Ғалсамаҳо ташнагӣ мекашанд

Соати дуи шаб ба роҳ баромадем. Баҳр ба назар меҳрубон наменамуд. Аммо неру, ғайрат, иродаи бузурги он ҳатто аз боло, аз рӯйи шахҳо эҳсос мешуд. Одами аз баҳр дур оби калонро аз фоисила пай мебарад. Аз кӯча қадам мезанад — ва ногаҳон бӯй ба машомаш мерасад, ана, аз паси он гӯша, баъди гардиш, ҳозир паҳно пайдо мешавад ва шамоли намаколуд ба рӯй мезанад. Ба тарафи соҳил — сарнишеб — пайроҳаи сангпӯш мебурд: пурпечутоб, аммо боҳавсала таҳияшуда. Ҷое, ки лозим аст, панҷара насб кардаанд, ҷо-ҷои дигар зинаҳо сохтаанд. Дар фосилаҳои муайян нурафканҳо шинондаанд, ки ин моро хушҳол намуд, вагарна ману Семён баъди се дақиқаи оғози саёҳат дар торикӣ гарданҳои худро мешикастем. Шаби хуб буд, намаколуда, шаби равғанини итолиёи ҷанубӣ — бо корд гиру ба нон бимол. Агар метавонӣ. Он гоҳ, ки мерафтем, баҳр оҳиста-оҳиста ба ҳаракат медаромад, дигар зинаташ ба чашм наменамуд. Шавшуви номуайян дар садоҳои алоҳида ҳулул ёфт: ана амвоҷ пеш давид, ана бархӯрд ва таркида, ба кафкҳо мубаддал шуд, ана фашшос зад ва қафо баргашт. Дар гардиши қабл аз охир ман таваққуф намудам ва гуфтам: — Бубин. Ӯст ё на? — Монанд, — посух дод Семён. — Бӯйи хуш дорад. Бӯйи баҳри ҳақиқӣ. — Бӯйи Миёназамин, — мушаххас кардам ман. — Бӯйи тоза, — гуфт Семён. — Куллан дигар. Сиёҳ чӣ гуна бӯй дорад, медонам. Каспийро ҳам. Бӯйи Балтикро ҳам шамидаам. Баҳри Шимолро бӯй кашидаам. Аралро низ... Бӯйи Миёназминро на. Соҳил аз сангҳое, ки ҳар дуюми он баробар ба автомобил буд, монеа дошт. Аммо дар ин ҷо ҳам аз миёни қиррашахҳо дасти меҳнатқарин гузаргоҳ сохта буд. Устуворона қадам зада, метрҳои охирро пушти сар намудам, ба рӯйи лӯндасанг баромада, аз ҳайрат ханда задам ва чун мавҷи навбатӣ пойафзори хушки маро тар намуд, аз нав ханда сар додам — баландтар ва лоуболона. Ҳамааш табиӣ буд. Ҷазираҳои Капри, шаб, феврал. Ҳаво дар Маскав биступанҷ дараҷа сард, инҷо бошад — ҳозир шалворамро мебарораму ба об меҷаҳам ва шино мекунам. — Ана! — фарёд задам ба Семён. — Худи худаш аст. Миёназмин. Дарёб, бародар! Семён аллакай либос бадар карда буд. — Ҳарчи ҳам бошад, — посух дод ӯ, — ман Сиёҳро аз тарафи дигараш шамидаам. Аз ҷониби Туркиё. Вақте ки қочоқ мебурдам. Аз Туркиё ба Новосибирск, шабҳо, дар белбот (заврақи тезгарди белдор). — Романтика, — гуфтам ман. — Бале, — ҷиддан розӣ шуд Семён.— Боз чӣ гуна. Ӯ аз назди ман гузашт, аллакай урён ва аз миёни сангҳо бо усули харчанг, ба дастонаш такя карда, саросема нашуда боло баромад ва бо рӯҳияи мактаби Мхатов ба хониш даромад: «Ба моҳиҳову ахтарҳо бибардорад қаиқро! Баранд он се юнонӣ то Одесса моли қочоқ». На он қадар устокорона пеш мерафт, аммо бидуни ягон ҳаракати изофӣ. Кайҳо боз ҳаракати ноҷо намекард: на дар вақти шиновариҳои шабона ва на дар маҷмуъ. Дар гӯшаи хорасанги дар сурат чун дандони калон нишаст ва хабар дод: — Ҳама ҷо пур аз санг аст! — Дурусттар дор, — гуфтам ман. — Мавҷ меояд, гарданатро мешиканӣ. — Аллакай дорад меояд, — гуфт Семён ва амвоҷ ӯро пӯшонд. Дар лаҳзаи