Китоби саёҳат дар империя

Як кишвар

Саёҳати як ҷавон

Дарвозаи Осиё

Аз кўдакӣ бо фикру хаёли Осиё будам. Семёнов-Тян-Шанский, Пржевалский ва боз... Грум-Гржимайло, ки уштурсавор мерафтанду қутос шикор мекарданд, дар асорати гирдбодҳо меафтоданду ба кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ноил мешуданд, ҳушамро мебурданд. Ва барои хеш тахаллуси арзанда ҳам ёфтам — Сергей Қарамишев (на номам ба худам маъқул буду на насабам, фақат ному шуҳрати онҳо машғулам медошт...)! Сергей Қарамишев — бад не, ҳа? Грум-Гржимайло ва Қарамишев! Инак, Пржевалский як дасташро ба китфам мондаву бо дасти дигараш ба дуродур ишора мекунад. Дар он ҷо — қаторкўҳи Сергей Қарамишев. Сайёҳи бузург Қарамишеви Муғулзод дар назди шутури ваҳшии кашфнамудаи хеш. Ана, китобчае аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб» ва суратҳое дар он: модари сайёҳ, падари сайёҳ, сайёҳи бузург дар тифлӣ. Китобро гирифта, ба сўи модарам шитофтам.

Ана, Пржевалский чӣ менависад... Чӣ гуна сайёҳи бузург шудан мумкин, барои ин чӣ сифатҳо лозим... Ман ин ҳама сифатҳоро дорам: сайёҳи модарзодам, бошавқ ба он машғул шудаам, аз ҷиҳати илмӣ омодагӣ мегирам, худро тарбият медиҳам, ба заҳмат тоқат мекунам, Худо қувват медиҳад, — ангуштонамро қат кардаву шумурда, мегўям ман.

Инак, ман — донишҷўи Донишкадаи кўҳкорӣ. Аллакай медонам, ки ҷойҳои тадқиқнашуда қариб ки намондааст. Медонам, ки шояд охирин ҷои тадқиқот насиби Грум-Гржимайло (насаб не ин, як ҷони ширин!) шудааст. Медонам, ки ин оғози тадқиқот аст, лекин ҳанўз намедонам, ки шояд андаки ин оғоз маҳз он чизест, ки кас набояд аз он хиҷолат бикашад.

Орзўи Япония дорам, орзўи кишваре, ки соҳиби завқи бебаҳс асту ҳаракати дар тўли ҳазорсолаҳо сайқалёфта... Ана, дар танам либоси зебои японӣ, сари по нишастаам. Ана, табақаҳои бо тасвири турнаҳо ороёфтаи дар кушода мешаванд. Ин кор дар паси сари ман сурат мегирад, лекин ман ба он сў намегардам: медонам, ки чаро кушода шуданд онҳо ва кист дар он ҷо. Медонам, ки чӣ хел наздам меояд, чӣ хел таъзим мекунад, чӣ хел пиёлачаро дар пешам мемонад ва чӣ хел ақибнокӣ рафтаву таъзим намуда мебарояд ва чӣ хел табақаҳои дарро баста, дар паси девор ғайб мезанад. На ҳолатамро дигар мекунам ман, на андомамро: ин ҳамаро нағз медонам. Ҳазор сол боз ин ҳама ба ҳамагон маълуманд. Ин хона ҳам маълум асту чӣ хел истодани ҳар яке аз ашё дар он ҳам. Ин зан низ. Ман ҳам, ки ин ҳамаро медонам...

Япония... Оқибаташ чунин мешавад, ки ман духтараки бинипучуқи зардина — як мавҷуди ин қадар бесулуқай ва ин қадар дилҷўро ба занӣ мегирам. Ва дигар Япония камтар ба хобам медарояд.

— Кашфиёт чӣ? Касби ман заминкобист ва мани бистусесола аллакай медонам, ки касб аст ин.

Инак, таҷрибаомўзӣ. Тамоми тобистонро дар Осиёи Миёна мегузаронам. Коркунӣ меравам ба он ҷо. Ба он Осиёе меравам, ки бачагии аз ҷанг гурезонам маро бо он пайвастааст.

Боз як дарвоза

— Шуъбаи кадрҳо дар куҷост?

— Рост биравед, баъд ба чап.

Рост мераваму баъд ба чап. Даҳлез торик. Даре боз аст. Аз он ба фарш як хати нур афтодааст. Дарро нимпўш карда, лавҳаи пушташро мехонам: «Шуъбаи кадрҳо». Ҷои даркориам. Дарро кушода, вориди ҳуҷра мешавам. Ҷевонҳоро мебинам, сандуқчаи оҳании рўи фаршро низ. Дар паси миз марди азимҷуссаи малламўи паҳлавонпайкаре нишастааст. Қайчӣ дар даст, бодиққат чизеро мебурад. Наздик шуда, мебинам, ки аз варақи сурхе ҳарфи бузурги «Ш»-ро қайчӣ мекунад. Ин батадриҷ маълум мешавад. Азимҷусса бо тамоми ҳастӣ машғули ин кор аст. Оқибат ҳарфҳоро мебураду паҳлавонона оҳе мекашад. Баъд дасташро ба пешонӣ гузоштаву чашмонашро нимроғ карда, ба ман менигарад.

