Ҳолландӣ

(аз китоби «Афсонаҳои Москва»)

Бори аввал ӯро тақрибан соати 23 (дар протоколи тафтишот чунин навиштаанд: «Тахминан соати 23:00 шаб...») дар хиёбони Кутузов диданд.

Моҳи январ буд, дар ин бевақтии шаб дар роҳи бе ин ҳам холии ҳукуматӣ морҳои барфӣ хазида мерафтанд, трафик, — бубахшед, хеле танбал шудам, ки онро бо калимаи русӣ иваз кунам, аммо ин вожа ҳанӯз русӣ нашудааст? — ҳаракат қариб тамоман қатъ гашта, фақат гоҳ-гоҳ мошинҳои гаронбаҳои тамғаю намудҳои хориҷӣ ба самти шаҳракҳои машҳур босуръат парида мегузаштанд. Ва худо медонад аз куҷо як мошини сабукрави тамғаи «Москвич 412», ки болояш аз зиёд бор кардани ҳар гуна лашу луш каме хам хўрда буд, дар сармо бо тамоми болҳояш меларзид ва бо чароғакҳои чиркинаш хоболудона чашмак мезад, якравона мехазид. Умуман, касе ба самти марказ мошин намеронд, танҳо як «Ғизол»-и тарсу дар хати рост қариб ба таври ноаён ҷаҳида, барои корҳои майда-чаканаи худ ба паскўчаи торик даромад.

Дар ҳамин ҷо ҳамааш оғоз шуд.

Қаҳрамони фоҷиавии воқеае, ки пас аз чанде рух дод — ё тасодуфан воқеъ гашт, — дар ин қитъа аз канори чапи роҳ ба самти вилоят суръату қойидаҳои харакати роҳ ва бисёр талаботи дигарро вайрон карда, ҳатто дар хатти чап не, балки бо хатти эҳтиётӣ мерафт. Маяки дурахшандаро, ки барои истифодаи он ҳуҷҷат надошт, фурӯзон карда, дар ҳолати мастӣ аз шароб ва нашъа мошин меронд ва ба ҳамааш... Аммо, гапи зиёд шарт нест, ҳама чиз равшан аст. Номи ронанда Абстулханов Руслан Иванович буд ва чаро як мошини ҳозиразамон ҷиҳозонидаи ҷопонӣ (ҷип)-ро нодуруст идора мекард, танҳо Аллоҳи тавонову донишманд медонист. Дере нагузашта ин гуна маълумот ба боло меравад...

Ва чаро Руслан Иванович дар маркази дилхушии шабона, ки дар омади гап, ба дӯсти хубаш, вакил, ҷавони пешқадам Володичка Трофимер тааллуқ дошт... хуб, дар бораи Володичка дафъаи дигар... Хулласи гап, Руслан Абстулханов, ки дӯстон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро аксар вақт сабуктар Абстул ном мебурданд, дар клуби шабона виски нӯшида, кокаин бўида, дар хотима шомпон нўшид, ҳарчанд Аллоҳи зикркардаамон ин ҳамаро қатъиян манъ кардааст. Хайр, ҳама медонанд, ки Абстул вискиро дӯст медорад, ин дафъа сифати кокаин баланд буд, шомпон — шароби ҳақиқии фаронсавӣ буд, вай ҳатто дар супермаркет ҳаваси мухлисро ба худ мекашад, чӣ расад ба маркази дилхушӣ... Аммо чаро пеш аз нишастан паси чанбараки мошин инҳоро истеъмол кард?! Ҳеҷ намефаҳмам. Аниқтараш, фикр дорам, ки медонам, аммо инро ба шумо шарҳ дода наметавонам. Медонед, ба вай мумкин аст. Ба ў, Абстул, мумкин аст дар ҳолати мастӣ дар хати меҳварӣ мошинро идора кунад. Фақат пурсед, ки чаро дар хати меҳварӣ, вақте роҳ тамоман холист, бо суръати саду шаст километр дар як соат ва бо чароғҳои дурахшанда меравад? Чунки ҳаёт чунин сохта шудааст, барои ӯ ва дӯстони ў мутобиқ карда шудааст, вале на барои шумо. Ва чаро шумо ин қадар ба ман мечаспед? Ва Аллоҳ, ки дар омади гап, барои ҳама Худои ягона аст, ба он кор надорад. Абстул хост — нўшид; хост — нашъаро бӯйид, хост — зебосанамҳои тақдимкардаи Володяро оғӯш кард ва хост — ба мошин нишасту рафт. Ва агар шумо ҳеҷ гоҳ дар ҳолати мастӣ паси рули мошин нанишаста бошед, нашъаро танҳо дар филмҳо дида бошед, дуруст, ин ба шумо лозим нест. Ва биёед, ором шавед.

Дуруст.

Пас давом медиҳем.

Ҷип дар хати меҳварӣ медавид, чароғҳои фаровони шаби Маскав дар паҳлуҳо ва болои роҳ медурахшиданд ва Руслани бечора бо боварӣ (биёед, ҳаққи гапро гўем), дилпурона чанбари мошинро идора намуда, ғанаб мекард, каме бедор шуда, куҷо рафтанашро ба ёд меоварду боз хобаш мебурд ва мошини азим худаш дартоз мерафт...

Ногоҳ Абстул ҳис кард, ки ў танҳо нест, касе ўро назора мекунад, гуё чашмаки дари ҳуҷраи маҳбас бесадо боз мешавад.

Абстул аввал ба тарафи рост нигарист — ҳеҷ кас нест, курсии мусофирншини чармин, болотар аз он тирезаи паҳлударии шишааш сахт сиёҳкарда, дар паси шиша хиёбони холӣ.

Пас, Абстул ба тарафи чап нигаристу онро дид. Вай як намуди мошине буд, ки ронандагони мо маъмулан «пассат» ё «анбор» меномиданд. Дар Аврупо онҳоро оилаҳои серфарзанд дӯст медоштанд, дар кишвари мо асосан соҳибкороне, ки санади шахси ҳуқуқӣ буданро надошта, танҳо дар бозорҳои либос ҳар гуна колои кўҳнаро мефурӯшанд. Дар ин намуд мошинҳо кашондани бори зиёд осон аст. Ин намунаи мошин, ки Абстулхонов Руслан дар тарафи чапаш дид, пас аз тақрибан даҳ соли дигар дар Олмон истеҳсол нашуданаш дар Русия маъмултарин мошини мардумӣ гашт.

