Ман фаронсиро надорам дӯст аз он рӯ, ки худхоҳанду мумсик...
* * *
Ман фаронсиро надорам дӯст аз он рӯ, ки худхоҳанду мумсик,
Ман арабҳоро надорам дӯст аз баҳри нигоҳи равғанину аз таассубҳояшон,
Ман яҳудонро надорам дӯст, берӯянду худбовар, ҳамадон,
Англисҳоро надорам дӯст, зеро нозпарвар, некандешанду дилтанганд,
Русҳоро менадорам дӯст аз барои пургуноҳешон, барои бодахориҳову берӯӣ,
Испаниҳоро надорам дӯст, безеҳнанду савлатманд ногиро,
Ман шимолӣ мардумонро менадорам дӯст,
Чунки буда корношоям ба касбу шуғл,
Ман ҷанубӣ одамонро менадорам дӯст аз баҳри карахтишон...
Тарҷумон, ин шеърро ҳаргиз магардон бар забонҳои дигар...
Менадорам дӯст овои дафу таблу ниқоби африқоӣ, теғи туркиро,
Дастаҳои фолклорӣ бар шумо оё писанданд?
Бар суоли «бар кадомин халқ мехоҳед мансуб будани худро?» бигуфто Фет*:
— Бар ягон халқе!
Дӯст медошт ӯ табиатро.
* Афанасий Фет — шоири рус.