— Хўш... — мегўяд. — Чӣ хел?

— Ба фикрам, нағз, — мегўям ман.

Азимҷусса як қад мепарад, гарангона ба ман менигарад, сурх мешавад.

— Чӣ, хонда наметавонед? — меғуррад вай.

— Метавонам, ҳарфи буридаатон «Ш» аст, — мегўям ман.

— Канӣ, зуд бароеду бихонед, ки дар паси дар чӣ навишта шудааст, — мегўяд ў акнун оромонатару хайрхоҳонатар.

Баромада мехонаму бармегардам.

— Хўш, — табассум мекунад азимҷусса.

— «Шуъбаи кадрҳо» навишта шудааст.

— Поёнтар чӣ? Поёнтар?! — ў фарохтар табассум мекунад.

Баромада мехонаму бармегардам.

— «Даромадани бегонаҳо манъ аст», — мегўям.

— Ана, дидед, — механдад азимҷусса, — назди ҳо, ана, он равзанак биравед.

Дар ҳақиқат, дар девор равзани панҷарадоре ҳаст. Аз он тарафи равзан меоям.

— Ана, омадам, — мегўям.

— Хайр, чӣ лозим? — азимҷусса қоҳ-қоҳ механдад.

— Ба ман сардори шуъбаи кадрҳо лозим.

— Он кас худи худам. Чӣ мехоҳӣ?

— Ман... омадам...

— Чап бираведу баъд ба рост. Ба аризаатон имзои сардорро бигиред.

— Барои чӣ шумо дар паси панҷараед?

— Сода, — механдад ў, — ин ҳуҷҷатҳоро намебинӣ...

Ба чап мераваму баъд ба рост. Дарро тақ-тақ мекунам. Медароям.

Дар паси миз марди чорпаҳлўи сарсафеде нишастааст. Бо боварӣ ба мизи ў наздик мешавам. Чорпаҳлў ба ман менигарад. Дуру дароз киву чӣ будану барои чиву чаро омаданамро мефаҳмонам. Барои он чунин батафсил шарҳ медиҳам, ки дигар бозиам надоронанд. Чорпаҳлў бодиққат гўш мекунаду бо чашмони кабудаш саропоямро аз назар мегузаронад. Маъқул мешавад ў ба ман. Инак, ҳамаашро нақл кардам.

— Хўш... — мегўяд чорпаҳлў. — Шумо бояд ба сардор муроҷиат кунед. Ва одами хурдҷуссаи сиёҳаки бачамонандеро, ки дар паси мизи ҳамсоя менишаст, нишон медиҳад.

Ман, арақшор шуда, назди он миз рафтам. Сардор, сар набардошта, коғазеро мехонд. Роҳхатамро бароварда, рўи коғазаш мондам. Ў ҳамоно хонданро давом медод.

— Ҳеҷ чизро намефаҳмам, — гуфт баногоҳ ва сар бардошта, ба ман нигарист. — Ҳа-а, ин коғази шумост?

Чашмонаш хаставу маҳзун буданд.

— Аз ман.

— Барвақттар аз ҳафтае пас ҷои кор пешниҳод карда наметавонам.

Телефон занг зад.

— Баъди як ҳафта биёед, ҷоятон мекунем, — гуфт ў, гўшакро бардошта. — Ҳа, ман. Ҳа, сардор. Чанд бор гўям, охир, ки ҳоло наметавонам! Хобидан мехоҳам, фаҳмидед! Э, гум шавед-е... — ва гўшакро партофт.

Ана бачаю мана бача!

Сар бардошта ба ман нигарист.

— Ҳоло ҳам нарафтед шумо? Баъди як ҳафта.

Ман даступо хўрдам.

— Ҳа-а... мефаҳмам. Пул надоред?

— Не, чӣ мегўед шумо! Дорам, — беихтиёр гуфтам ман.

— Ҳа-а, ҷои хобатон нест.

— Гапи хандаовар нагўед, ними Осиё — хешу таборам!

— Ин хел бошад, баъди як ҳафта.

Берун шудам. Куҷо биравам?

— Эй! — садо кард касе. Нигоҳ кардам, ки малламўи бузургҷуссаи кадр аст. — Шумо, ба фикрам, ин ҷоҳоро ҳеҷ намедонед. Рафтем ҳамроҳ. Ҷои беҳтарин пиворо нишонатон медиҳам....

Меҳмонхонаро ҳам нишонам дод ўву пивохонаро ҳам. Баъди се рўз дар кисаам як танга ҳам намонд.

Қайдҳои бандаи шикам ё худ

Чӣ хел ман сер шудам

Роҳи нишониеро, ки кофта-кофта, аз дафтарчаи ёддоштҳоям ёфтам, пеш гирифтам. Хонаи як рафиқи русам буд он. Бо ў дар роҳ, дар қатора шинос шуда будам.

«Дар хонаи вай ягон чиз мехўрам» — аз дил гузарондам.

Кўчае, ки шиноси навам мезист, навбунёд будааст ва касе намедонист, ки дар куҷост он. Оқибат нафаре дарак дод ва ман қад-қади кўчаҳои шаҳри куҳна он сў роҳ пеш гирифтам...

