Боз муноҷот
Наход? андешидам ман баромада
аз трамвайи 37-ум дар истгоҳ
он ҷойе, ки навакак будам, ҷойе, ки доназор аз борон аст
ва пуле ки ҳанӯз аз санагузорӣ дуд мекард
худдорӣ мекунам ва чӣ то мавсим моҳи май буд?
наход ин туӣ? нигоҳат аз болои сари нишастаҳо лағжид
ва нигоҳи маро дошт ва трамвайи 37-ум
ларзиду ист кард ва қабои кабуди ту гузашт,
урён намуда баёзи гардани кӯдаконаро ва ман фуруд омадам
дар як вақт бедор гардида дар роҳи равони худ
наход туӣ такрор кардам ва бо кӯшиши
ҷустани валидол дар торикӣ аз кисаҳо, на баҳри чӣ ҳавое,
на барои чӣ рӯзе надониста, лоақал сол,
ту чунон ором ва дур хобида будӣ, ки тарсидам даст расонам,
— студиозус*, аз пас садо кард, ту девона,
савори як трамвай рафтану якдигарро надидан,
кушодашавандаҳо ҳамеша ба тарафи паҳлу
ба Лефортово, аммо туро чун ҳамеша ба тарафи рост,
ва ба кӣ аз қаъри солҳо садои занг меояд,
ва ё номаш чист, мобилник? — муҳим нест, даҳаняла, наист
дар роҳҳо, агар ояндаро надонӣ! — аз хоб
чунонки ман андешидам дар торикӣ ва ту дар барам будӣ, дар барам,
ношинос аз 37-ум — зан, туӣ? — ҳамсар,
ва боз чизе буд, чизе, ки дар сухан намегунҷад, бо нигоҳе
гиро намегирӣ, аммо ин ҳузур дошт
чун нишони ногузирӣ, шояд ва хабар ба ҳар ду
ва ба оина нафас мекашид ва ба рақамҳо ҳисоб андохт
баробар ба чаҳор пошна ва ду обол**,
зеро айёми муноҷоти юнониву ғайриюнонӣ гузашт, аммо муҳлати
дидори минбаъда чи дар субҳ, мухтасар дар шаб,
аммо, вақте чеҳраи туро мебинам ва чаккаи сафедатро,
бо набзи рагҳояш, азизам, ту бовар кун, ғайб мезанад
ҳама чиз, хастагӣ, солҳо, асаббозӣ,
нишонаҳои афзуншавандаи пирӣ ва бемориҳо —
ҳама мераванд, танҳо накҳати мӯйҳои ту
парешоншаванда дар таҳи кафҳо, то ки
махфӣ онҳоро ба қайчӣ чун амонат барои рӯзи сиёҳ
дар китоби қиматбаҳо — ҳифз кунам накҳатро, ӯ танҳо нигоҳ
медорад он чиро, ки аз он мевазид ва ҳар куҷо бубарӣ
ин китобро, то ихтилоҷ онро аз нафас мебарорӣ, такрор
мекунӣ чун васият, ҳарчанд на як бор хондаӣ,
ҳар шеърро аз худ намуда, вале он ҳанӯз муаммост
худ ба худ ва, албатта, боз анҷоме,
ки то он ҳаргиз хатчӯб намерасад,
зеро анҷом нест, умуман сухан нест,
ин як намуди рӯҳафтодагӣ, беҳудаҷӯшии майнаҳо;
дер вохӯрдем? Аммо вохӯрдем ва ишқ
чунон ки рафиқ Сталин навиштааст, ғалаба мекунад ва ҳоказо
ва як умед, ки доҳиёни мо тамба нестанд
ва мегузоранд бо марги худ бимирӣ, дар ҷогаҳи худ,
аз чӣ имтиёзи кам аст ин, вақте ки на сӯрохии фалокатбор дар пеш аст,
Худовандо, мегӯям, магар, Ту ин ҷоӣ, магар
имкон медиҳӣ, ана боғҳои ту ҳам хаста шуданд, рав,
ресмоне рес ноаён-чӣ он дар инҷо, сӯрох аст?
аммо ёр бо ман аст, субҳидам ӯро бедор макун,
субҳидам ӯ хоби ширин дорад, трамвай гузашт.
* Студент.
** Ченаки вазн.