«Бад не, — аз дил гузаронд Абстул, — ман бо суръати яксаду шаст меравам, вай ҳам саду шаст, ман аз хати ҷудокунанда меравам, вай аз хатти муқобил меравад, чӣ хел «анбори лох» бо суръати яксаду шаст мераваду аз ментҳо наметарсад ва чӣ тавр ин «эзорсурхак» камонаки равоқи пулро мегузарад, ки то вай як километр камтар мондааст, ҷин занад!

Яъне, албатта, вай дар ин бора чизе фикр намекард, танҳо фикр мекард: «О бало-е!», дурусттараш, ҳатман чунин не, аммо... Умуман, дар ин ҷо барои равшан кардани калимаҳо вақт нест. Чунки сояи империалистии Тоқи Нусрат аллакай наздик мешавад.

Абстул чанбаракро сахттар ба даст гирифта, ба тарафи рост, ба хатти қонунӣ медарояд, аз назди ҳайкали ёдгорӣ гузашта, ба оинаи чап менигарад ва мунтазир мешвавад, ки чун дар филми амрикой салто — муаллақ зада чаппагардон шудани мошини «сарой»-и ҳамшафатро бинад ва садои соишхўрии резин ва зарбаи оҳанро мешунавад. Вале чизе намебинад ва намешунавад. Аз паси роҳи торику холӣ, дар осмони тира танҳо чароғаки эълонҳо дар осмони торик бо нури пўсида медурахшанд ва танҳо суруди дилнишини радиои хубе, ки Ҷип ҳамеша ба он пайваст аст, баланд мегардад. Абстул бошад, сарашро андак ҷунбонда, ниҳоят, ҳушёр гашта, суръатро андак суст мекунад, зеро пас аз лаҳзае ба роҳи Рублёвка мегардад ва пас аз ним соат ба хона, ё, чунон ки мегўянд, коттеҷ мерасад ва онҷо мошинро нигоҳ медорад. Ҳоло ошёнаи якум қариб омода аст, дар онҷо оилаи Абстулхоновҳо зиндагӣ мекунанд ва то тобистон бригадаи сохтмончиён ҳама корро ба анҷом мерасонад. Хонаи Руслан Иванович аз манзили ҳамсояҳо, ки ҳатто аз рӯи ин шоҳроҳ соҳибэҳтиром буданашон маълум аст, пасттар намешавад. Ва баъд мумкин аст дигар бародаронашро оварда, нуқтаҳои муҳимро ишғол кунанд, аммо барои худаш вақти он расидааст, ки ягон чизи оромтар, масалан, ҳамчун Володичка маркази дилхушӣ кушояд ва баъд...

Дигар ҳатто сарашро нагардонда, зуд он «сарой»-и лаънатиро дид. Акнун харобаи зангзада дар тарафи рост, паҳлӯ ба паҳлӯ бо суръат мерафт ва пеш аз гардиш иваз кардани хатҳоро душвор мегардонд. «Вой, — боз чунин фикр кард Абстул, — суръати саду чил мезанам, вай саду чил мезанад, умуман, ин лаънатӣ чӣ хел аз тарафи чап ба рост гузашта бошад?!».

Ба ин савол ҳам мисли саволҳои пештара посух наёфт ва ёфта ҳам наметавонист, зеро дар сонияи наздиктарин он чиро дид ва аз ҳуш рафт, ки дар поён муфассал баён мешавад.

Дохили салони мошини шафат, ки суръатро суст накарда, аз тарафи рости ҷип парвоз мекард, на бо чароги ниммурдаи одии шифт, балки бо нурафкани дурахшони болои сар мунаввар мегардид. Дар рўшноии вай ронанда ва мусофирони мошини лаънатӣ баръало намоён шуданд. Либоси ҳамаи онҳо муқаррарӣ: нимтанаи чармии сиёҳ ва кулоҳи бофтаи сиёҳ. Аммо дар байни гиребони куртаю кулоҳҳо шаҳрванди аллакай гирифтори бемории рӯҳӣ Абстулхонов Р. И. чеҳраҳои гандумгунро бо риши мудгаштаи этникӣ надид, ки эҳтимолан онҳо буданд; рўйҳои ба таври носолим фарбеҳи рангпарида ва гардани ғафси хоси вазнбардорони миллати машҳури унвондорро ҳам надид, ки номатлуб, вале фаҳмо мебуд; на башараи масти бемаънии наврасони то мурдана нўшидаву бангкашида, ки нафратовар ва хатарнок мебуд; ҳатто на афти милисаҳои дар бар либоси шаҳрвандӣ бо расмиятчигӣ, ғурур ва тамаъхоҳӣ, ки ғайр аз талаф шудани пули ночиз ягон мушкилие пеш намеоварданд. Не, он бадбахт ин хел касонро надид!

Дар мошини аз оташи кабуд дурахшанда косахонаи хокистарранги сарҳоро дид, ки бо дандонҳои дарози каҷ механдиданд, устухонҳои борики банди дастҳо аз остинҳои чармӣ берун баромада, буғумҳои зарди бараҳнаи ҳамвору ҷилодор дар сари чанбарак мехобиданд.

«Ҳоло ман ба инҳо нишон медиҳам», — аблаҳона аз дил гузаронд Абстул ва бо кафи мӯзаи дарози итолиёвиаш педалро зер кард, муҳаррики таҷрибадор ба кор даромад ва ў дарҳол пеши хазандаи дўзахиро заргарона бурида, бо суръат пеш рафт. Дар оинаҳо — дар тарафи рост ва чап ва дар боло — холигии сиёҳ пайдо шуд. «Онҳо дар минтақаи марг монданд, девонаҳо», — ин дафъа комилан мантиқӣ қарор дод Абстул ва бо овози баланд хандид ва хандаи ӯ, сарфи назар аз он ки тирезаҳои мошинаш сахт баста буданд, дар тамоми хиёбон садо дод.