Кўча як метр бар дошту хонаҳо ду метр баландӣ. Роҳ мерафтаму ҳар замон бо китфам деворҳои чапу ростро мехарошидам.

Ҷо-ҷо он девори якнавохтро сўрох кардаву дарбачаҳо шинонда буданд. Дар назди дарҳо духтарчаҳои рангинпероҳани чилкокулаи гўшвордори ангуштони дасту пойҳошон ҳинобандишуда нишаставу машғули додаракони фарбеҳакашон буданд; дар пеши баъзе дарҳо касе наменишаст, дар боз буд, даҳлезчаи байни ду девор чун тангкўчае ба чашм мерасид, он ҷо боз як дари кушода ва дар паси он боғча дида мешуд ва дар он боғча ҳам духтарчае бо додаракаш бозӣ мекард; дар гўшае рўи дегмонаки сепоя деге меҷўшид, аз хавоза хўшаҳои ангур медурахшиданд, дар кати боғча қолин густурда буданду дар торикии дуртар тарҳи мототсиклро дидан мумкин буд...

Ман ҳамоно дар шаҳри куҳна қадам мезадаму ҳеҷ не, ки ба кўчаи даркориям бароям. Боз пурсуҷў кардам ва маълум шуд, ки тамоман ба тарафи дигар рафта истодаам.

Ман зери лаб ҳақоратеро вирди забон кардаю бо ғазаб нафари роҳи нодуруст нишондодаро ба ёд оварда, аз роҳам гаштам. Дар ин ёддошт вай беш аз буда фарбеҳ намуд ва ман шиками ғафсу худписандиашро надомат кардам, торафт норасоиву айбҳои бештарро нисбаташ медодам ва танҳо вақте ором шудам, ки ин корам ба як бозии ҳамоҳанги қадамзаниам мубаддал гардид.

Шикамам нағора менавохт... Чун гунбазе эҳсос мешуд он. Чун гунбази маъбад, ки саршори ғулғулаву акси садоҳост. Даҳанам қоқ мешуд.

Ба шоҳроҳ баромадам. Аз наздам автобусҳо гузашта мерафтанд. Мехостам ба якеаш бишинаму биравам, чунки бисёр монда шуда будам, лекин пули билет ҳам надоштам. Гармо гўшношунид буд. На гармои нисфирўзӣ, тавре ки мегўянд, балки гармои чоштгоҳ, чунки соат чор мешуд. Аз назди квас, яхмос, оби газдор мегузаштаму мекўшидам, ки тарафашон нанигарам, ба дилам ханҷар мезаданд онҳо.

Лекин ҳама чиз анҷом дорад ва, инак, ман дар ҷои дилхоҳам.

Кўчаро ҳам ёфтаму биноро ҳам.

Дар ин ҷо нону обам хоҳанд дод.

Одами даркориамро дар ҳавлӣ ёфтам. Машғули мошинаш буд. Ҳеҷ интизор набуд, ки ман меоям. Аз ҳад зиёд шоду хурсандона истиқболам кард. Не, чунин нанамуд, балки дар воқеъ чунин буд. Равғани мошинаш мечакид, аз ин рў, чеҳраи ғамгине дошт. Бисёр узр пурсиду хоҳиш кард, ки каме мунтазир шавам, чунки нав сар кардаасту Худо медонад, ки кай боз вақту ҳавсала меёбад. Сарашро зери капот мебурд ва ҳар гоҳ, ки берун меовард, маро медиду боз ба ёдаш мерасидам ва чанд сухане радду бадал мекард. Ин саволу ҷавобҳо беш аз фаромўшкарданҳояш нороҳатам менамуданд. Агар ба ёдам намеовард, ман ҳам, дар интизории пуртоқатонаи хўрдание, фаромўшаш мекардам, натанҳо ўро, балки дунёро.

Андешаи хестану узр хоста, бо ваъдаи бори дигар омадан (охир сари қадам даромадам ва шитоб дорам) тарки он ҷо карданро талоши қатъии тановул аз майнаам дур менамуд. Сониян, аллакай он қадар дар назди он мошин нишаста будам, ки хестану рафтан ҳам кори нохуб метофт. Он нокас бошад, гўё мақсади маро фаҳмидаву ба ҳолам хандида, шарм ҳам намедошту дигар бахшиш ҳам намепурсид. Ин бештар хашминам мекарду торафт ба қолаби хешбачаи қашшоқ воридтарам менамуд.

Ў ҳамоно машғули корҳои нодаркоре буд: мурватчаҳоеро тозаву равған менамуд, тоб дода мебасту тоб дода мекушод, чангашонро пуф мекард. Хуллас, аз мошинашу рўзи истироҳаташ лаззат мебурду ҳеҷ ба ман эътибор намедод. Ҳангоме ҳам, ки узрхоҳӣ мекард, маълум буд, ки танҳо аз рўи одати маъмул мекунад ва узрхоҳиаш бахусус таҳқиромезу бо писханд садо медод.

Ман ҳамоно рўи чорпоя менишастам ва на нийяти рафтан доштаму на, зоҳиран бошад ҳам, худро лоқайд гирифта метавонистам. Худро маҷбур карда ҳам наметавонистам, ки дар ягон мавзўъ суҳбат бикунам. Менишастаму аз рўзнома ягон хабари ҳанўз нахондаамро меҷустам.