охир, чун теғаи мавҷ даррасид, Семён фарёди ҳаяҷонолуд ва ё даҳшатбор (ину он гоҳо оҳанги яксон доранд) бардошт ва баъдан нопадид гашт. Аз пушти мавҷи якум дуюмаш расид, ҳамон тавр бошиддат. Семён ғӯта зада, фарёди хушҳолона баровард. «Ғалсамаҳоро нам намуд», — андешидам ман ва садо кардам: — Шино бикун! — Impossibile! — посух дод Макаров ва дар ҳоле, ки сулфа мекарду сахт меларзид, берун баромад. Канораш нишастам ва шонаҳояшро молиш додам. Мо бо худ сачоқ нагирифта будем. — Агар пойро ҳамту шиканӣ, ҳеч гап не, — гуфт ӯ. — Аммо агар панҷаи по дармонад, канда мешавад. — Нофаҳмост, чӣ тавр мардуми маҳаллӣ дар ин ҷо оббозӣ мекунанд — Онҳо оббозӣ намекунанд, — гуфт Семён. — Барои ман манзараи аҷиб аст, барои онҳо чӣ? Баҳр баҳр аст. Биё, баръакси ҳолро тасаввур мекунем. Ду каллакадуи итолиёӣ махсус ба Маскав омадаанд, то fun доранд. Рӯзи ҷумъа, баъди нисфирӯзӣ яке ба дигараш садо мекунад: «Марио, ин аҷиб аст! Ба назди ман биё! Он ҷо суръатро тез бикун, ана, он ҷо тавақкуф намо ва бубин, ки чун фура мегузарад, амвоҷи ҳавоӣ туро аз замин барнаканад... « Ман хандидам. Семён сулфа зад. — Чӣ, бародар, — пурсидам ман, — ғалсамаҳо рамиданд? — Ҳеч гап не, — ҷавоб дод Макаров. — Ин манфиатовар аст: бо оби баҳр бинию гулӯро шустан. — Мо дар ҷазираҳои Капри ҳастем, — гуфтам ман. — Ҳамааш фоида дорад. Об, ҳаво, бӯйҳо. Ҳатто сангҳо. — Сангҳо, бале, — розӣ шуд Семён. — Сангҳо бисёр табиӣ ҳастанд. Аз чаптари ин лӯндасанг даро. Аз паси он дуюмаш ҳаст, хурдтар — росткунҷа аст он, онро дошта, раҳо шав. Фақат ин, ки пуштатро эҳтиёт бикун. Ва лаззат бар. — Лаззатбариро ба ман нишон надеҳ. Агар ман намебудам, ту ҳоло дар идора нишаста, қаҳваи одӣ менӯшидӣ. — Бале, — бо хушҳолӣ гуфт Семён. — Тасмими хуб гирифтем. — «Раҳидем» ном дорад. — Дақиқан, — розӣ шуд Семён. — Раҳидем! Ту меравӣ? Ҳатто дар зери нури хираи моҳтоб дида мешуд, ки ӯ меларзад. — Хунук аст, — гуфтам ман. — Ту худат садо кардӣ: рафтем, ғӯта мезанем, шаб, шахҳо, ахтарон... Рав. Фақат шитоб накун. Дар ёд дор, вай на танҳо туро метавонад барзанад, балки имкон дорад аз пушти худ бикашад. — Мавҷ? — Оре. — Мисле, ки дар бораи зан ҳарф задӣ. Семён дар мавриди зан чизе гуфта посух дод, аммо ман нашунидам. На дар ҳама ҷо санг мехобид. Дар соҳили об майдони ҳамворе буд, маҳсули даст, паҳнои бетонӣ. Ҷо-ҷо тарқишҳо ба чашм мерасид, аз афташ тобистон дар онҳо соябон мегузоштанд, ё ягон навъи такягоҳро барои насби чодирҳо ба кор мебурданд ва аврупоиҳои синфи болоиву миёна дар маҷмуъ аз нурҳои бунафшранг фароғат бурда, дар ин ҷо офтоб мехӯрданд. Ман либосҳоямро ба ҷуз тагпӯш баровардам. Каме андеша карда, аз баҳри он ҳам баромадам. Шинои шабона бараҳнагиро мехоҳад. Об месӯзонд. Эҳсосе рӯ зад, ки гӯё ба спирт ворид мешавам. Бӯйи тунд дошт, акси спирти сиёҳ аз ҳама тараф иҳота карда буд маро, теға меофарид он, тела медод, ба сурати кафкҳои вазнин метаркид, саъй мекард маро, ки ба барҷастагии санг бо дастҳои аллакай харошхӯрда часпида будам, барканад, то аз соҳил бирабояд