1

Хандаи девонавораш парвоз карда рафт болои хонаҳои баобрўйи сохтмонҳои миқёсан васеъ, ки тирезаҳояшон аллакай нав шуда, чорчўбаи сафед доштанд ва якҷоя бо табақчаҳои телевизиони моҳвораӣ аз тағйирот дар ҷамъияти мо — иваз шудани элитаҳо — баргузидаҳо гувоҳӣ медоданд; аз болои дӯконҳо ва тарабхонаҳои гаронбаҳои таомҳои ҷопонию итолиёӣ, ки дар яке аз онҳо Абстул боре дар зери тирборони автомат афтода буд, аммо ҳеҷ чиз нашуд, танҳо пешониаш аз пораи паридаи сутунчаи майкада харош ёфта буд; дар болои манзили баландошёнаи яккачинҳои ҷомеа, ки то осмони дастнораси Маскав сар афрохтаанд. Ва дар он ҷо абрҳо дар ҷояшон истода, шабонгоҳ тираву ноаён, рўзона дудмонанди нуқрагӣ, субҳу шом заррину бунафш гашта, парвоз мекунанд, менишинанд ва ҷонҳои мо дар болои ин абрҳо нишаста, ба поён нигоҳ мекунанд, ки мо то ҳол бо шӯру ғавғои ҷисмонӣ сару кор дорем ва ҳайрон мешаванд, ки оё вақти он нарасидааст, ки аз боло ба ҳама чиз туф кунанду ва аз мо абадӣ ҷудо шуда, ба ҷои баландтар, ба қабатҳои нодир парвоз кунанд... Ва бисёре аз сокинони хиёбони Кутузов, ки ҳанӯз хоб накардаанд, бо шароб таъом мехӯрданд, ё ба барномаҳои телевизионӣ таслим шудаанд, ё дар ҳалқаи дӯстон сӯҳбат мекарданд, ё овораи ишқи пурсўзу гудоз буданд, ин хандаи ваҳшиёнаро шуниданд, аммо баъзеҳо онро акси садои як таркиши оддӣ, баъзеҳо доду фарёди диҷей — барандаи маҳфиле медонистанд, ки аз девори кадом маркази дилхушие бармеомад ва онҳое, ки аллакай хоб буданд, қарор доданд, ки хоб мебинанд.

Айни замон, Руслан аллакай мошинро ба самти Рублёвка гардонд ва рост ба роҳи ҳалқаи Маскав медаромад, сигор кашида, чашми чапашро аз сўзиши дуди он мепўшид ва ақл оҳиста-оҳиста қул-қулкунону шалаппосзанон аз фазои атроф, ки дар он ҷо меистод, бо қатраҳои хурд, ба сари бечорааш нишастан гирифт. Агар ҳамааш дар ҳамин ҷо ба охир мерасид, шояд то субҳ ба ҷуз махмурии муқаррарӣ ягон оқибати дигар ба вуҷуд намеомад.

Аммо, «аробаи шайтон», чунон ки интизор мерафт, боз пайдо шуд. Тасаввур карда метавонед, ки дар он ҷо агар мо мебудем, дар як ҷипи ба ҳалокат махкумшуда... Худоё, тамоми муқаддасот, руҳ-ул-қуддус, қудрати салиб, моро наҷот диҳед ва дар паноҳатон нигоҳ доред!

Мошини лаънатӣ пешопеш мерафт, гўё ки чунин лозим буд. Passat-и солҳои 90-ум аз Land Cruiser-и нав бо суръати 150 пештар гузашт.

Ва боз равшан шуд, гўё барқи дарозмуддат салонро бо мурдагонаш аён намуд. Ду нафари дар курсии қафо нишаста аз тирезаҳои ду тараф баромада, ба қафо гаштанд ва косахонаҳои сар чун ҳалқаҳо саду ҳаштод дараҷа тоб хўрданд, бадқасдона заҳрханда карда, ба Абстулхонов бо сӯрохиҳои сиёҳи бетаг нигаристанд ва яке аз онҳо, бо шӯхӣ, устухонҳои панҷаашро қаноатмандона ҷунбонд, ба ин маънӣ, ки пеш ой, бача, аз мо гузар, чаро дар қафои мо мондӣ?..

Педал зери пои қавӣ бо фарш баробар шуд, ҷип пеш давид, мошини маргро гузашт ва охирин чизе, ки Р. И. Абстулхонов, соли таваллудаш 1978, зодаи шаҳри Налчик пай бурд, ба ҷойи рақамҳои сафедфоми бағоҷдони ҳариф ду ҳарфи хориҷии NL буд. Вай ба ў нофаҳмо буд, вале ба бисёриҳо маълум аст, ки маънои «Нидерланд», яъне «Ҳолланд»-ро дорад.

Баъд чӣ шуд? Маълум аст, ки Ҷип суръатро суст накарда, ба пояи оҳании гузаргоҳи пиёдагард бархӯрд, онро қисман хароб кард ва худаш ба партов, ба як тўда филизоти пачақу пора-пора, ба як даҳшати шабона табдил ёфт. Ба ғайр аз Абстулхонов, ки аллакай ба мо маълум гашт, ягон қурбонӣ набуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ суръати дар ин қитъаи шоҳроҳи Рублев муайяншударо зиёд карда, нақлиётро идора карда натавониста, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти махсус ҷасади марҳумро аз мошинаш ҷудо карданд, аммо на онҳо ва на кормандони БДА муайян карда натавонистанд, ки аз кадом қисми автомашинаи «Ланд Крузер» ашёе берун ҷастааст, ки аз синаи ҷабрдида гузашта, дилашро сӯрох карда, аз таги китфи чап баромада, ба курсии чармии қафо даромадааст. Мисли он, ки табиатшиноси ҷавони бераҳм шабпараки асирафтодаро ба дафтар мечаспонад, ҷасад ҳам ба мошин часпида мондааст... Ин ашё сихи рости дарозиаш қариб як метр буд, ки аз чӯби ҳамвори навъи номаълум сохта шуда, дар як нӯгаш филизи тези секунҷа ва дар канори дигараш чанд пари кӯтоҳи парранда ҳам дошт.