Аҷиб, аз дил мегузарондам ман, ин одам, бо эҳсоси он ки ба ў вобастаӣ ва ба чизе ниёз дорӣ, чӣ гуна чунин сангиндил, чунин бепарвою лоқайд буда метавонад? Ақаллан, асли ҳолро мефаҳмид... Агар дар ҳолати дигар мебудам, эҳтимол ин қадар дар назди мошини сабилиаш нигоҳ доштанамро айб медонисту шояд кайҳо дастархон меорост ва нишонаҳои зиёди меҳмондорӣ зоҳир мекард. Танҳо ба хотири нишон додан ки ў аз ту камбағалтар нест, бадҳолтар нест... Борҳо, ҳангоми тамоман сер буданам, зиёфат пешниҳод намудаанд, борҳо, ҳарчанд фикри хўрдан диламро мешўронд, аз тарси наранҷондани соҳибхонаҳо, батакрор сари миз нишаставу хўрок хўрдаам.

Ва ҳар қадар ки ман бештару қатъитар рад мекардам, ҳамон қадар исрорашон меафзуд. Қатъитар... Шояд ин бетаваҷҷуҳӣ барои он аст, ки қатъӣ нестам? Худоё, чӣ қадар дар умри худ, дар тўйу маъракаҳо, хўрок зиёдатӣ кардаву аз пешам гаштааст!.. Чӣ мешуд, ки он ҳама барои ҳама ҳолатҳои умрам баробар тақсим мешуд? Худоё, чӣ беадолатӣ... Ин махлуқ палиде беш нест.

Ва ман боз бозиеро сар кардам, ки ҳангоми саргардонӣ дар шаҳри куҳна машғулаш будам: нишонаҳои самимияти шахсияти соҳибхонаро меҷустам, хаёлан месохтам, пастиҳоеро қатор менамудам, ки шояд ба карданашон қодир буд. Ва бештар оташин мешудам.

Барои он ки гумон накунад, ки ман пули ғизохўрӣ надорам, оид ба фаъолияти маъданҷўӣ ва маблағи хуби он дурўғҳо мебофтам. Ва торафт бештар саргарми ин мешудам. Ин корро ҳанўз дар қатора сар карда будам (он вақт бачагие беш набуд он), лекин он вақт гуфта будам, ки маблағи ҳангуфтеро дар Москва харҷ кардам, анҷомамро назди як зани шиносам мондаам, ба маъданҷўӣ бо ҳамин ҷанда бояд рафт; акнун ҳазёнҳои номувофиқе мебофтам, ки дирўз дар лаби ҳавз ғоратам карданд ва ғайра. Он вақт дар тарабхонаи қатора зиёфатам дода буд (сер будам он лаҳзаҳо ва беғараз дурўғ мегуфтам); он замон ба ман бовар кардаву барои он саргузаштҳо «эҳтиром»-ам намудаву мафтунам шуда буд ў. Акнун бошад, дар рўи ҳавлӣ мошинашро тагурў кардаву сагашро ронда ва ба сари писарчааш дод гуфта, мағрурона саропоямро аз назар мегузаронд.

«Наход одами гушна чандон қадру қиматашро аз даст бидиҳад, ки аз назари мардум биафтад? Чаро барнахезаду тарки манзилу макон нагўяд?..»

Мефаҳмидам, ки ў ҳам мефаҳмад. Аз ин рў, баштар саргарми хаёлҳо мешудам.

Писараки беморгунаву маҳзуннигоҳаш ҳамоно бесаранҷом ба чор тараф медавиду гоҳ сатилро чапа мекард, гоҳ равғанро мерехт, гоҳ аз паси сагашон, ки калиди мурваткушоро гирифта гурехта буд, медавид... ва низ нисбат ба ман эҳтироме зоҳир намекард.

Ҳамин хел намуд ба назари ман.

Говгум шуда буд, ки соҳибхона, қаноатмандона дастонашро бо латтакуҳнае пок карда, гуфт:

— Ана, акнун ягон чиз хўрдан мумкин.

Занашро фарёд кард ў, фармонҳо дод.

Чӣ дастархоне! Хўриш! Карамшўрбои лаългуни дурахшон! Гўшт! Гўшт бо картошкаи лолагун. Дар байн зарфи пуршароби арақшор меистод. Онтарафтар — лаълии бузурге пури меваҷот.

Ва ҳангоме ки дастархон комилан ороста гашту соҳибхона бо ҳамон ғурури дилозор ва лабханди ба назар таҳқиромезаш таклифи нишастан кард, гуфтам:

— Ташаккур, ман серам.

Не, нагуфтам, аз дил гузарондам. Аз дил гузарондаму ба сари миз нишастам.

Чӣ одамони хубу меҳрубонанд соҳибони ин хона!

