Суруди Одиссей


                               Ба ҳамсарам Наташа Румарчук

Он гаҳе, ки киштии ман ёфт дар бандар қарор,
Ҳамраҳи ман низ бар соҳил сурудам мефурояд,
То кунун онро фақат баҳри дамон бишнида буд,
Ҳамбари бурғу — садои шайпури киштӣ.
Андар он танҳо садоҳои садонокони намдор,
Ҳамчунон тарҷумаи шеъре ба килки тарҷумони беҳунар,
Аз забони ҳиҷрату оворагиҳо бар забони соҳилу бандар.

Дӯст медорам туро ман бо садои хиррии моҳихуракҳо,
Бо садои он уқобони парида аз паси бӯи ҷигаргоҳи Прометей.
Бо сукути сангпуштони ҳазоронсолаи баҳрӣ,
Дар суроғи вол*, он воле, ки хоҳад наърае будан,
Мисли пантомима**,дар иҷрои ламси ҳаштпо
То аз он чун мӯй мехезанд ҷумла растаниҳо рӯи об.

 Дӯст медорам туро ман бо ҳама ҷисмам, ки берун омадаст аз баҳр,
Бо тамоми рӯдҳояш, бо тамоми авҷу мавҷи Омазонкову Миссисипӣ,
Бо биёбонҳо, ки худро баҳр пиндоранд,
Дар гулӯи хушки ман бишнав резиши реги биёбонро.

Дӯст медорам туро бо ҷумла қалбу шуш, бо анвори чашмам,
Дӯст медорам туро бо решаҳои хокиву бо осмони ахтарафшон,
Бо фитоданҳои оби обшорону дусад тасрифи феъл
Дӯст медорам туро ман бо ҳуҷуми гунҳо*** бар хоки Аврупо,
Бо ҳама садсола ҷангу този тотору муғул,
Бо Спартак, бо хурӯҷи ӯву бо Кӯчи бузурги халқҳо,
Ҳам ба аркони Александрӣ, манору бурҷи Пизан,
Кӯшиши Голфстрим,оне, ки бар Қутби шимол гармӣ овардан таманно дошт.

Дӯст медорам туро бо ҳукми қонуни кашиш,
Дӯст медорам туро бо ҳукми марг,
Ончуноне, ки бияфтам то абад
Ман ба коми чоҳи он секунҷаи Бермудии ту.

* Вол — як навъ ҳайвони баҳрӣ.
** Пантомима — саҳнаи театрӣ бо имову ишора.
*** Гун — қабилае.