Яке аз нозирони роҳ тахмин кард, ки бо ин объект ҳанўз пеш аз фалокат куштор сурат гирифтааст, шояд сар задани фалокат оқибати кори ҷиноятӣ дониста шавад ва эҳтимол, гурўҳи таъйиноти махсусро даъват кардан лозим аст. Вале сардор бо мазаммат рад карда гуфт:

— Ту, аблаҳ, бас кун дар ин ҷо ҳарзагўиро. Магар аз он дунё омада хунашро рехтанд, ё чӣ? Тирро ба ман деҳ, биникашол, ва бо кор машғул шав, мошинбарро занг зан, набошад то саҳар дар ин ҷо офтоб мехўрем. Саҳарӣ кортежҳо ба шаҳр рафта, ин Формула — 1-ро бинанд, ҳоламон чатоқ намешавад? Ба назарам, фаҳмидӣ, ё не»?

Ва сихи аз торикӣ ирсолшударо гирифт ва он дар ягон ҳуҷҷат сабт нашуд.

Вале дар чорроҳаи шоҳроҳи Рублев бо роҳи ҳалқаи Маскав корманди Бунёди давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ, лейтенанти калони милитсия Н. П. Профосов, ки дар он ҷо навбатдор буд, тақрибан дар соати бисту сею понздаҳ дақиқаи ҳамон шом як намуди Volkswagen Passat-ро мушоҳида кард, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард. Нозир рақамҳои давлатии онро дуруст дида натавонист, чунки нури баланди чароғи кабудтоби аз дохили мошин баромада чашмашро бурд, аммо бо ҳамон рӯшноӣ пай бурд, ки дохили салони мошин комилан холӣ аст, яъне аслан ронанда нест.

Лейтенанти калон аз рўи одати дар хидмати шоҳроҳи давлатӣ пайдо кардааш ба ин мошини бечунучаро махсус саломи низомӣ доданӣ шуд, дасташро ба чакаи сараш бурд, вале баъд ба худ омада, ҳаракати дасташро дар остини ғафси курткаи зимистона бо душворӣ тағйир дода, салиб кашид. Мошини холӣ ба сӯи ҷанҷолҳо, гамбусакҳо, теппаҳои сершумор равон шуд ва танҳо баъди панҷ дақиқа, аз он ҷое, ки нури кабуди мошин чашмак зада дур мегашт, як чизи мудавваре, ба андозаи харбузаи на чандон калон ғелида, назди пойҳои Николай Петрович Профосов омад. Коля хам шуда, хост онро аз наздик дида таҳқиқ намояд ва косахонаи сарро дид, ки дар болояш рахи риштамонанди пайвастҳои нодири устухонҳои он намоён буд, дандонҳои калон дошт, ки яке аз онҳо пломбаи******** куҳна дошта, бо шарораи тиллоранг дурахшид, ҷойи холигии чашмон ва секунҷаи холии биниаш пурасрор буд. Милиса муддате хам шуда истод, ҳанӯз мекўшид ҳушашро гум накунад, вале баъд аз самти шимолу ғарб устухони густурдаи дасти одам омада, бо устухонҳои сахт ба пушти сараш, рост дар зери гӯшаки телпакаш зад. Аз ин зарба марди зарбхўрда бо бинияш ба барф афтод, чорпоя шуд ва ним дақиқа ҳамин тавр истод, баъд оҳиста-оҳиста ба як тараф афтода, пойҳояшро ба шикамаш часпонда, шакли ҷанинро гирифт. Косахонаи сар ва устухонҳо якбора титупит шуда ба хок табдил ёфтанд.

Сарнавишти ин мард баъд чӣ тавр сурат гирифт, маълум нест. Яъне аз кор дар мақомот мураххас шуд, ин бешубҳа, аниқ аст, чунки ба нобоварии ҳамкоронаш ба қиссаи ў тоқат карда натавонист ва касе дақиқан намедонад, ки баъдан дар куҷо кор гирифт ва ҳоло чӣ гуна умр ба сар мебарад. Овозаҳо буданд, ки баъзан шабҳои равшани моҳтоб дар ҳамон ҷое, ки руҳи Профосов мурдааст, нозири ГАИ пайдо мешавад, ки аз ў нури кабуд мебарояд ва дар дасташ ба ҷои чӯби рахдор як устухони соқ дорад, аммо ин, албатта, сафсата аст. Кӣ иҷозат додааст, ки нозирони роҳ дар чунин шоҳроҳи махсусан ҳассос истанд?

Аммо «пассат»-и нопокро бисёриҳо дар ҷойҳои гуногун дидаанд, ки ба он шубҳае нест. Баъзеҳо ҳатто зинда монданд ва таассуроти онҳо мустақиман дастраси мо гардид, на тавассути тахайюлоти бадеии мо, мисли андешаҳо ва эҳсосоти марҳум Руслан Абстулхонов.

Мисол, як пагоҳии барвақти тару тозатарини моҳи июль дар қад-қади хиёбони Ленинград, ки пас аз борони шабона хушк мешуд, он мошини даҳшатангез хеле суст ҳаракат мекард.

Дар ҳамон шоҳроҳи Маскав, ки бо тамбашавӣ машҳур буда, фақат пеш аз субҳдам холӣ мегашт, бонуи ҷавони қашанг бо мошини «Peugeot 206» мерафт. Он вақт, ҳатто имрўз ҳам номаш Олеся Грунт аст, фақат бо насаби шавҳари якумаш, насаби духтариаш, албатта, Теребилко* буд.