ё ҳатто бикушад, чаппагардон бикунаду зарба бизанад. Сурудам: Меравам ман сӯи уқёнус, кишварҳои гарм, То Ҷануб оям агар, ҳаф(т) соати парвоз бас. Мебароям рӯйи шахҳо, мезанам ғӯта дар об — Боз баргардам ба сӯят, эй Шимолам, бо ҳавас! Спирти баҷӯшомада бераҳм буд. Он гоҳ ки теғаи об ба қафо тела дод, ҳама ҷо, дар рӯйи сиёҳу равғанини баҳр нӯгҳои харсангҳои обӣ ба чашм намудор шуданд. Се дақиқа қабл ман нақшае тарҳрезӣ кардам, ки аз хеш чолокӣ нишон дода, ба ҳар ҳол шино бикунаму аз соҳил дарун равам, амвоҷро зин занам, — ба Семён, дӯсти деринаам, дудии беор собит созам, ки имконнопазир имконпазир аст; акунун дарк кардам, ки дӯсти қаринам ҳақ будааст. Ин ҷо танҳо метавон ба гӯшаҳои хорасанг такякунон нишаста, аз бетафовутии табиат баҳра барӣ. Лаҳзаи мувофиқро дарёфта, баромадам, — ва чун авҷи аъло гумбросзанон даррасид, донистам, ки на танҳо баромадан лозим, балки давида худро бояд наҷот дод. Аз даводав лакот шуда, сар миёни шонаҳо фурӯ бурдам. Бори дигар оринҷамро харош додаам. Семён аллакай либосҳояшро пӯшида, шарораҳои сурхро ба дасти бод дода, сигор мекашид. — Ман ҳам ин сурудро ба ёд овардам, — садо баланд кард ӯ. — «Ман дар Шимол зиндагӣ мекунам! Дар сейнер (киштии баҳрии моҳигирӣ) кор мекунам!». — Ғӯта зан! — Не, — посух дод Семён. — Хунук аст. Бояд бо худ гидрокостюм мегирифтем. — Дигар чизе намехостӣ? Ин ҷо ҷазираи силкасалҳо, зиққинафсҳо ва пирони сарватманд аст. Ин ҷо аз гидрокостюм истифода намебаранд. Ин ҷо аз шалвори сафед ва қайиқ кор мегиранд. — Пас, бояд шалвори сафед мегирифтем. — Не, — рад кардам ман. — Қарорамон буд: бо чизе ҳастем, бо ҳамон меравем. — Бисёр ҳам дуруст кардем, — гуфт Семён. — Ман розиям. Ин чӣ, воқеан ҳам биҳишт аст? — Чунин навишта шудааст, — ҷавоб додам ман ва ҳис кардам, ки аз хунукӣ баданам сих мезанад, аммо ин маро ноҳинҷор нанамуд ва дилсард ҳам накард. — Агар ин ҷо биҳишт аст, — гуфт Семён, — пас, ман пасмондаи сигорамро бояд ба куҷо партоям? — Болопӯши селофании қуттиро ҷудо бикуну пасмондаи сигоратро ба он печон ва ба ҷайбат бинеҳ,— маслиҳат додам ман. — Аҳа, — гуфт Семён. — Ба эътибор мегирам. Аз тарафи чап, дар масофаи якуним киллометр шахи лухти дар баландӣ чун бинои нуҳошёна намудор буд, дар тарафи рост роҳи моҳтобӣ ба чашм мерасид, ба он метавон ҳама вақт ҳаракат карда, то Гибралтар ва боз дуртар, то ҷазираҳои Қариб ва Бразилиё, шино намуд. Ҳеч гуна садд, сарҳад, баландию нишебӣ, ягон чорроҳа, эстакадаи бисёртабақа, ҳеч хел трофики панҷгона ва яхбандӣ нест, танҳо об ва на ҷуз он; ин то ҳадде сода буд, ки тафаккур аз бовар кардани худи андешаи оммавӣ будани роҳи рост худдорӣ мекард. Аммо он гоҳ, ки панҷоҳ маротиба печ мехӯрӣ, беҳтараш ба ҳушу тафаккур бовар макунӣ. Балки ба фаросат ва эҳсос такя бикун. Ба хоҳиш. Хостӣ — шино кардӣ. Хостӣ — билет харидию ба баҳр, барои зиёрати гӯшаи моҳидорон ва тасвиргарон омадӣ. — Хайр, — гуфт Макаров. — Чӣ? Ғалсамаҳоят қонеъ ҳастанд? — Оре. — Пас, меравем. Ман дар кӯтал гарм шудам. Бо суръати хуб дар саҳни каме