Бозор

Шаҳри куҳна — шаҳри нав. Бозори нав — бозори куҳна. Майдони назди бозор, бо хонаю хонача, дукону дуконча, хаймаю хаймача ва пардаю лавҳҳои гуногунаш, ҷомаи пурдарбеҳеро мемонд. Нақби баланди болопўшида мардумро то бозор мебурд. Аз рўшноӣ, ки ба он ворид мешудӣ, тирагиашро равшан ҳис мекардӣ. Деворҳои нақб низ пур аз ҳамон гуна дукончаҳо буданд. Дар нақб ҳамсафаронамон ва онҳое, ки рў ба рў меоянд, пиразанҳои сиёҳҷурдаеанд, ки дар даст сабадчаҳо доранду рўяшонро бо рўмол пўшидаанд; ҳамчунин — ҷавонўзбекҳое, ки аз шохи велосипедҳояшон дошта мераванду аз зер кардани занги онҳо ҳаловат мебаранд; боз — шикамкалонҳои ҷомапўш, ки нав аз сари дастархони чойхонаҳо бархостаанд ва дигару дигар одамон.

Нақб тамом шуд ва боз нури гарму чашмбар ба рўям афтод. Фазои бекароне пеши назар ҷилвагар шуд, ки пур аз харбузаву тарбузи ғарқи анвори офтоб буду мошину аробаҳое, ки борашонро мефуроварданд, ҳамчунин, пур аз хару хингиле, ки пураламу дурудароз ҳангос мезаданд ва низ аз пирони аҷибхислати бисёр солхўрда, ки ҳанўз ҳунарҳои қариб ба фаромўшӣ мерафтаро зинда медоштанд. Дар пеши мўсафедон латтапораҳои пур аз намунаи рангпаридаву зангзадаи маҳсулоташон густурда шудаанд. Лекин касе ба онҳо наздик намешавад. Машғули нўшидани чойеанд онҳо, ки ходимбачаи чойхона барояшон меорад, суханҳои номафҳуме радду бадал мекунанд ва ҷониби ҳам сар меҷунбонанд. Пирамарде китобҳои арабӣ мефурўхт. Бале, бале, мефурўхт, вагарна чаро он ҳамаро рўи латтапорае ниҳодааст? Китобҳо сиёҳу фарсуда ва асрорангез буданд. Ман назди пирамард рафта, китоберо ба даст гирифтам ва, гўё чизе мефаҳмида бошам, ба варақ задан даромадам.

Ҳамоно дарк кардам, ки як одами солхўрдаро ин гуна тарсондан лозим набуд. Вай ба ман чунон нигарист, ки гўё мурдаи зиндашударо дида бошад. Баъд ба худ омада, ба атроф назар кард. Ба фикрам, акнун бозорро диду фаҳмид, ки дар куҷост, аз дил гузарондам ман.

— Нағз. Оқсақоли нағз! — гуфт ў ҳаросидаву меҳрубонона ба ман нигариста. Ва бо ангушт ба ҳама мўсафедони ҳампаҳлўяш ишора намуда, бо садои ҳалқӣ тасдиқи чизеро мехост.

Мўсафедон, сар ҷунбонда, ба ғалмағал сар карданд.

Мўсафеди аввала шиносномаашро нишонам медод.

Ман карахт шудам.

Ҳамон лаҳза ўзбеки бўзбалае пайдо шуд, ки ба фавқулъода мавҷуди мисини ҷомаи беҳад чиркин ба тан шабоҳат дошт. Ўву мўсафед ба ҳам чизе гуфтанд. Мўсафед, баногоҳ бо виқор ангушташро сўи ман равон намуд ва ҳамоно дигар мўсафедон ҳам, ришҳояшонро сих карда, бо ангуштон маро нишон доданд. Ман дум хода карданро афзал донистам.

Инак, растаи меваҳо... Беҳтар буд, ки онро намедидам! Қувваи ноаёне сўи онҳо мебурду побандам мекард. Чаро дар ин ҷоям ман? Охир, бе мақсаде дар шаҳр мегаштаму якбора, раҳ дигар карда, ба бозор афтодам...

Чаро роҳро дигар кардам, ки беҳадаф мегаштаму ба ҷое шитоб надоштам?

Дар ҳамон лаҳзаҳо дидам, ки савдо ҳам бисёр ҷолиб буда метавонад. Чӣ хел меваҳоро ҷо ба ҷо мекунанд. Диду дили рассом доранд, бахудо.

Ман қад-қади чодирҳои беохир, аз байни ангурҳои сиёҳу сурху сафеди тиллоранги донадору бедонаи гирду чун чормағз бузург ва чун ангуштони хонумҳо дароз, мерафтам, аз назди себу нок, анҷиру анору шафтолуҳо буд роҳи ман... Шафтолуҳои чун рухсори занон дилкашу сершира. Дар вазъе, ки ман доштам, ин ҳамаро наззора кардан девонагие беш набуд. Вале ҳангоме ки аз ин чодирҳо мегурехтам, ба баҳри беканори тарбуз меафтодам; оре, ғарамҳои бузурги тарбуз мавҷҳои сабзи баҳрро мемонданд. Ё худ, ба биёбон, ки тал-тал харбузаҳо ҷило медоданд. Ва дар ин баҳр дастакзанон ўзбекҳои пеши ҷомаҳояшон боз шино доштанду дар ин талҳо боз ҳамонҳои офтобхўрда бодиягардӣ мекарданд.

Аз тарбузҳо гурехта, боз ба зери чодирҳо афтодам ман.