Тақрибан шаш сол пеш вай аз шаҳри курортии Феодосия ба пойтахти Русия омад, муддате бидуни сабти ном, манзил ва кор зиста, тангдастӣ мекашид, либосро аз бозорҳои либоси арзон мехарид, бо кадом роҳе дар марказҳои дилхушии шабона ғизо мехӯрд. Дар омади гап, вай ба назди Володичка Трофимер низ ташриф овард. Ин воқеан, ҳамин тавр аст, то ба шумо хотиррасон кунад, ки ҷаҳон чӣ қадар хурд аст ва доираи одамони машҳур то чӣ андоза маҳдуд. Аммо дере нагузашта, ў бо сармоядори ҷавон Борис Матвеевич Грунт вохӯрд, ки ҳамон вақт роҳи ҳаёташро аз котиби комитети комсомолии институт оғоз намуда, сипас ба ҳайати миллионерхо гузаштааст ва ба шавҳар баромад. Кӯдак, худоро шукр, таваллуд накарданд ва Грунт баъд аз якуним сол аз Олга ҷудо шуда ба ӯ насаб, як хонаи чорҳуҷрагии нағзтаъмиршудаи муҷаҳҳаз дар Усиевич монд, ки аз пайвастшавии ду хонаи собиқ ходимони фарҳанг ҳосил шудааст. Ба ў ба ҷои «Олга Митрофановна»-и аслӣ номи дилпазири «Олеся» ва каме маблағ монд. Худи Боря муддате дар тафтишот ва қазияи судӣ буд, боре башарааш дар экрани телевизион пайдо шуд, сипас дар музофоти Каталонияи Испания маскан гирифт. Иқлими он ҷо воқеан хуб аст. Ва Олеся боз ба маҳфилҳо мерафт, ҳоло на барои таъом, балки барои хушнудии худ. Ва сазовори эҳтиром гашта, дар байни дӯстони мардаш муваффақияти калон пайдо кард. Унвони «бой-френд» — гулписар барои мо нафратовар аст. Он дўстони асил ҳар сари чанд вақт ба таври бемайлон иваз мешуд ва ҳар кадом ба Олеся хотираи неки худро боқӣ мегузошт: касе дар шакли ҳалқаи дурдона, воқеан хеле зебо, гап дар қиръот нест; каси дигар дар сурати пўстини албатта гаронбаҳо, аммо муҳимтараш хеле гарм ва сабук, тавре ки ба пўсти заргўш хос аст, ҳарчанд бо гулобии мўд ранг карда шудааст; яке танҳо корти платинавии яке аз сохторҳои маъмули пардохтӣ тўҳфа намуд... Дар ҷараёни ин рушди ҳаёт як ҷаноб ҳам дар муддати кӯтоҳе пайдо шуд, ки дар ҳолномаи ин зани дунявӣ як мошини сабуки сабзи муди дар боло зикршудаи Peugeot-206-ро навишт ва бо он Олеся Грунт дар он субҳи тақдирсоз, бо истифода аз роҳҳои холӣ, ки чанд бор барои боло кардани малакаи ронандагии оянда истифода бурдааст, машқи мошин ронданро идома дод.

2

Маҳз ана ҳамин вақт фиристодаи чорчархаи Inferno пайдо шуд.

Олеся суръатро зиёд накарда ва диққаташро аз идораи мошин наканда, яъне беҷуръатона, вале бо ғайрати тамом дар як соат бист километр ҳаракат карда, то сафед шудани буғумҳояш сахт ба чанбарак часпида, ба тарафи чап нимнигоҳ кард. Дар шафаташ як мошини калони хокистарранг мегашт, ки тамғаи онро, албатта, муайян накард, аммо пай бурд, ки якум, ин як мошини навъи навест, ки дар зодгоҳаш Қрим онро «пикап» меномиданд ва аз ҷониби як ҳамсояи сарватмандаш барои интиқоли тамоми оила бо мурғҳояшон истифода мегашт — қафасҳоро дар паси курсиҳо мегузошт; дуюм, мошин комилан шалақ ва зангзада аст, тамоми дарзҳо ва канораҳои болояш пӯсида буданд ва сеюм, тирезаҳояш комилан сиёҳ буда, гӯё ба як тарзи ғайритабиӣ ранг карда шуда буданд, ки қаблан надида буд.

«Ҳмм, — аз дил гузаронд Олеся, — чӣ хел мошин».

Ва дарҳол, гӯё касе шавқи ӯро фаҳмида бошад, тирезаи рости пеши мошини шайтонӣ — албатта, худи он буд — поён фаромад.

Олеся ин ҳаракатро бо гӯшаи чашмаш пай бурда, боз ба чап назар кард ва баъд қариб дар як вақт чанд амалеро анҷом дод, ки ҳар яки он зани ҳақиқӣ буданашро ифшо мекард, бигузор ҳатто зиндагии сахти Маскав ӯро рӯҳафтода карда бошад ҳам, ҳатто агар дӯстонаш гумон доштанд (ва то ҳол чунин фикр доранд), ки Оля хунсард ва манфиатҷў аст. Вай пеш аз ҳама, бо овози наҳифтарин, ки барояш имконпазир гашт, танҳо «и-и-и!» гуфта дод зад. Айни замон пойи худро ба аввалин педали ростомада зер кард. Бо ин амал техникаи бадбахти фаронсавиро водор кард, ки мисли кенгуру ба пеш ҷаҳад, аммо дарҳол истад, зеро муҳаррик аз кор монд. Ронанда аллакай педали дигар — тормозро пахш кард. Ва, албатта, чашмонашро пўшид.

Зан чиро дид: дар паси шишаи поиншуда дохили мошини муқаррарӣ бо рўшноии субҳи хокистаррангу бунафш аён нашуд, балки дар он ҷо, дар кабина як фазои беохири зулмот, гуё тамоми сиёҳии ҷаҳон ҷойгир гашта буд. Оинаҳо шаффофи муқаррарӣ буданд, вале дар паси шиша ҷаҳони зеризаминӣ оғоз меёфт. Ва аз ин дӯзахи сайёр ба Оля Теребилкои бадбахт косахонаи бе бинӣ нигарист, дандонҳояшро гиз кард ва бо нигоҳи холӣ ба дом кашид.

Бечора, зани бадбахт! Ин даҳшатро тасаввур кунед: субҳ — субҳи муқаррарӣ, ҳатто зебо, маркази Маскав аст дар маҳаллаи «Аэровокзал», дар пеш фақат хушиҳо интизоранд, ҳанӯз каме, тақрибан сӣ соли шодӣ ҳаст — ва ногаҳон торикию марг... Оҳ, Худовандо, нагузор ҷавонмарг шавам!