бузургтар аз майдони бозии тениси шаҳрча дайри иезуитҳоро бидуни вохӯрдани ҷони зиндае паси сар кардем. Ба маҳалли куҳнаи аҳолинишин, ки кӯчаҳояш ба роғи паҳнояш якуним метр мемонд, ворид гардидем. Семён, ки пешопеш мерафт, дар ҳамин ҷо таваққуф намуд. — Оромӣ, — гуфт он. — Эҳтиром мегузорам. Ба девори хунук такя карда, истодем. — Ин ба кинотолор монанд аст, — оҳиста изҳор кард Макаров. — Ҳамин гуна оромию хомӯшист он ҷо... Он гоҳ ки ҳама дар ҷойи худ менишинанд, чароғҳоро хомӯш мекунанд ва билетфурӯше, ки назди дари даромад меистад, омада пардаро мефурорад. Аммо ҳоло пардаи саҳнаро равшан накардаанд. Хомӯшӣ, торик ва ҳама нишастаанд...Пешакӣ лаззат мебаранд. Ман ҳафт сол дорам ва бештар лаззат мебарам, ҳатто дандонҳоямро ба ҳам мезанам. Ҳозир филми «Одам-амфибия»-ро намоиш медиҳанд. Ихтиандр дар кӯчаҳо медавад, ана дар ҳамин гуна кӯчаҳо. Аз паси ӯ — бадкирдор. Педро Зурита. Ҳаромзода ва ношуд. Ками дигар мондааст, ки даррасад, аммо Ихтиандр — ҳоп!— аз сари шах ба об меҷаҳад! Рафт, дастгир куну бин... Чун ба сари шонаи кӯҳҳо расидем, якбора ҳарду ёнаи ҷазираро дидем: дар шарқи он таҳҷоиҳо мезистанд, дар ҷануби он девор ба девор меҳмонхонаҳои боҳашамат сохтаанд — дар ин ҷо оташ ғафстару равшантар аст. Паҳнои пайроҳа, ки ба сӯйи даврозаи панҷарадор мебурд, густрадатар шуд. Семён қуфли овезонро такон дод — оҳан маҳзунона ҷаранг-ҷаранг садо баровард. Макаров дилупрона ба симҳои панҷара даст зада, боло баромад. — Раваду ин ҷо посбон бошад? — пурсидам ман. — Пул медиҳем. — Агар нагирад? Полисро даъват кунад? — Росташро мегӯем. Мо русҳои сайёҳ ҳастем. Ногаҳон дар миёни ҳафтаи корӣ хостем дар баҳр оббозӣ бикунем. На танҳо ҳамту дар баҳр, балки дар фарҳангитарин макони Аврупо. Ва баъди оббозӣ, ҳеч мумкин нест, ки ҳамту аз назди виллаи император Тиберий гузарӣ. Харобиҳои итолиёӣ беҳтарин бренди ҷаҳонӣ ҳастанд! Мисли футболи Итолиё! Монанди хокрӯбаҳои итолиёӣ! Расидем — баста буд. Чунон аламовар буд, ки ашкро аз чашм сарозер мекард... Танҳо чунин метавон гуфт. — Бубахшед, амакҷонҳо, дигар такрор намешавад? Семён ҷаҳид, дастонашро ба шимаш молиш дода, пок намуд ва табассум кард аз паси симпанҷараҳои дарвоза. — Бояд онҳо ба мо бигӯянд: «Бубахшед, амакҷонҳо!». Зеро амакҷонҳои ҳақиқӣ, воқеан ҳам, мо ҳастем. Мардҳои солор. Дар воқеъ, мо барои тамошои харобиҳо парвоз карда омадем. Ва то набинем, ба ҳеч куҷо намеравем. Зеро мо сайёҳ ҳастем. Боадабона рафтор мекунем, пасмондаи сигори худро намепартоем, балки онро ба халтача мегузорем. Бисёр мехоҳем, ки пул харҷ бикунем ва ба Русияи хунук аз меҳмондории гарми Итолиё бо худ хотираҳо барем... Биё, боло баро. Дар ин ҷо посбон нест. Ман ба қадди панҷара ҷаҳидам, аммо Макаров ба ин тарафу он тараф нигариста, ҳарфашро идома дод: — Ва он гоҳ, ки ман дар зимистони қаҳратун, дар барфтӯдаи маркази Майдони Сурх хунук мехӯраму хирси бераҳм ба ман ҳуҷум оварда, устухонҳои фарсудаи маро мехояд, фикр мекунам: «Ҳаёт беҳуда нагузашт! Ман ҷазираҳои Каприро дидам! Ман бо шабаҳи