Пастернак крематсияи* Маяковскийро назора мекунад
Пӯлодгудозе аз тирезаи хира аз ҳавл
бо чашмони шарорабор
менигарад ба шалпоси гармои хашин
(мисли тобистон ба сӯзанак)
ашкро чаконда
аз гармое, ки ба чашм мезанад
чашме, ки хуб дониста
аз паси ҷаҳаннами дарёи оташин
интизори бемаргист,
Охир Сталин ба ин оҳан
молибден ва волфрам ҳамроҳ мекунад.
Зист бояд пурхашмона ва рӯирост
ва кӯрона нигариста ба дур.
Боз сарбозон марш менавозанд.
Ва бо гулчанбараке сапед аз садбарг
Дар соати беислоҳи ҷазо
Тоб хӯрдан ба бандари соҳили Масеҳ**.
* Ҷасадсӯзӣ.
** Исо.