Ва ҳангоме ки Олеся Грунт, ниҳоят, чашмонашро кушод, хиёбони Ленинград холӣ ва тоза буд ва аз мошини арвоҳ осоре надид. Мошини Олеся ба монеаи ҳошияи роҳ бархўрда буд. Аз чӣ сабаб бошад, бонги хатари вай нола мекард, дастони ба чанбарак часпондааш майда-майда меларзиданд, дар атроф ягон кас набуд.

Хайр, чӣ? Асабоният ба сари худаш, аммо, ана, дар партовгоҳи халтачааш телефон ёфт шуд, бо охирин қувваташ рақами дӯсти вафодортаринашро ёфта, ба ў занг зад. Ҳаққи гап, дарҳол, як корвон — «Ауди»-и пурқувват, посбонҳо дар «гелендваген», шитобон расида омад. «Пежо», умуман, заррае зарар надида ба таваққуфгоҳ рафт, соҳибаи онро бошад, пас аз ҳамагӣ як-ду соат рўҳуравоншиноси аълодараҷа дар гаронарзиштарин клиникаи тиббӣ муоина карда, ба ӯ доруҳои таскинбахш, молиш, реҷаи умумии мустаҳкамкунандаи бадан таъйин намуд. Сипас Олеся ба кӯҳҳои Швейтсария рафт, аз он ҷо ба ҷазираи ноороми Ибитса рафт ва дар он ҷо комилан дилхушӣ карда, рўйдод бо арвоҳро чун хоби даҳшатнок қариб фаромӯш кард. Мавсими тирамоҳ, гӯё ҳеҷ чиз рӯй надода бошад, баргашт ва ҳоло танҳо ороишгари стилист бо мӯи комилан сафедгаштааш мушкилоти иловагӣ дорад. Ў дар аввал муддати тӯлонӣ дар ҳайрат буд, ки оё дар ин робита тағйир додани симои ҷавонзан зарур аст? Аммо баъд ӯ рангҳои одиро интихоб кард — албатта, аз ҳама самаранокашро, тамом, вассалом.

Ва он дӯсташ, ки дар лаҳзаи душвор ба кӯмакаш омада буд, аз рӯи кунҷковӣ, дар омади гап, тавассути каналҳои алоқаи худӣ, аз тамоми садамаҳои нақлиётӣ, ҳатто аз хурдтаринаш, ки он субҳи даҳшатбор рух додааст, огоҳ шуд. Ва ў фаҳмид, ки тақрибан ҳафт дақиқа пас аз он ки Олеся ба худ омада, бо телефон кӯмак пурсид, ҳайати яке аз мошинҳои патрулии пулиси роҳ, ки ҳеҷ гоҳ хоб намекард, як намуди хокистарии «Volkswagen Passat»-ро маълум кард, ки дар миёнаи хиёбони Ленинград дар назди истгоҳи метрои Сокол, пеш аз расидан ба шоҳроҳҳои Волоколамск ва Ленинград, оҳиста-оҳиста мелағжад.

Ин мошини кӯҳнаи ба назар маъмулӣ аз чӣ ҷиҳате таваҷҷуҳи милисаҳои ҳушёрро ба худ ҷалб кард, ба вай расида гирифтан кори мушкил набуд, чунки мошини вазнин, гӯё дар хоб бошад, бо суръати на бештар аз чил километр дар як соат мехазид. Ҳайати патрул дар тарафи чапи он қарор гирифт ва дид, ки ҳама тирезаҳои «пассат» паст карда шуда, салон тамоман холист. Мардони ҷиддию ботаҷриба ба даҳшат ва асабонияти ҳадди ҷунунӣ наафтоданд, танҳо гумон карданд, ки кадом «чойнике»** кашидани тормози дастиро фаромўш кардааст: мошин ба ҳаракат даромад, дар нишебихо суръат гирифт, хуб аст, ки роҳ ҳануз холист, мошин касеро пахш накард. Онҳо дарҳол мошини техникии мошинбарро даъват карданд, ки мошинашонро дар хати ҳаракат чаппа гузоранд, то фирориро боздоранд ва худашон таъқибро давом дода, аз мошинҳои гаронбаҳои роҳгузар бо баландгўяк талаб мекарданд, ки худро ба тарафи рост гиранд. Онҳо хостанд, ки барои вақтро беҳуда сарф накардан тавассути алоқаи дохилии худ рақамҳои онро ирсол кунанд ва ҷустуҷӯи он дар миқёси калон сурат гирад, аммо баъд пай бурданд, ки он мошин рақам надорад, танҳо як тамға бо ҳарфҳои NL мавҷуд аст, ки ҳеҷ маъно надорад. Шояд мошин як бор дар Шоҳигарии Нидерланд, яъне дар Ҳолланд ба қайд гирифта шудааст.

Баъд яке аз бофарҳангтарин корманд, ки зоҳиран ҳатто донишҷӯи факултаи шабонаи ҳуқуқшиносӣ буд, қуръаи даҳшатбор кашида, сухани сарнавиштсоз гуфт:

— Ҳоло ист, ҳолландии занондагӣ! — ў маҳз чунин гуфт.

Ҳамон замон «пассат»-и ҷодушуда нопадид гашт, дар ҷои он танҳо як тудаи реги хокистарранг боқӣ монд ва онро ҳам дар як лаҳза шамол рўфта бурд.

Мошини патрулӣ низ ғайб зад. Вай то ҳол ҷустуҷӯ мешавад ва инчунин тамоми ҳайати он низ.

Ва дӯсти Олеся Грунт ҳам нопадид шуд, зоҳиран ӯ ба Англия рафта, дар Лондон, дар минтақаи Ҳайгейт манзили хубе харида, бо оила ва дӯстонаш зиндагӣ мекунад, аммо эҳтимол дорад, ки ӯ дар онҷо ҳам набошад.