Тиберий суҳбат намудам! Ман руси ваҳшӣ ҳастам, аммо ғалсамаҳои ман аз ҳавои баҳр нафас гирифтанд. Он замон, ки бобоҳои ман бо чӯб якдигарро зада мекуштанд, дар ин ҷо аллакай демократия, почта ва қубурҳои обгузар мавҷуд буданд!» Агар маро ҳабс бикунанд, чунин хоҳам гуфт. Димнаҳои бисёртабақа сиёҳу сокит ва ғамовар буданд. На нигаҳбонӣ мешуданду на аз таг ба онҳо равшанӣ дода мешуд. Ин ҷо ҳам мисли ҳар ҷои соҳили шимолии Миёназамин бӯй мекард. — Чизеро эҳсос намекунам, — гуфтам ман. — Ду ҳазор сол, — посух дод Семён. — Дар ин ҷо ҳатто як молекулаи он боқӣ намондааст. — Набояд чунин бошад. Тиберий ҷаҳонро идора мекард. Ӯ ба Понтий ва Пилат фармон медод. Калигула писари угайаш буд. Ҷустуҷӯ кардан даркор. — Мекобем, — гуфт Семён. — Фақат сигор накаш. Арвоҳ бӯйи тамокуро дӯст намедоранд. — Ҳарчӣ гӯйӣ. Аммо ба эътибор бигир, баъди чанде субҳ медамад. — Инаш дар дасти мост. Соати қабл аз дамидани субҳ — вақти пурасрортарин аст. Фурсати миёни гург ва саг. Семён ба фавқулэҳсоси содалавҳона, экстарсенсориёт бовар надошт— олами арвоҳ барои ӯ ба афсонаи тангназарона мемонд, — аммо ҳоло ба фикр фурӯ рафт ва ғур-ғур кард: — Аз афташ, рӯҳ бояд дар тагхона зиндагӣ бикунад. Дар оёшнаи поён. — Ба гумон аст. Эҳтимол дорад, ки дар поён хонаҳои хидматӣ ҷойгир буданд. Анборҳо, саисхона ва ғайра. Ман мебудам, дар боло мезистам. Гиребонҳои худро боло намуда, мо боз лабиринти тираи сангиро чарх задем. Ман дар ҳамаи гӯшаҳо, тоқҳои пур аз табақоти зулмоти қатронӣ, камераҳои секунҷае, ки шояд бачаҳои наврас соати худро интизорӣ мекашиданд ва император сайёди бузурги онҳо буд, нишастам. Аммо чизеро эҳсос нанамудам. Дудилагиҳои сабук, нишонаҳои заиф ва ё ҳатто нишони нишонаҳо боқӣ мондаанд, балки бандиҳои ӯ, ки ин деворҳоро сохтаанд, ҳавзҳоро бо об пур кардаанд ва миҷмарҳои хушбӯйидиҳандаро фурӯзон намудаанд — аммо на худи Тиберий. Тафовутан аз саъю кӯшиши дӯстдори ҳукумат талошу осори дасти ҳунармандон ҳеч гоҳ нобуд намешавад. Ман Семёнро дар ҷойи аз ҳама баландтар, дар майдончаи тамошо ёфтам: ӯ менишасту мехест ва дастҳояшро ба ҳаракат дароварда, саъй мекард, ки гарм шавад. — Бояд бо худ термос мегирифтем. — Маслиҳат буд, ки бори худро вазнин намекунем. Заруртарин ашёро мегирем. То расидани шом сабрро пеша намо. Дар шарқ монанд ба сурати дарозои оташ Неапол ба чашм мехӯрд. Дирӯз мо аз соҳили Санта-Лючий гузаштем, аммо ба шавқ наомадем. Неапол шаҳри сагҳои дайдуи монанд ба мотороллерҳои куҳна ва мотороллерҳои монанд ба сагҳои дайду будааст. Ҷазираҳои Капри дар муқоиса ба Неапол хушояндтару гуворотар тофтанд.