Ва ин ҳама хобу хаёлро мемонд. Хобу хаёлеро, ки дар он ҳама чиз кашол меёбаду вақт аз байн меравад ва ҳама чиз такрор мешаваду мехоҳӣ бигурезӣ, наметавонӣ ва мехоҳӣ... дод бигўӣ, лекин овозат намебарояд.

Ва ман боз худро ба баҳри тарбуз меафкандам. Ва мекўшидам, ки сўи соҳил шино бикунаму онро тарк бигўям... Дар он ҷое, ки бозор тамом мешавад, бозор оғоз меёбад. Ва на аввал дорад бозору на охир...

Вале инаш тамоман бозори дигар буд. Ва дар ин ҷо чизе бехудам намекард. Савдо ҳам дигар буд дар он.

Растаи беохире буд он ҷо, ки занон рўи пораҳои бешумори латтапораҳои гуногунранги гоҳ тўбкардаву гоҳ парешон ғавғо мекарданд.

Ва касе назди ғарами калўшҳои бинитези дар зоҳир гарму нофорам истода.

Ва оташиние, ки дар вуҷуди ман аланга мезанад...

Баногоҳ олами афсона — қолинҳо пеши назар ҷилвагар мешаванд. Қолинҳое, ки дар бандҳои ба дарахтон басташуда овезонанд; қолинҳои бузурги чун майдони парвоз бекарон, чун... чун... намедонӣ, ба чӣ ташбеҳашон бидиҳӣ... рахшону рангин. Кўчаву даҳлезҳоро ташкил додаанд онҳо, ин кўчаву даҳлезҳо якдигарро бурида мегузаранд; дар ин кўчаҳо одамон равонанд ва дар чорроҳаҳо ба ҳам бармехўранд. Роҳгум задан мушкил дар ин ҷо.

Аз анбўҳи қолинҳо баромадаму ба мототсиклҳо дучор шудам. Серғавғо ҷое буд. Гуфтугў ба доду фарёд монанд буду дастафшониҳо ба ҷангу ҷидол. Сигналҳояшонро ба фиғон меоварданд, ин ҷою он ҷояшонро даст-даст мекарданд, одамони саропо арақшори хунгарму эҳсосӣ даст ба сари синаҳо мезаданд.

Баъд қатори буқаву гов, хару бузҳо сар шуд... Гўсфандон дунбаҳои афсонавиашонро меҷунбонданд. Мурғҳо чандтоӣ ба ҳам баста шуда буданд. Атроф пур аз маосу баосу қуд-қудус бошад ҳам, ҳарфи начандон баланду ҳалқии одамон аз байнашон шунида мешуд. Ҳангоми он ҷо буданам ду шутур оварданд. Бар фарози он ҳама каллачаҳои худдонам қомат афрохтаанд онҳо, қомат афрохтаанду чун командирҳо ҳангоми парад сина дамондаанд. Ба назарам намуд, ки дар дуриҳо баромадгоҳ аён шуд.

Дар худи баромадгоҳ одамаки кулўлаи тоссаре менишаст, ки бо виқору ашёи гуногунранги дар наздаш хобида касро мафтун менамуд. Ғарами либосҳои даридаи мухталифро ҳам медидӣ он ҷою ким-чӣ хел зарфҳоро — примусу тағораи мисину соату дастаи таппончаро ҳам ва ин ҳама пеши назари ман таҷассуми як парешонӣ дар олами зебое бо номи Бозористон буд. Дар болои ҳама ин ашё, яъне дар болои сари соҳибашон, эълоне огоҳ мекард: «Кадомашро, ки бихоҳӣ, на гаронтар аз 10 сўм бихар».

«Ин ҳам як нақши замон-да...» — аз дил гузарондам ман.

Дар паҳлўи чапи ин ғарами оҳанпора кулоҳи олиҷаноби хасини зебошаклу тамоман нав мехобид. Ва, албатта, нархи он даҳ сўм набуд.

Шайтон ҳай-ҳайам кард ва кулоҳро бардошта, даст ба кисаи холӣ бурдам:

— Даҳ сўм?

Намедонам, парида хестани одами чорзонузада чӣ хел мумкин аст, лекин ў ҳамоно на камтар аз ним метр парида хест ва бо чашмони сияҳолусонааш, ки чун мили дурбин аз хонаҳояшон баромада буданд, вуҷудамро сўрох кард. Гўё дар таги пўсташ муш давида бошад, тамоми рўяш ба ҳаракат даромад. Ба назар чунин менамуд, ки сухани даркорӣ намеёбад. Оқибат, чанг зада, кулоҳро аз дастам гирифту дод гуфт:

— Гум шав аз мағозаи ман!..

Ва ман берун шудам... Кӯчаҳои хомӯш, беодам, чун кӯчаҳои хобрафта, дарахтони шахшуда, сояи дарахтони шахшуда ва дар байни кӯча гармии шахшуда...

Аҷабо!

Навъҳои гармӣ

Тошканд

Дар ин маврид ин шаҳр нест. Ин гулхан аст. Шаби кӯҳсор сард аст. Хунукӣ то мағзи устухон мерасад. Ва атроф, албатта, торикистон. Махсусан агар маҳтоб набошад. Маҳтоб, агарчи бисёр ҳам ҳайратовар аст, аксар мавридҳо наменамояд. Шояд барои он ки аз паси кӯҳ дида намешавад?