Ва худи Олеся Грунт муддати тӯлонист, ки дар ягон ҷо ба дидаҳо барнахўрдааст, ў ҳатто дар намоишҳои «Ҳафтаи мӯди баланд» ширкат накард, ҳол он ки солҳои қаблӣ, бешубҳа, ба он ҳатман ташриф меовард. Не, дугонаҳояш аз сарнавишти ў ягон хавф надоранд, гуё вазъияташ муътадил аст, аммо вай дар куҷост?

Ва он Volkswagen, лаънат бод бар вай, ҳарчанд, ҳатто бе хоҳиши мо вай, албатта, лаънатзада аст, дигар нест.

Ё вуҷуд дорад?

Шайтон медонад.

Сиёсатмадори маъруф Н., фамилияашро намегӯем, чунки ў кайҳо боз дар саросари кишвар машҳур аст, як рўз ба саробўстонаш мерафт. Сиёсатмадори бузурге буд, шояд шумо ӯро мешиносед, борҳо дар телевизион дида, суханрониашро шунидаед. Инак, ў қад-қади шоҳроҳи Минск ба бўстонсарояш мерафт, ки дар он ҷо манзили хуби сеошёна, ним гектар замин, камин — оташдони деворӣ, ҳавзи шиноварӣ, боз чанд чизи аҷоиби дигар дорад. Ягона далел он аст, ки ҳамаи ин чизҳо аз пули барои лексия дар донишгоҳҳои ғарбӣ пардохта шудааст. Дар эъломия чунин нишон дода шудааст. Хайр, ба бўстонсарой рафт, вале то он ҷо нарасид. Гўё касе дидааст, ки мошини давлатии истеҳсоли заводҳои автомобилсозии Баварияро як мошини шалақи хокистарранги «пассат» гузашта, пеши онро гирифта, фукашро занондааст ва бо ҳамин сиёсати сиёсатмадор хотима ёфт.

Ба мошини шалақ ҳеҷ чиз нашуд, аммо бренди нави «BMW» ба оҳанпораҳо табдил ёфт.

Ва ба таври ким-чи хел аҷиб, оё тасаввур карда метавонед? — Канори сарпӯши бағоҷ парида, сари Н-ро буридааст.

Ва аз мошини гангстерҳо — ниҳоят, хулосае бармеояд, ки вай ҳамон «пассат» буд — скелетҳо берун шуда, рост дар шоҳроҳ, яке аз беҳтарин каллаҳои Руссияро пой заданд. Футбол, бало занад!

Дарвоқеъ, ин сафсата боварибахш нест. Хуб, ин дар нимаи рӯзи равшани шанбе, дар шоҳроҳи серҳаракати Минск то кадом андоза имконпазир аст?..

Ва аз ҷониби дигар, Н аз байн рафт... Вай аз сиёсат рафт ва ҳоло дар куҷост, чӣ кор мекунад — маълум нест. Ё дар кадом як шӯрои маъмурон, ё дар аёлати Висконсин барои донишҷӯёни донишгоҳҳо дарси асосҳои демократияро мехонад... Ва баъзеҳо иддао доранд, ки ӯ дар Исроил бемории норасоии масунияти баданро, ки дар тӯли солҳои зиёд бо фаъолияти сиёсӣ машғул шуданаш ба даст овардааст, муолиҷа мекунад ва аллакай дар ҳолати рў ба беҳбудӣ аст... Ҳеҷ чизро фаҳмида намешавад, ба ҷуз яктояш — ў аз байни мо рафт.

Ва он рўзҳо дар Маскав як ҷавони машҳури дорои қобилиятҳои ҳамаҷониба, исмаш Тимофей Болконский буд. Кӣ медонад, ў аз авлоди кадом Болконскийҳо мешавад, кӣ медонад, шояд бевосита аз китоби Л. Аммо, ба назар чунин мерасад, ки падараш, умуман Балконӣ буд, аз «айвон»... Тимофей ҳамчун клипсози бомаҳорат, стратеги сиёсӣ, соҳиби тарабхона ва устоди варзиши экстремалӣ машҳур шуд — вай нишебиҳоро дар кӯҳҳои Алп бурида мегузашт, бо сар ба уқёнуси Ҳинд фурў мерафт ва ҳар рӯз ҳамту, ба таври одӣ, бо мотосикл мерафт — саҳар аз хона ба студия, бегоҳ аз тарабхона ба хона сафар мекард. Оилаи калони серфарзанд дошт, ки ҳамроҳашон барои маҷаллаҳои маишии хонагӣ аксбардорӣ мекард, як дӯсти дилсӯз ҳам дошт, ки онҳоро муносибатҳои ҳақиқии нарми мардона ба ҳам мепайваст, бо он дӯсташ Тимофей барои дигар маҷаллаҳо аксбардорӣ мекард.

3

Умуман, ҳама чиз хуб буд.

Аммо вақташ расид — Тимотиюс ҳам аз арвоҳи роҳ зарар дид.

Савори мототсикл мерафт, шамоли озодӣ сари тарошидаашро хунук мекард. Чунонеки дар доираҳои муносиб мегўянд, дар сари тарошида меню — рўйхати нави таъомҳои ватандӯстонаи замонавии тарабхонаҳои зеритоаташон ташаккул меёфт: тос-моҳии хушк, питса бо гўшти модагавазн, карамшўрбои турши ҳаррўза... Ва ногаҳон дар наздикиаш мошин пайдо мешавад, аз тирезаи он косахонаи сар, скелет берун мебарояд ва устухони гирои дасташро ба тарафи савораи бепарво дароз карда, Тимофейро бо як бардошт аз зин мебарорад, ҷониби башараи нафратангезаш мекашад, ба шарофати суратҳо дар даричаи қуттҳои трансформатор ба ҳама шинос аст ва рост ба рӯяш, риши хурдаш, лунҷҳои хуб сайқалёфтааш, чашмони оқили дар охирин лаҳза имкон ёфта пўшондааш туф мекунад! Дандонҳои зарди нафратангезашро накушода, туф кард ҳаромӣ. Ин оби даҳон ҳам не, ноҷинс, балки зардобаи марговар аст ва ин чизи нафратовари бадбӯй ҳам дар ришу ҳам дар мижгонаш часпида овезон гашт... Чӣ тавр пас аз ин зинда мондан мумкин? Ба ман фаҳмонед, чӣ тавр?