Ҷазирагиҳо назар ба неаполиҳо оромтару меҳрубонтар буданд. Харобаҳои дарбори Тиберий — аз қасри Сан-Элмо тираю ториктар ва асроромезтар буданд. Дар боло, дар ошёнаи шашуми виллаи император католикҳо калисои хурди худро доштанд. Дар он ҷо муҷассамаи Бибӣ Марямро гузошта буданд. Тахтаи ифтихорӣ тасдиқ мекард, ки ин ҳама бо фотиҳаи Иоан Павели Дуюм сурат гирифтааст. — Пайдо накардӣ? — пурсид Семён. — На. — Нигарон набош. Агар ман рӯҳи Тиберий мебудам, ба ин ҷо ҳатто бинӣ намехалондам. Фикр бикун: ман Исоро куштам, ду ҳазор сол аз миён гузашт ва дар боми хонаи ман муҷассама мегузоранд! На аз худи Исоро, балки аз модари ӯро! — Тиберий Исоро накуштааст. — Не, — ором эътироз кард Семён. — Гуноҳи ӯ дайн аст. Ӯ низомеро идора мекард, ки Исоро кушт. Ту худат қисса карда будӣ, ки дар замони Тиберий империяи Рим ба таври муназзам рушд мекард. Барои ҳамин Тиберий аз назарҳо гум шавад. Рӯҳаш ҳам. Бубин: дамидани субҳ оғоз меёбад. Дар гирду атрофи мо аллакай аз хоб бедор шуданд ва парандаҳо ба хониш даромаданд. Хати уфуқро абрҳо пӯшониданд ва ману Семён нахустанворро надидем. Дар ибтидо ахтарон гӯё шарм дошта бошанд, ки яке паси дигар ғайб заданд: фурсати рафтан фаро расид, ана — мана нагуфта хуҷаини инҷо ҳозир мешавад; баъд сояҳои кабуд фурӯ рехтанд, билохира, худи хуҷаин аз поён бо тамоми қувват зарба зад, абрҳоро бо тиллои гулобӣ рангин намуд, онҳоро манъ кард ва ба боло баромад: моҳихӯракҳо дар ҳамовозӣ бо бародарони заминии худ садо баланд карданд, аммо бо садои хиррӣ — парандаҳои баҳрӣ аз парандаҳои заминӣ дида қавитару дағалтаранд. Моҳтоби бечора барои аз майдони амалиёт дар паси парда пинҳон шудан шитоб дошт. Ултранилобӣ маро кӯр кард, бо фаромӯш кардани Семёну ғалсамаҳою Тиберий, ки руҳаш бидуни тардид, маҳз дар ҳамин лаҳза аз канор убур мекард, фурсат мекофт, то ҳар гоҳе таваҷҷуҳи меҳмонони нохонда ба дигар тараф ҷалб шавад, то фарорасии ғуруби нав пинҳон бигардад. Арвоҳи мустабидони фавтида давуғеҷи зиндаро дӯст намедоранд. Аз шимол абри нави ғафсу тира даррасид, аммо ҳамин ки равандро ранги тоза бахшид, равшании тиллоиро то ҳадди нарми нуқрагин сабукӣ ато кард, аммо аз рахнаҳо ҷилои қиматбаҳо фурӯ мерехт. — Онҳо инро ҳар рӯз мебинанд, — оромон гуфт Семён. — Ҳасад мебарӣ? Макаров бо ғурур хандид. — Не. Ҳасад бурдан ба бошандагони биҳишт аблаҳист. Ғалсамаҳои онҳо нуқсе надоранд. Мо бошем, мардуми заминӣ ҳастем. Ғалсамаҳои мо ҳамеша газак доранд. Орзуи баҳр ҳамеша бо мост. Дар тафаккурамон нуҳуфтааст. Дар шаҳр медавем, бӯйи гозҳоро мешамем, хуррок мекашем...Тасвири палмаҳоро дар девор меовезем... Ва чун меоем — ғалсамаҳо ба ваҷд меоянд. Яъне дар мо ин ваҷди дӯзахӣ мавҷуд аст, аммо онҳо инро надоранд. — Бар ин андеша ҳастӣ, ки мо аз дӯзах омадаем? Семён бо гузашти фурсате посух дод: он гоҳ, ки аллакай пас мегаштем. Аз болои дарвоза нагузаштем, дар девори канорӣ сурохие ёфтем. — Маскав дӯзах нест, — изҳор дошт Семён. — Он аз ин қатор нест. Абрҳо акнун нимаи шарқии гунбази кабудро пӯшонида, ягона роғ боқӣ гузошта буданд, ки тавассути он ба болои об шуълаи тиллоии ҷолибу диданӣ фурӯд меомад. — Бояд дастгоҳи аккосӣ мегирифтем, — гуфтам ман. — Не, — эътироз кард Макаров. — Маслиҳат буд, ки танҳо чизҳои заруртаринро мегирем. Шаҳрча бедор шуд...