Нигаҳ бар обҳо
Сӯзан занад рози ниҳонеро?

Кӣ дида нам-нами борони заҳрогин, кӣ дида нури беҳосил,
Ба ҷаннат роҳхат ёбад
Ба ҳукми мурдагон ҳамдил?

Ба оби хира таслим гаштаву мафтуни хурсандии як лаҳза,
Даруни кӯлмак бозӣ кунад моҳӣ.
Аз он бозӣ, ки ҳукмаш нест ҷуз оҳе.

Бихез аз хоб, эй беақл, ба дастат ламс бинмо маргро, зеро
Ки он мебинадат бо дидаи пурбин,
Намебинад дигар чизе ба ғайр аз ин.

Надорад зиндаро ӯ пос, на парво дорад аз мурда,
Биранҷонида тифлонро,
Гузорад рӯҳи афсурда.

Ба-дон чашмони кӯраш мошро ӯ гурба хоҳад дид,
Ба он дастони сармохӯрдааш,
Бо ин ҷудоӣ — сардии ҷовид.