Аммо Тимотиюс зинда монд. Вай парида рафт бо зарбаи он арвоҳи нопок, ба канори роҳ, афтиду он ҷо хобид... Чунин ба назар мерасад, ки зинда аст, бе шикаст. Вай аз ҷо бархоста, ба майсазори лучи Москва нишаст, бо остинаш ба таври одӣ рўйи худро пок кард. Мототсикл ҳанўз ҳам дар паҳлуяш мечархид ва ба асфалт соиш ёфта, шарораҳо мебаровард, вале ана, як мошини пуриқтидори ахлоткаш онро пахш карду мототсикл аз байн рафт. Тимофей Болконский аз ҷой бархеста, пиёда ба ҳар тарафе ки чашмаш менигарист, равон шуд. Гоҳ-гоҳ бо ҳар чизи ба дасташ афтода — остини чармин, домани нимтанаи гаронбаҳояш, ҳамту бо кафи даст рўяшро пок мекард, баъд кафи дасташро ба шимаш мемолид, аммо бо вуҷуди ин, ҳеҷ худро хушк карда наметавонист, бӯйи гандида ҳам аз ў ҷудо намегашт.

Тимотиюс ҳамин тавр роҳ мерафт, роҳ мерафт, вале ба ҳеҷ куҷо намерасид. Ҳама дар Маскав мутмаинанд, ки ӯ рост ба Исландия рафта дар он ҷо ба дини зардуштӣ гаравидааст, аммо барои собит сохтани ин фарзия ягон далел вуҷуд надорад. Аниқаш он, ки Болконский телефонҳои мобилии худро хомӯш кард ва танҳо як дӯсташ медонад, ки чӣ тавр бо Тимофей тамос гирад: бояд ба як муассисаи Гамбург занг мезанед ва онҳо аз он ҷо бо ў пайваст мекунанд.

Боз чандин нафар дар кўчаю хиёбонҳои Москва, инчунин дар қад-қади шоҳроҳи мошингарди вилояти Москва дар вақтҳои гуногун мошин ронда бо як мошини ҳолландӣ вохўрда, сухани дағалона, вале одилона мегуфтанд, вохўрданду ғайб заданд. Дар байни онҳо тоҷирон, кормандони васоити ахбори умум, кормандони мақомоти мунитсипалӣ ва ҳатто федеролӣ, намояндагони ниҳодҳои ҷиноӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, ходимони ҷамъиятӣ, ки ҳам маъмурияти кунунӣ ва ҳам мухолифинро дастгирӣ мекунанд, нозирони хориҷӣ, нафақахўрони низомию умумишаҳрвандӣ, бекорони муваққатӣ, москвагиҳо, муҳоҷирони қонунӣ ва ғайриқонунӣ, мардон, занон ва дигарон, ҳушёру маст, гирифтори маводи мухаддир, гирифтори бемориҳои сироятии ВИЧ, ҷавонон, пирон, миёнсолон ҳастанд.... Тамом, дигар қувваи идома додан надорам, ҷой ҳам тамом шуд.

Ду ҳолати дигарро алоҳида зикр кардан лозим: нопадид шудани мошини ҷангии пиёдагард, ки дар феҳристи яке аз дивизияҳои мустақар дар вилояти Маскав номнавис гашта буд ва рўйдод бо ронандаи таксӣ. Дар баробари ин, фавран қайд мекунем — иштироки арвоҳҳо дар ҳарду ҳолат шубҳанок аст. Дар мавриди мошини ҷангии пиёдагард: эҳтимол дорад, ки онро ҳангоми дарси омӯзиши ҷанг дар гузаргоҳи рўд ғарқ кардаанд, ё ба ягон хоҳишманд фурӯхтаанд, чунки тамоми ҳайати он зинда монда, ба ҷойи хизмат зинда, фақат масту аласт баргашт. Ва ронандаи таксӣ барои даромади хуб чордаҳ соат пайиҳам ҷонканӣ карда, дақиқан аниқ, дар сари чанбарак хобид ва ба канори роҳ баромада, хеле бо нармӣ чаппа шуд. Худоро шукр, он вақт мусофир надошт, дар истгоҳ касеро наёфта буд. Дар мавриди дукати тиллоӣ***, ки вай ба худ омада, дар бозуи баромадааш ёфт, албатта, ба баъзе фикру мулоҳизаҳо мебарад, вале аз тарафи дигар, мусофирони мо чиҳое ба хазина намегузоранд!

Умуман, хайр, бошад.

Ана, абри пасти хокистарранг дар болои уфуқ варам мекунад, нурҳои офтоб онро кафонда пора-пора мекунад, торҳои заррингуни он аз осмон то замин тўл мекашанд, гуё дар мусаввараи рассоми одии кайҳо фаромушшуда тасвир ёфтааст, ана ин ҷо шамол хеста, чарх мезанад, ҳар гуна хасу хошокро бардошта мебарад, катраҳои аввалини борон, ё барфи аввал меборад, ё шояд ҳеҷ чиз рўй надоду абрҳо ба таври ноаён об мешуданд, осмон ҳамчун филизи шуоъдиҳанда медурахшид...

Оё дар ҳақиқат аз арвоҳи нопок, ки ҳоло ҳам, албатта, дар шаҳри мо ҷой дорад, метарсем? Хуб, як мошини калони хокистарранг ба мо расида истодааст, ҳоло дар чап аст, баъд дар оинаи тарафи рост медурахшад, ба назар чунин мерасад, ки ҳамон «пассат»-и куҳна аст...

Хайр, бало ба пасаш.

Худоё, чӣ шуд? Ин чист? Чист он?!



* Теребить  — панча кашидан, ангушт расондан, афшондан; ба мӯйсар панҷа кашидан;; шилқинӣ кардан, безор кардан; кашида гирифтан, кандан.

** Чойник — лақаби каси аз техника, мисол мошин, ё компютер маълумоти кам дошта.

*** Дукат — пули қадими нуқра, баъдҳо тилло, ки дар як қатор мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ
роиҷ буд