Модарон фарзандони худро барои шитобидан ба сӯйи мактаб таҳрик медоданд, ҷавонон мотороллерҳои худро ба кор медароварданд, сабзавотфурӯшон қуттиҳои лимӯро мекашонданд. Майдон аз нав зинда шуд, ҳарду қаҳвахона ба кори худ оғоз намуданд, бартендери мисли ҳамаи бартендерҳо қиёфааш ҷиддӣ ба болои пештахта ду қаҳваи дабл-эсперессерро бо ҳаракати ҷолиби ба худаш хос ба сӯйи мо тела дод: «Prego, signori!» — дар посух мо хандидем ва ӯ моро фаҳмид. Аз қаҳвахонаву оксиген сари ман чарх зад. Ба курсӣ нишаста, оринҷҳоямро рӯйи дастархони сафед гузоштам. Ба рафиқам нигариста, гуфтам: — Магар ҳамааш ҳамин аст? — Оре, — гуфт Макаров. Дарҳол фаҳмидам. — Ҳамааш ҳамин, бародар. Парвоз карда омадем, дар сангҳои тар пӯсти хешро харош додем, харобаҳоро дидем — акнун фурсат фаро расид, ки ба хона баргардем. — Аз ҳад зиёд сода! — аз таъсири ҳиссаи дучанди заҳри ба ваҷдоварданда ва худи ғояи содагии биҳиштомез ба ваҷд омада, нидо баровардам ман. — Ман фикр мекардам, ки ин саргузашти моҷароомез мешавад. Аз расидан то ҷазираҳои Капри расидан ба бӯстонсарои ман дар ноҳияи Богородск душвортар аст. — Олам танг гаштааст, — посух дод Семён. — Ва ё мо калон шудаем. — Ту афсурдаҳолӣ? — На, саодатмандам. — Ман ҳам, — посух дод Семён ва бо виқор пешниҳод намуд: ба занҳоямон мегӯем, ки ҳамааш муяссар шуд. Баҳр гарму меҳрубон буд. Руҳи Тиберий дар ҷояш аст. Аз роғи девор берун омаду қисса кард, ки ҳамааш чӣ гуна буд. Исоро накуштааст, бо бачаҳо нахуфтааст, муаррихон дурӯғ гуфтаанд... — Ба фикри ман, барои занҳо фарқе намекунад, — гуфтам ман. — Онҳо дар ҳолати шок қарор доранд. — Ҷойи нигаронӣ нест, — бепарвоёна посух дод Макаров. — Ин шоки судбахш аст. Ман ба ҳамсарам сари вақт гуфтам: «Ман танҳо заруртаринҳоро бо худ мегирам. Яъне ту ва пулҳоро». Дар бист дақиқа ҳамаро таҳия кард. — Завҷаи ман дар понздаҳ дақиқа, — гуфтам ман. Он гоҳ, ки ба меҳмонхона баргаштам, ҳамсарам ҳанӯз ҳам мехобид. Нахостам ӯро бедор бикунам. Барои мардҳое, ки занҳои худро аз хоб бедор мекунанд, дар дӯзах ҷойи алоҳида ҳаст. Дар ҳоли хобиданаш ба таҷассуми оромиву осудагӣ мемонд. Лабҳо, рухсораҳо, мижаҳо орому сокит, гӯё мармарӣ буданд. «Барои ман аз ҳад зиёд зебо», — бори садум андешидам ба худ. Дар хонаи маскавии ӯ, дар ошпазхона акси худи ӯ дар ҳоли пӯшидани чашму дидани хоб муддати тӯлонӣ овезон буд; маълум аст, ки яке аз онҳое, ки қабл аз ман буданд, онро аккосӣ кардааст, ман напурсидам, ки маҳз кӣ? Хоб яке аз адёни бешумори ӯ буд. Билохира, ӯ ин акси худро аз девор гирифт. Ман напурсидам барои чӣ? Омӯхтани худи ӯ бароям писанд буд. Вақте аз саршӯйӣ бармегаштам, вай аллакай ҳарду болиштро ба пушташ монда, нишаста буд. Дар даст дафтару хома дошту хоббиниҳоро менавишт. — Оббозӣ кардӣ? — чашм аз коғаз набардошта, пурсид ӯ. — Не, — гуфтам ман. Баҳр дар ғазаб аст. Хунук. Ҳамаҷо санг аст. Дар соҳил нишастем ва баъд ба харобаҳо рафтем. — То руҳи Тиберийро бидоред? Ман дари балконро кушода, бӯйи баҳру шабнами буғшудаи баргҳои дарахтони лимӯро ба дарун сар додам. — Чизе буд. Суст, кӯтоҳ. Аз афташ шаб бояд онҷо менишастем. То ҳамаи марҳалаҳоро аз сар мегузарондем. Ғуруб, баъд нимашаб, торикии қабл аз субҳидам — ва тулуъи Офтоб. Арвоҳ собиронро дӯст медоранд. Ӯ ба навиштан фурӯ рафта, посух надод. Ман дар якуним сол ба он, ки ӯ дар як вақт дар чанд қишр: воқеӣ, нимвоқеӣ ва куллан ғайривоқеӣ, ки дар худ фурӯяш мебурданд, зиндагӣ мекунад ва дар як лаҳза аз яке ба дигаре омехта мешавад, ҳеч одат карда натавонистам. Солҳои зиёд муътақид будам, ки бо чунин зан зиндагӣ кардан ғайримумкин аст ва ногоҳ дарёфтам, ки иштибоҳ кардаам. Ӯ инкунабулаи худро пӯшонда, сар бардошту бо чашмони хандаовараш ба ман нигарист: — Ту, аз афташ, ҳозир фикр мекунӣ: «Ман чӣ тавр пешрафта ҳастам! Ҳама дар хобанд — ман бошам, аллакай сари по ҳастам... ҳамаи ҷазираро тай кардам... Субҳидамро дар дарбори мустабид истиқбол намудам...» — Шояд, — посух додам ман. — Агар ҳамаи одамонро, ҳар қадар, ки ҳастанд, ба таври сода ба пешрафтаҳою пешнарафтаҳо қисмат бикунем, аз афташ, ман шомили гурӯҳи аввал ҳастам... Ӯ бо завқ хандид ва боз дар бистараш дарунтар фурӯ рафт, мисле ки ба умқи амвоҷ, шояд мехост боз хобашро идома бидиҳад ва изҳори назар кард: — Иштибоҳи ту ҳам дар ҳамин аст. Ту одами мағоранишин ҳастӣ. Олдсул-мэн. Агар пешрафта ҳастӣ, ба хоси худ ҳастӣ. Ба таври мағоранишинӣ. Одами ваҳшӣ аз кулбааш берун омад, чанде раду бадал кард ва пас гашт ба кулбааш! Нишаст ва ифтихор варзид. Бубинед, ман чи хел зӯр ҳастам! Ана, ҳамин хел ман тавоноям! Хост ва хесту бо нимтанаи зимистона ба Итолиё парвоз кард. Бигир, занг бизан, супориш додани субҳона навбати туст. — Медонӣ? — гуфтам ман, — вақте Тиберий ҷавон буд, император Август ба ӯ фармон дод, ки ҷудо шавад. Бори дуюм бо духтари худаш — Юлия ӯро ақди никоҳ баст. Ва баъдан аз зани дуюмаш ҳам ҷудо шуд. Бояд гӯям, ки ғоибона: Тиберий Арманистону Лаҳистонро ғасб кард, аммо баъдан тарки ҳама ҷоҳу ҷалол намуду аз Рим ба Юнон рафт. Юлияро ҳамроҳи худ нагирифт. — Ӯ вайро дӯст намедошт? — Ӯ ба ёди Агриппина ғусса мехӯрд. Боре вайро тасодуфан мулоқот кард — ва чунон ба ӯ нигарист, ки Август ба зан фармон дод, ки фавран Римро тарк бикунад... — Бо ин чӣ гуфтанӣ ҳастӣ? — Август нисфи аҳолии сайёраро идора мекард. Ва боз фурсат меёфт, ки назару нигоҳи бегонагонро дарк намояд. Аз афташ дар таърихи инсоният ин шинохтатарин нигоҳи мард ба зан буд. — Ҳеч хосагие дар ин намебинам — гуфт ӯ. — Инро кадом як муаррих навиштааст? — Светоний. — Ба ӯ лозим буд, ки инро шавқовар офарад. Ба ин хотир, ки на танҳо олимон, балки одамони одӣ низ китобро хонанд. Занҳо ҳам. Ана, ӯ миёни ҳикоёт қиссаҳои дилкӯбкунандаро дар мавриди қаҳрамониҳои шарафмандона ворид кардааст... — Тиберий, — эътироз кардам ман, — қаҳрамониҳои шарафмандона содир накардааст. Ӯ марди дарундору ратсионалӣ буд. Хоҷагидори қавӣ. — Барои ҳамин ба ту писанд омад. Ту ҳам ҳамингунаӣ. Дарундору ратсионалӣ. Занг бизан. Ба ғизо ниёз дорӣ. Қаҳваро дар айвон нӯшидам. Баъд аз як соат ҳуҷраро бояд холӣ мекардем ва бо гузашти чаҳор соати дигар дар тайёра менишастем. Бо тамоми шуш, ғалсамаҳо, пӯсти худ нафас мекашидам. Ҳатто шояд бо чашмонам ҳам. Ҳавои хуб буд. Ингунааш дар Маскав нест.