Навбати шабона. То ба боло мебароӣ, гарму арақшор мешавӣ. Манораи пармагарӣ дар худи қулла — аз чор тараф шамолгузар. Ва якбора хунукӣ ҳамла мекунадат. Ҳарчанд ба танат корҷомаи пахтагин аст, фоида надорад. Мошини пармагарӣ давр мезанаду давр мезанад. Мешинию торафт хунук мехурӣ.

— Тошканд мекунем? — мегӯяд Толик.

— Мекунем, — мегӯям ман.

Аз гирду атрофи манора қуттиҳои корношоями чӯбин, тахтапораҳо, хасу хошок ҷамъ мекунем — ин чизҳои нолозим дар давоми рӯз бисёр ҷамъ мешавад. Ҳамаашро дар як ҷо ғарам мекунему болояш солярка мерезем... Ҳай дармегирад!

Гарм, равшан мисли рӯз. Якбора табъамон хуш мешавад. Алангаи оташ ҷавлон мекунад, ба рақс медарояд. Забонаи оташ ба кадом тараф ки моил шавад, он ҷо шаб ақибнишинӣ мекунад. Дуртар аз ҷойи гулхан бошад, торикӣ ғавстару боз ҳам сиёҳтар мешавад. Мо бо гулхан гӯё як ҷаҳони кулл ҳастем, ки масоҳати он ҳамин равшанист. Ва гӯё ҳеҷ чиз ва ҳеҷ вақт дигар набудааст.

Назди гулхан дароз мекашему ба оташ менигарем. Гоҳ- гоҳ ба муҳаррики манора: чи ҳол дошта бошад, оё давр мезанад? Ва боз ба оташ назар медӯзем. Суҳбат мекунем. Гӯё на бо ҳам, балки бо оташ гап мезанем. Ба оташ гаппартоӣ мекунем, то хомӯш нашавад.

— Чӣ қадар зебо буд ӯ!.. — Ин Толик. — Ӯ сардухтури поликлиника буду ман ронандаи ӯ. Боре ӯ ба ман гуфт: «Имрӯз ба ҳеҷ ҷо рафтанамон лозим нест — биёед ба оббозӣ меравем». Ман ҷавон ва зебо будам — на мисли он ки ҳозир ҳастам. Хушҳолу масрур будам. Ба оббозӣ рафтем. Зебо буд... Баъд аз он ки оббозӣ кардем, ӯ маро гуфт: «Биё ба хонаат равем, мехоҳам бинам, ки зиндагиат чӣ гуна аст». Ҳамин тавр ба роҳ даромадем... Ман раҳораҳ ба соҳибхона занг задам: соҳибхоназани ман кампираки рамузфаҳм,— ҳама чизро аз як сухан мефаҳмид ... Ба хона расидем, ки дастархон аллакай ороста, болояш шишаи коняк, газакҳои гуногун. Он вақтҳо ман серпул будам. Муҷаррад будам — маошам бад набуд. Нағзакак нӯшидем мо... сурудхонӣ кардем. Ман бо гитор. Вай ҳамту... Эҳ, кош ҳозир гитор мебуд!

— Ман ҳам ёд дорам. — Ин ман гап мезанам. — Ман ҳам қиссаи аҷиб...

— Ана ҳамин хел корҳо. — Толик гӯё маро намешунавад ва суханашро идома медиҳад: — Боз якто буд... Духтари директори театр. Ман он вақт дар Куйбишев кор мекардам. Расо зӯр буд! Ҳар рӯз либосҳояш нав ба нав... Тасаввур мекунӣ, ҳар рӯзи худо. Ман аввал фикр ҳам намекардам. Ронандаи театр шуда кор мекардам. Баъзан мешуд ки ӯро ҳам он ҷову ин ҷо мебурдам... Ӯ худаш маро даъват кард: зодрӯз дорам ва ҳоказову ҳоказо...

Ва ҳамин тавр то ними шаб. Дар бораи зиндагии зебо, ишқи зебо... Суҳбатҳову орзуҳо.

Баъд якбора хомӯш мешудем, ҳарфе намегуфтем. Ба оташ менигаристему халос. Ҳезумеро ба гулхан мепартоему болояш чанд чакра солярка мерезем. Оташ якбора аз хурсандӣ боз ба рақс медаромад, хирмани оташпорачаҳояшро сӯйи осмон пош медод.

— Ту ба кори муҳаррик назорат кун, ман каме пинак меравам, — мегӯяд Толик.

Гиребони корҷомаашро ба сар мекашаду сарашро ба даруни гиребон меандозад. Ва дар ҳамин ҳолати хоб ба назар майдаяк менамояд.

Ман кори муҳаррикро назорат мекунам, уллос кашида мудом тоб мехӯрад. Асбобҳои нишондиҳандаро мебинам: кори банизоми муҳаррикро нишон медиҳанд.

Ба шикам хоб мекунам. Манаҳам рӯйи муштҳоям. Пеши чашмонам —дунёе иборат аз доғи сиёҳ. Сангчаҳо. Паси сангчаҳо — девори оташ. Ва дар ин дунё ҳодисаҳои ба худ хос рӯй медиҳанд...

Пашачаҳо сӯи оташ парвозкунон меоянд. Ана, якто калонтарашон, болҳояш сӯхта, кӯшиш дорад, руйи сангҳо хазида ба гулхан бирасад. Вақте тамоман наздик мешавад, ҳаросон худро ақиб мекашад ва ноӯҳдабароёна бо болчаҳои нимсӯхтааш пар мезанад. Вале боз сӯи гулхан мехазад. Ин корашро гаштаю баргашат такрор мекунад.

Аз торикӣ малахчае ҷаҳида пайдо мешавад. Рӯйи санге нишаста гарм мешавад ва мудом бурутчаҳояшро ба ҳам соиш медиҳад. Дуру дароз ба гулхан менигарад, Сокит ва беҳаракат. Ногоҳ аз чизе гӯё хавотир мешавад. Бо шумо хуб, аммо ин ҷо... ӯ якбора боз ба торикӣ ҷаҳида нопадид мешавад. Кори худаш...

Аз куҷое каллаи гӯсола хазида мебарояд. Ман ӯро қатл кардам.

Ба оташ менигарам ва... Ба ёдам мерасад, ки ин маназараро аз ин пеш ҳам дида будам. Дар соҳили кӯл. Байни кӯл ва беша. Ҳамин гуна гулхан буд. Ва ҳамиин тавр шабпаракҳо дар он болҳояшон сӯхта меафтиданд! Фақат он ҷо каллаи гӯсолаҳо набуданд. Ва ҳамин гуна занам сарашро ба гиребонаш андохта мехобид...

Ва ё он манзарае, ки мӯрчае рӯи рег мехазид. Мо дар рег чуқурчае кандем ва мӯрчаро ба дохили он андохтем. Ӯ зуд рӯболо давид. Бисёр саросема буд, вале ниҳоят бо оҳистагӣ боло мебаромад, чунки рег зери пояш мудом пойин мешорид. Вале дар ниҳояти кор ӯ ба лаби чуқурча мерасид, аммо ин замон лаби чуқурча канда мешуду мӯрча сарозер ба таги он меғалтид... Ва ӯ корашро аз нав оғоз мекард. Ӯ ҳатто лаҳзае ҳам дам намегирифт, ки каме қувват гирад, ӯ зуд рӯболо ба сӯи баромад аз чуқурча медавид. Вале боз ба пойин меафтид... Аммо як навъе карда халосӣ меёфту ба ҳамон самти пештара медавид, гӯё ҳеҷ ҳодисае рух надода бошад.

Кошки ман ҳам ҳамин тавр метавонистам!..

Афсӯс, ки ин дунёи кучакро аҳён мебинӣ.. Шигифтовар аст. Дар тӯли тамоми умр танҳо бо чанд ангушт шумурда метавониву халос. Барои ин кор як даст ҳам кифоя аст.

Боз як ҳодисае, ки аз сарам гузашт... Боре аз ҳама ва тамоми дунё ранҷидам. Дунё ба назарам шаби тор шуд. Ба электричка савор шудаму рафтам. Баъд аз он пойин шуда, пиёда мерафтаму мерафтам. Баъд андак ором шуда, ба худам раҳмам омад. Пас аз чанде ба сабзазоре баромадам ва руйи алаф дароз кашидам. Пеши назарам бешаи калоне падид омад — алафзор. Сокинони ин беша ҳайвонҳои бузург. Ман менигаристаму менигаристам... Ва якбора ҳама чиз ҷойи худро гирифт. Ман боз мехостам ба он ҷо сафар кунам . Фақат ният мекардам.

Ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки мо чи гуна тавонистем, ки ба ҳама чиз одат кунем? Ба чизҳои муқаррарӣ: саҳари солеҳон, тулӯи офтоб, шаби ситоразор, бешаи зимистонӣ, гулхан, шуои маҳтоб дар руйи барф, осмон... Шаҳри азиз, хонаи азиз, одамони азиз... Мо гӯё ҳамадонем. Аммо чиро дар хотир дорем? Ду-се субҳи содиқро, ки дар хотирамон абадӣ нақш бастааст. Чунон равшан, ки гӯё ин шаби гузашта рух дода бошад. Ду-се шаби маҳтобӣ. Танҳо ду — се.

Танҳо як бор (шояд ягон бор) мо осмонро болои сарамон дида бошем. Вале на ҳамин тавр: «Бубин, чӣ осмоне!» — ё: «Оҳ чи ранги нилии равшан!» — на ҳамин тавр. Балки ба сурате, ки гуфта тавонем — ва осмоне, осмоне болои сар, — тамоми осмон! Ҳамон гунае, ки онро княз Андрей дар кӯҳи Пратсети дида тавонист.

Чаро мо намебинем? Дар ҳайрат намемонем?

Шояд баъзе касонро насиби бештаре расида бошад. Ё чизе камтар расида бошад. Баъзеҳоро шояд тамоман насибе нарасида бошад. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ҳамаи ин чизҳо дар ҳар як ҳаёт ниҳоят ангуштшуморанд...

Толик бедор шуд. Қиёфааш гаранг, рӯяш пурожанг. Дастонашро сӯи гулхан ёзонда гӯё онро навозиш мекунад.

Торикӣ аз теғи кӯҳ шуста мешавад. Субҳ медамад.

Гулхан ҳам нафаси охирин мекашад.